Ба таълими эҷодиёти Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ дар Барномаи таълимии синфи 9-ум ҳашт соат ҷудо гардида, аз муаллим тақозо мешавад, ки ҳар соатро дар мувофиқа ба мавзуъҳои таълимии китоби адабиёт гузарад. Зимнан, фақат ҷиҳатҳои тарбиявии ғазалҳои шоирро дар дарсҳои муосир мавриди таҳлил қарор медиҳем, ки ба омӯзгорон муфид мебошад.
Ҳангоми гузаштани мавзуи «Мероси адабии шоир» диққати аҳли синфро ба миқдори эҷодиёти Ҳофиз ҷалб менамоям, ки ҳамагӣ 495 ғазал, 5 қасида, 43 рубоӣ, 34 қитъа ва 1 маснавӣ бо номи «Соқинома»-ро бо 4650 байт дар бар мегирад. Сипас ба шогирдон мегӯям, ки чаро Ҳофиз дар ғазал ба дараҷаи пайғамбарӣ эътироф шудааст? Ҷавобҳои шогирдон гуногунанд. Баъди саволу ҷавоб мазмуни асосии ғазали
Агар он турки шерозӣ ба даст орад дили моро,
Ба холи ҳиндуяш бахшам Самарқанду Бухороро
ба шогирдон мефаҳмонам ва таъкид мекунам, ки ғазал ва ривояти мардумӣ дар ин заминаро барои дарси оянда аз бар намоянд. Ҳангоми ба таври бадеӣ хондани байти сеюми ғазали мазкур:
Фиғон, к-ин лӯлиёни шӯхи ширинкори шаҳрошӯб,
Чунон бурданд сабр аз дил, ки туркон хони яғморо
диққати хонандагонро ба ибораи «лӯлиёни шӯхи ширинкори шаҳрошӯб» ҷалб мекунам, ки мақсади шоирро хеле бамаврид ифода мекунад, чунки туркону муғулон тамоми сарвату бойигарии давлати моро монанди дуздон ба яғмо бурданд. Ба ҳамин минвол, дар фароварди таҳлили байти боло шогирдонро ба ватандӯстию худогоҳии миллӣ даъват кардан ба мақсад мувофиқ аст, зеро авзои ҳаёти сиёсии имрӯза печида аст. Сипас диққати аҳли синфро ба байти шашуми ғазал ҷалб менамоям:
Насиҳат гӯш кун, ҷоно, ки аз ҷон дӯсттар доранд
Ҷавонони саодатманд панди пири доноро.
Насиҳатҳои шоир имрӯз низ ба ҷавонони ояндасози давраи истиқлол хеле боарзиш мебошад.
Баъдан як банди мусаммани шоири тавоно Абдураҳмони Ҷомиро пешниҳод мекунам:
Мақому манзалатат бодо биҳишти ҷовидон, Ҳофиз,
Ҳазорон раҳмати Ҳақ бод бар он хонадон, Ҳофиз!
Дуогӯи ғариби туст Ҷомӣ дар ҷаҳон, Ҳофиз!
«Ғазал гуфтиву дур суфтӣ, биёву хуш бихон, Ҳофиз,
Ки бар назми ту афшонад, фалак иқди Сурайёро».
Баъди ин руҷуи лирикӣ аз шогирдон, ки ғазалро аз ёд кардаанд, хоҳиш менамоям, ки ҳусни мақтаи ғазали болоро муайян намоянд. Пас аз андешаи шогирдонро шунидан, суҳбатро давом дода, аз манзалати суханофарии Ҳофиз ва воситаҳои тасвири бадеиро бамавқеъ истифода кардани шоир ёдовар мешавам. Инчунин, дар дафтарҳои луғати хонандагон калимаю ибораҳои душворфаҳм, монанди «иқди Сурайё-галаситораи Парвин, мустағнӣ-бениёз, исмат-покдоманӣ, бегуноҳӣ» навишта ва азёд карданро хоҳиш менамоям.
