Маълум, ки адабиёти бадеӣ муҳимтарин воситаи маърифати инсонҳост. Мағзи маърифатро ҳанӯз Арастуи ҳаким дар ибораи «хушнудӣ аз донистан» ё «хушҳолӣ аз фаҳмидан» ифода карда буд: дар раванди мутолиаи осори бадеъ ҳатман чизҳое барои мағзу шуури одам пайдо ва кашф мешаванд, ки инсонро аз як зинаи маърифат ба дигараш боло мебаранд, иттилооти ҷадиде аз ҷониби инсони рӯ ба мутолиа ҳазм мешавад ва манзараҳои то кунун тасаввурношудае аз ҳаёти иҷтимоӣ ва хусусӣ пазируфта мешаванд.
Азбаски адабиёти ҷаҳон ҳама минтақаҳои оламро фаро мегирад, пас, қабл аз дигар аносир, дар адабиёти бадеии халқҳои гуногуни олам фарҳангу тамаддунҳои он минтақаҳо ба ин ё он шакл таҷаллӣ меёбанд ва хеле табиист, ки инъикоси он фарҳангу тамаддунҳо дар осори бадеӣ ба таври гуногун зуҳур мекунанд.
Дар маърифати осори бадеӣ хеле муҳим аст, ки чӣ навъ арзишҳои инсонӣ, ахлоқиву маънавӣ ва эътиқодӣ аз ҷониби адибон дар осорашон тавассути воқеаву ҳодисаҳо, образҳои мукаммали бадеӣ ва ҷузъиёти ҳунарӣ таблиғ мешаванд. Вақте ки кас осори бадеии мардумони гуногуни оламро дар қиёс мутолиа мекунад, хуб мефаҳмад, ки чӣ гуна арзишҳои умумибашарӣ дар осори адибон таҷассум ёфтаанд ва ин арзишҳоро нависандагон ба чӣ тарзу шакле манзур кардаанд.
Олими маъруфи фаронсавӣ Андре Боннар роҷеъ ба ин мавзуъ, яъне, таъйиноти ҳунар, таносуби адабиёт бо зиндагии воқеӣ ва падид овардани арзишҳои башарӣ мулоҳизаи ҷолиб ва хеле самимона дорад: «Гумон накунед, ки адабиётро танҳо ҷиҳати қироату мутолиа эҷод кардаанд, балки барои дар ҳаёт татбиқ намудан офаридаанд. Агар вай ҳунари зиндагӣ карданро омӯзонида натавонад, пас ба бозии муқаррарӣ шабоҳат дошта метавонаду халос».
Дар ҳама давру айём, новобаста аз ашколи давлатдориву сохтори иҷтимоӣ, адабиёт ҳамчун нерумандтарин унсури ҳунару фарҳанг рӯ ба кирдор, хулқу атвор ва сиришту хӯйи бани башар дошт ва тавассути офариниши зебоӣ тинати инсонҳоро дигар месохт.
Зебоии асари адабӣ дар тору пуди бадеияти он эҳсосу дарк мешавад. Ҳақ ба ҷониби нависандаи маъруфи рус Н. В. Тургенев аст, ки баъди мутолиаи маҷмуаи шеъри шоири ҷавоне, ки як даста ашъори пур аз фироқи маҳбубаву бебақоии умр навиштаашро ба ӯ барои кашидани қалами таҳрир дода буд, чунин посух додааст: «Дар ҳамаи ин шеърҳо ҳақиқате ҳаст, ҳақиқати талх, ҳақиқати ҳаётӣ. Аммо бо таассуф бояд иқрор шуд, аз истеъдоду ҳунари иншо нишоне нест, на ягон нидои қудратманди шеърӣ, на мисрае, ки «намиранда» бошад. Ҳамагӣ афсӯсу надомат, ҳузнангезу риққатовар.
Ҳар як инсони озордидаву ҷафокашида ҳақ дорад, золими хешро ҳадафи маломат қарор диҳад. Агар ин мақсадро дар шеър мегуфта бошад, бигзор он нафрату исён баробари зиёду камӣ зебову пуртаъсир ба зеҳну шуур ва идроку эҳсос ҳосил шавад…».
Ҳадафи аслии эроди нависандаи машҳури рус ба аҳли маънӣ рӯшан аст, ончунон ки Оноре де Балзак тасдиқ мекард: «Аз мавҷуди зинда ҳайкал сохтан осон, вале ба ӯ зиндагӣ ато кардан душвор».
