Нақши мураббӣ дар тарбияи кӯдакон

Нақши мураббӣ дар тарбияи кӯдакон муҳим аст. Беш аз 10 сол аст, ки дар муассисаи томактабии №8-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ фаъолият дорам.

Ҳар як кӯдак ҳангоми бори аввал ба муассисаи томактабӣ омадан ба атрофиён бо тарсу ҳарос менигарад. Хулқу атвори ӯ баъди 4-5 моҳ тағйир меёбад ва ҳушёру зирак, гапдону қобил мегардад. Маҳз барои ҳамин ҳар як падару модар бояд талош намоянд, ки фарзандонашон ба таҳсилоти томактабӣ фаро гирифта шаванд. Фарқ миёни кӯдаке, ки ба боғча рафтааст, аз кӯдаке, ки дар хона тарбия мегирад, хеле зиёд аст. Кӯдаке, ки ба кӯдакистон намеравад, беҷуръату тарсончак, шармгин мешавад. Агар шеъре ҳам донад, аз шармгиниву беҷуръатӣ онро гуфта наметавонад. Аммо кӯ­даке, ки ба кӯдакистон меравад, ҳушёру доно, шеърдону сухандон мегардад, ҳамеша кӯшиш менамояд, фаъол бошад.

Бояд гуфт, ки барои бо кӯдакон ҳамеша забон ёфтан, онҳоро дар масоили гуногун розӣ кардан аз мураббӣ маҳорату кордонӣ ва дониши хуби педагогиву психологӣ тақозо мешавад. Муваффақияти мураббӣ аз муҳаббаташ ба кӯдакон манша мегирад, чунки то кӯдаконро дӯст надорем, наметавонем пешрафт намоем.

Як сабаби дигари муваффақ будан робита бо падару модарон аст. Хушбахтона, доимо бо волидон дар тамос ҳастем. Ба онҳо мефаҳмонам, ки дар тарбияи кӯдакон ҷиддӣ бошанд. Кӯшиш мекунам, ки ҳан­гоми машғулият ва бозӣ кӯдакон худашонро озод ҳис кунанд. Дар бозиҳои таълимӣ калима ва ашё, ҳаракати ашё ба кӯдак якбора пешниҳод карда мешавад, чунки бо бозӣ принсипҳои аёният дар таълим амалӣ мегарданд. Бозиҳои таълимӣ шавқовар буда, беихтиёр кӯдаконро ба дарс ҷалб менамоянд.

Кӯдакистон барои хурду калон ҷойи гуворост. Бо мавҷудияти расм­ҳои гуногуни деворҳо, ки ифодагари ҳаёту шодии кӯдаконанд, бозичаҳои аҷибу зебо, мизу курсиҳо, майдонча ва ҳавзҳои оббозӣ шавқи кӯдаконро меафзояд. Мо, мураббиён, ба кӯдакон тарзи хӯрокхӯрӣ, пӯшидани либос, тарзи рост истодан, шеър хондан, бо якдигар муносибати дуруст карданро меомӯзонем. Барои ҷалби кӯдакон ба таҳсил онҳоро ба сайру саёҳат ва иштирок дар барномаи «Донояк»-и телевизиони «Баҳористон» мебарем. Кӯдакон дар ин барнома борҳо бо фаъолияти хубашон, аз ҷумла, қироати шеъру афсона, саволу ҷавоб сазовори туҳфаҳо гардидаанд. Фикр мекунам, машғулияти сайёҳӣ барои кӯдакон аз ҳама бештар хотирмон мегузарад. Шодии хурдтаракон баъди чанд бор ба Сирки давлатӣ, театри «Лӯхтак» ва «Сайри гули лола» рафтан ҳадду канор надошт.

Насиба РАҲИМОВА,

мураббии кӯдакистони №8-и ноҳияи

Исмоили Сомонӣ