Дар дарсҳои навбатӣ муаллим имконият дорад, ки ғазалҳои дар барнома нишондодашударо бо дарназардошти муносибати босалоҳият роҳандозӣ кунад. Дар дарси навбатӣ диққати аҳли синфро ба мазмуну мундариҷа ва муҳтавои ғазали «Ғам махӯр» ҷалб менамоям. Сараввал аз онҳо азёд хондани ғазалро тақозо мекунам. Баъди шунидани ғазал ва қироати он ба шогирдон иброз медорам, ки ба ин шеър адибони зиёде назира гуфтаанд ва аҳли адаб онро хуш пазируфтаанд, зеро рӯзгори Ҳофиз ба давраи ноором, пур аз қатлу ғорат, яъсу ноумедӣ рост омадааст. Ҳофиз ҳамаи нокомиҳои халқро бо чашм медид, вале ягона таскиндиҳандаи дилу руҳашро тавассути эҷод бароварда месохт. Сипас аз ғазали «Ғам махӯр» се байташро дар тахтаи синф навишта, фикру мулоҳизаҳои хонандагонро пурсон мешавам. Дар байни аҳли синф баҳсу мунозира ба вуҷуд меояд:
Юсуфи гумгашта боз ояд ба Канъон, ғам махӯр,
Кулбаи эҳзон шавад рӯзе гулистон, ғам махӯр!
Ин дили ғамдида ҳолаш беҳ шавад, дил бад макун,
В-ин сари шӯрида боз ояд ба сомон, ғам махӯр!
Даври гардун гар ду рӯзе бар муроди мо нарафт,
Доиман яксон намонад ҳоли даврон, ғам махӯр.
Баъди шунидани баҳсу мунозираи хонандагон фикрҳояшонро ҷамъбаст менамоям, ки аксаран хеле ҷавобҳои саҳеҳ медиҳанд. Дар давоми дарс диққати шогирдонро ба байти аввал ҷалб намуда, гуфтори халқии «Дунё ба умед, шайтон ноумед»-ро барои зеҳни онҳоро санҷидан ба миён мегузорам.
Байти дуюмро бошад, қироат карда, чунин таҳлил менамоям, ки ҳодисаю воқеаҳои солҳои 90-ум, ки Ватани азизамон ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд ва роҷеъ ба хидматҳои мондагори Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маълумот медиҳам.
Дар машғулияти баъдӣ, ки таҳлили ғазали «Боди Наврӯзӣ» аст ва мегӯям, ки аксари адибони адабиёти классикӣ ва муосир дар бораи оину расмҳо, урфу одатҳои аҷдодонамон, ҷашнҳои Сада, Меҳргон, Тиргон, хусусан, Наврӯзи Аҷам шеъру ғазалҳо сурудаанд. Ҳаминро бояд зикр кард, ки идҳо ягон ҷанбаи динӣ надоранд ва надоштанду ба мазҳабе алоқаманд набуданд. Пас аз суҳбати муқаддимавӣ аз девони Хоҷа Ҳофиз ғазали «Боди Наврӯзӣ»-ро ба таври бадеӣ ва мутантан қироат менамоям. Баъди қироат ва гӯшу ҳуш шудани шогирдон фиттаеро, ки Ҳофизи халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зиндаёд Одина Ҳошимов ба ин ғазал оҳанг бастаст, мешунавонам. Шогирдон хеле бошавқ ба оҳанги мусиқӣ ва тарзи сурудан мароқ зоҳир менамоянд.
Сипас байти аввали ғазалро дар тахтаи синф менависам:
Зи кӯйи ёр меояд насими боди наврӯзӣ,
Аз ин бод ар мадад хоҳӣ, чароғи дил барафрӯзӣ.
Аз шогирдон пурсон мешавам, ки Ҳофиз дар ин байт аз хонанда чӣ мехоҳад? Ҷавобҳояшон гуногун, вале муҳтавои байтро хуб дарк кардаанд. Яъне, шоир аз омадани Иди Наврӯз мухлисонашро огоҳ месозад ва таъкид менамояд, ки аз омадани Наврӯз бояд шодмонӣ кунед.
Муаллим вазифадор аст, ки вазъияти имрӯзро ба назар гирифта, барои тарбияи насли ояндасоз замина гузорад. Ба маврид аст, ки устодон аз хидматҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мақоми байналмилалӣ гирифтани Наврӯз ёдовар шаванд.
Давлаҳмад САБУРОВ,
омӯзгори МТМУ №20-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