Бадеҳист, ки барои ба таври қиёсӣ омӯхтани осори бадеии адибони олам, қабл аз ҳама, бояд барномаҳои таълимии макотиби миёна мусоидат кунанд, зеро шавқу завқи инсон ба мутолиаи каломи ҳунарӣ маҳз дар айёми наврасӣ бедор карда мешавад.
Мутаассифона, солҳои сол дар макотиби таҳсилоти ҳамагонӣ сохтори таълими адабиёт тавре тарҳрезӣ мешуд, ки ҷавҳари асари адабӣ будани бадеияти он ба ақлу ҳуши толибилмон намерасид ва толиби илм ёрои ба ҷуз мавзую мазмун ба ёд овардани аносири дигари асари қироатшударо надошт. Дар хотиргаҳи беҳтарин хатмкардаи мактаб аз осори ҷовидонаи Саъдӣ – роҳу расми одоб, аз Ҳофиз – танқиди носозиҳои даврон, аз Камоли Хуҷандӣ – талхиҳои ғурбат барин мавзуъҳо мемонду халос.
Чӣ ҷойи пурсиши он ки чаро Ҳофизи Шероз лисонулғайб асту Ҷомӣ орифи Ҷом… Вожаҳое чун ҳакиму мавлавию мавлоно, абулмаъониву абулахлоқ ва ҳоказо аз кадомин мавқеъ ба риштаҳои матои бузургони мо гиреҳ хӯрдаанду асли маънои «ишқ» чист? Муҷиби ин тариқ ковишҳои фикрӣ тасдиқи ҳамон ҳақиқати маълум аст, ки барномаҳои бахши хониши адабӣ ва таърихи адабиёт, ҳам дар таълимгоҳҳои миёна ва ҳам олӣ, тӯли солҳои дароз барои парвариши завқи ҳунаршиносии шогирдон чандон созгор набуданд ва имрӯз ҳам ниёз ба мукаммал шуданро доранд.
Таҳлилу баррасии қиёсии адабиёти миллӣ бо осори адибони номвари мамолики дигар, ҳатто барои устодон як амали ғайриимкон ва нолозим ба ҳисоб мерафт ва имрӯзҳо низ чунин аст. Ба эътибори накутарин ва шарифтарин ният – ташаккули инсони хушрафтору покизакирдор адабиёт аз илми суханшиносӣ ба илми тарбият табдили вазифа кард. Ҳаргиз иддаои он надорем, ки адабиёт функсияи тарбиятдиҳӣ набояд дошта бошад.
Сухан аз риоя кардани тавозуни илм ва тарбия зимни тадриси адабиёт меравад. Кулли осори мавриди ниёзи толибилмон ганҷинаи панду андарзанд ва омӯзгорон ба василаи мавзуъ ва ғоя, таассуф, танҳо ҷиҳати тарбиятии ононро ба ҳадаф мегиранду халос. Он ҳангом ба ёди устоде намеояд, ки чаро барои ифодаи андарзу насиҳат ва мавзуоти иҷтимоӣ бузургоне, чун Саъдиву Ҷомию Ибни Ямин бештар жанри қитъаро пазируфтаанд, на дигар шаклҳои шеъриро. Чаро сиришти ғазал ишқ асту дубайтӣ тоби бардошти маънои рубоиро надорад ва даҳҳо пурсиши дигар, ки барномаҳои афзуншумори адабиёт қудрати посухи онро хеле кам медиҳанд.
Мутаассифона, то кунун ақидаи ғалате дар ҷомеа гардон аст, ки боистӣ ворисони миллат асосан аз адабиёти миллати хеш бархурдор бошанд, мутолиаи адабиёти халқҳои дигари олам, бахусус, намояндагони тамаддунҳои аврупоиву осиёӣ чандон зарурат надорад.
Одатан, дар мактабҳои миёнаи умумӣ таълими каломи бадеъ аз омӯзиши эҷодиёти шифоҳии мардумӣ оғоз меёбад, ки асосан аз фаҳму дарки анвои гуногуни суруду латифаю зарбулмасалу мақолу афсона ва ҳоказо иборат аст. Таълими ин чизҳо, албатта, лозим аст, аммо набояд вақти зиёдеро дар системаи омӯзиш бигирад.
Дар таҷрибаи таърихии дигар халқҳо чунин ақида роиҷ буд, ки наврасонро маҳз дар синни наврасиву ҳанӯз тоза будани мафкураашон бо бузургтарин ҳамосаҳои қаҳрамониву таърихӣ шинос бояд кард. Масалан, юнониҳои то милод ҳангоми таълими ибтидоии адабиёти бадеӣ, яъне, хониши адабӣ, бузургтарин ҳамосаи миллии хеш «Илиада»-и Ҳомерро интихоб мекарданд.
