Сафари кории мо ба ноҳияи Зафаробод аз деҳаи навбунёди Баҳористони Ҷамоати шаҳраки Меҳнатобод оғоз гардид. Дар ин деҳа сокинони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ тавассути барномаи муҳоҷирати дохилӣ кӯчида омада, тайи чанд даҳсолаи охир зиндагии навро дар муҳити даштҳои фарохдомони ноҳияи Зафаробод оғоз намуданд. Вақте мо вориди деҳа гардидем, корҳои ободонӣ бомаром идома дошт ва огоҳ шудем, ки рӯзҳои наздик тавассути чоҳҳои амудӣ оби ошомиданӣ ба ҳар як манзили сокинон дастрас мегардад. Албатта, ин бунёдкориҳо касро руҳбаланд месозад, ки боз як гӯшаи диёр ободу сарсабз хоҳад гашт.
Таваҷҷуҳи моро сохтмони бинои сеошёнаи мактаби деҳа ба худ ҷалб кард, ки бо маблағгузории Вазорати маориф ва илми кишвар бунёд мешавад. Он барои сокинони деҳаи Баҳористон дар ҳошияи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон туҳфаи беҳтарин мегардад. Бинои таълимӣ барои 360 нафар бо маблағи нуҳ миллион сомонӣ оғоз гардида, дар арафаи анҷомёбист. Дар ноҳия, ҳамчунин, сохтмони бинои иловагии МТМУ №16 идома дорад. Бино дар деҳаи Ҳаёти нави Ҷамоати деҳоти Равшан воқеъ гардида, аз замони Шуравӣ сохтмонаш нотамом монда буд. Акнун аз ҳисоби маблағҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд барои 640 нафар сохта ба истифода дода мешавад.
Бо мудири шуъбаи маориф Раҳмон Қодирӣ перомуни дастоварду комёбиҳо, бурду бохти маорифи ноҳия, иҷрои барномаҳои давлатӣ, вазъи таъмир, зимистонгузаронӣ ва омодагиҳо ба соли нави хониш суҳбат намудем. Таъкид гардид, ки дар ноҳияи Зафаробод 25 муассисаи таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла, 2 литсей ва 1 гимназия фаъолият менамояд. Дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 17825 хонанда ба таълим фаро гирифта шудаанд.
Р. Қодирӣ зикр намуд, ки дар мактабҳо эҳтиёҷот ба омӯзгорони фанҳои дақиқ ва гуманитарӣ, аз ҷумла, химия, физика, математика, забони англисӣ ва русӣ ба назар мерасад. Теъдоди омӯзгорони ғайриихтисос 51 нафар буда, асосан, аз фанҳои суруд ва мусиқӣ, технология, маърифати экологӣ мебошанд. Аз 45 нафар мутахассиси ҷавон, ки тибқи роҳхати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолият фиристода шуд, 38 нафар ба ҷойи кор ҳозир гардид, ки 82,5%-ро ташкил медиҳад. Имсол мактабҳои ноҳияро 871 нафар хатм намуданд ва аз ин теъдод 567 нафар тариқи ММТ аз қайд гузаштанд, ки 65,75 фоизро ташкил дод.
Сатҳу сифати таҳсилот ва натиҷаи азхудкунии барномаҳои таълимӣ аз рӯйи ҷамъбасти соли таҳсил ба 38,7% ва 84,6% баробар шуд.
Мудири шуъбаи маориф Р. Қодирӣ қайд кард, ки дар соли 2024 дар даври ҷумҳуриявии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 7 нафар сазовори мақоми ифтихорӣ гардид. Соли равон дар даври ноҳиявии озмун 264 нафар иштирок намуда, 57 нафар ба даври вилоятӣ роҳат гирифт. Дар даври дуюми озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» 324 нафар иштирок карда, ба даври вилоятӣ 56 нафар хонанда роҳхат ба даст овард.
Мавриди зикр аст, ки такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф дар баланд бардоштани сифати таҳсилот ва инкишофи неруи зеҳнии омӯзгор нақши муҳим мебозад. Дар асоси нақшачорабиниҳои кабинети методии шуъбаи маориф барои иҷрои барномаи мазкур бояд 126 нафар аз курси такмили ихтисос мегузашт, ки ин нишондод дар шаш моҳи соли равон 138 нафар ё ин ки 109% иҷро гардид. Ҳолати бо китобҳои дарсӣ таъмин намудани хонандагон сол то сол беҳтар мегардад. Айни замон миқдори китобҳои дарсӣ дар ноҳия 325248 адад буда, таъминот дар муассисаҳо 94,2 фоизро ташкил медиҳад. Норасоии китобҳои дарсӣ аз фанҳои забони англисӣ, ботаника, алифбои ниёгон, геометрия, химия, технологияи информатсионӣ, таърихи халқи тоҷик, забони модарӣ ва математика ба назар мерасад, ки дархост барои 29000 нусха ба Вазорати маориф ва илми кишвар ирсол гардид.
Дар асоси «Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» бояд муассисаҳои таълимӣ бо 507 адад компютер ва 28 адад тахтаи электронӣ таъмин карда шаванд. Дар ин муддат 70 адад компютер, 18 адад тахтаи электронӣ харидорӣ шудааст.
1. Шаффофият ва дастрасии мафҳумӣ.Айни замон дар мактабҳои ноҳия таъмир ва омодагиҳо ба соли нави хониш идома дорад. Аз ҷумла, дар МТМУ №№1, 3, 6, 7, 12, 20 ва гимназияи №1 таъмир ба анҷом расида, мактабҳо ба соли нави хониш омодаанд.
Ба иттилои мудири шуъбаи маориф, мактаб ва кӯдакистонҳо бо беш аз 380 тонна ангишт таъмин гардиданд.
Нуъмон РАҶАБЗОДА,
«Омӯзгор»