Барои римиҳои асри III то милод «Одиссеяи лотинӣ»-и шоири Рими бостон Ливий Андроник барои омӯзиши суханшиносии наврасон дар мактабҳои ибтидоӣ китоби ҳатмӣ ба шумор мерафт. Аз ҳамин боис, тӯли асрҳо мактабҳои он мамолик суханварони ҳунарманд ба камол мерасонд, ғуруру ифтихор аз ҳунару фарҳанги миллиро дар ниҳонхонаҳои қалби шогирдон меғунҷониду мепарварид. Шояд ҷойи муҳокимаву баррасии он бошад, ки ҳамосаи Ҳаким Фирдавсӣ – «Шоҳнома»-и безавол ба сифати матни қироати ҳатмӣ дар ибтидои таълими адабиёт қабул гардад.
Ба ҳайси як мухлиси адабиёти бурунмарзӣ, мехостам таркиби барномаҳои адабиётро муламмаъ аз осори адибони бузурги худиву ҷаҳонӣ бубинам. Асоси ин таманно дар бедории мағзу тезии ҳуш ва фарох шудани завқу маърифати эстетикии толибилмон такя дорад: охир, ба уҳдаи таълими адабиёт, бахусус, дар марҳалаи ҳозираи таърихӣ вазифаи таъхирнопазиру пурмасъулияте зам шудааст, ки худшиносиву худогоҳии миллист.
Бо талқину таъкиди ҳамешагии он ки адабиёти тоҷикӣ дар осмони адабиёти ҷаҳон ситораи тобнокест, бидуни муқоиса бо ситораҳои дигар ҳатто ҳушмандтарин хонанда дурахшу таҷаллои онро эҳсос нахоҳад кард. Беҳтарин усули таълиму тадрис муқоиса аст, ки як хонандаро аз навраси дигар, натиҷаи заҳмати якеро аз натиҷаи заҳмати каси дигар фарқ мекунонаду ба ҳукми исбот меоварад.
Саъдӣ бо ин матлаи шеъраш машҳури олам шуд:
Бани одам аъзои як пайкаранд,
Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.
Аммо бояд донист, ки дар паҳнои адабиёти олам ин навъ арзишҳоро дигар адибону суханварон ҳам гуфтаанд. Ба фарзи мисол, ин маъниро ҳанӯз дар Юнони Бостон (асри V пеш аз милод) олим ва суханвар Протагор изҳор кардааст: «Инсон меъёру милоки ҳама ашёст». Ба қавли дигар, ҳам неку бади олам тавассути маърифати инсон ва ҷаҳонбинии ӯ баҳо дода мешавад.
Шакли ба гуфтаҳои Саъдӣ наздикро суханвари ситсилиягӣ Горгий (483-376) низ баён карда: «Ҳамаи одамон бародари якдигаранд ва зодаи як модар — табиат мебошанд». Акнун бузургии Саъдӣ аз ду бузургвори дунёи қадим дар он аст, ки ғояи аллакай маълумро ба муҳраи назми гуворое дароварда, онро хулосаи мантиқӣ бахшидааст: модом ки бани башар пайванди ҳамдигаранд (Горгий), пас онеро, ки ба азобу машаққати пайвандаш бепарвост, аз зумраи инсон ҳисобидан дуруст нест.
Ирсӣ будани шуҷоату қаҳрамониро ҳанӯз драманависи маъруф Софокл (496-406) дар Юнони Бостон бозгӯ карда буд ва Фирдавсии Тӯсӣ низ ҳамин ақидаи ҳакимонаро дар достонҳои фоҷиавии «Шоҳнома» ривоҷ бахшидааст.
Доир ба ҷавонмардиву шарофату асилзодагӣ ва ба абову аҷдод вобаста набудани ин хисоли ҳамида (байти Саъдӣ — «Гирди номи падар чӣ мегардӣ, Падари хеш шав, агар мардӣ…») анқариб ҳар шоири шаҳири форсу тоҷик гуфторе ҳакимона ба ёдгор мондааст. Ҳамин маънӣ ҳанӯз хеле пеш дар аҳди қадим аз ҷониби шоири мутафаккир Еврипид (484-406) бозтоби бадеӣ ёфта буд. Хулосаи ин драманависи маъруф, ки ӯро «файласуфи саҳна» ҳам мегуфтанд, чунин буд: «Ҷавонмардиву асилзодагӣ ба чигунагии авлоду аҷдод не, балки аз маънавиёту ахлоқи худи инсон вобаста аст».
Ё худ руҳи ватанпарастиву гиромидошти меҳан ва ҷоннисорӣ ба хотири он саропойи «Шоҳнома»-ро фаро гирифта ва миёни муҳофизони меҳан симои Гурдофариди мардафкан ҷиҳати таъсири пурфайзаш бештар дар хотираи одамон ҷилва мекунад. Ҳамсону ҳамсанги нақши ӯро дар осори адибони ҷаҳонӣ метавон пайдо кард ва қиёсан таҳлил намуд. «Аз ҳама чизи пурқимат барои инсон, — мегӯяд Иокаста дар фоҷиаи «Занҳои финикӣ»-и шоири юнонӣ Еврипид, — ватан аст ва ватан хоҳад монд. Нохушии азим аз ватан маҳрум шудан аст».
Гузашта аз ин, ҳамон ҷасорати ҷисмониву маънавиеро, ки дар вуҷуди Ифигения (аз фоҷиаи «Ифигения дар Авлида»-и Еврипид) аланга дорад, метавон дар Гурдофариди Фирдавсӣ бо тарзи дигар пайдо кард.
Ҷасорати Ифигения ба андозаест, вақте ки лозим ба қурбонӣ шуданашро ба хотири вазидани боди муроде, ки киштиҳоро мебоист ба ҳаракат меовард, мефаҳмад, ба модараш рӯ оварда, бебокона мегӯяд: «Ту маро барои худ зодаӣ, ё барои Эллада?». Ин лаҳзаест аз асотири юнонӣ, ки онро Еврипид дар фоҷиааш корбасти бадеӣ намудааст.
Тибқи ин устура, қабилаи ахеиҳо (юнониҳои қадим) дар бандари Авлида ҷамъ шуда буданд ва мебоист ба набарди Илион (Троя) мерафтанд. Аммо боди мурод намевазид ва таомули ҳамондавра чунин буд, ки инсонеро бояд ба қурбонӣ медоданд. Агамемнон, сарлашкари юнониҳо, қосиде мефиристад, то духтараш – Ифигенияро барои иҷрои ин расм, бо баҳонаи он ки то издивоҷи Ахиллесу Ифигения амри воқеъ нашавад, ҷанг имкон нахоҳад дошт, биёваранд.
Клитемнестра, ҳамсараш, аз ин нияти бади шавҳараш пай бурда, ҳамроҳи духтараш меояд. Баъди фаҳмидани ҳақиқати ҳол доду фиғонаш осмонгир мешавад, аммо нидои шуълавару ҷасуронаи Ифигения ҳатто модарро аз раъйи эҳтиёти фарзанд мегардонад ва ин духтари мардонадил худро ба қурбонӣ медиҳад. Ҳамин тавр, мисолҳои зиёдеро ба риштаи баррасиҳо кашидан мумкин, вале мо муште аз хирвор гӯён иктифо хоҳем кард.
Замона дигар мешавад ва дар ҳар кишвар барои омӯзиши адабиёти бадеӣ ҷиҳати дарки зебоӣ ва тарбияти инсонҳои комил даҳҳо равияву методҳои муосири таълими каломи бадеъ рӯйи кор меоянд. Дар кишвари мо аслан як навъ омехтаи усулҳои шарҳиҳолӣ, фарҳангию таърихӣ ва гоҳҳо шаклию назарӣ барои омӯзиши адабиёт ба кор бурда мешавад.
Асосан равияи сотсиологӣ ҷорист, ки асари бадеӣ ва муаллифи онро ба вазъи таърихию фарҳангӣ, ба вазъи иҷтимоию сиёсӣ пойбанд мекунад ва адабиётро асосан як шакли шуури ҷомеа мепиндорад. Яъне, расми маъмули аввалан шарҳ додани вазъи таърихию сиёсӣ, баъдан каме руҷуъ ба шарҳи ҳоли адиб ва баъдан андеша кардан перомуни мазмуну муҳтаво ва аҳаммияти осори адабӣ дар ҳама ҷо ҷорист.
Дар ин навъи тадрис ба фаҳму дарки ҳусниёти асар ва моҳияти зебоишиносии он вақт хеле кам мемонад. Зарурати корбурди анвои ретсептивии тадриси адабиёт, ки онро эстетикаи таъсири асар ба хонанда низ мегӯянд, инчунин, компаравистика ё усули қиёсию типологии омӯзиши падидаҳои адабӣ, рӯйкардҳои равонтаҳқиқӣ ва сохторшиносию шаклшиносӣ ба миён омадааст, ки усулҳои нави таълифи кутуби таърихи адабиёт ва китобҳои хоссаи таҳқиқи осори адабиро дар навбати хеш тақозо мекунанд.
Ҳафиз РАҲМОН