Омӯзиши забони англисӣ дар замони муосир аҳаммияти бузург дорад ва барои ҳар фард имконоти зиёдеро боз мекунад. Дар ҳоли ҳозир забони англисӣ забони муоширати байналмилалӣ ба ҳисоб меравад. Он дар соҳаҳои гуногун, аз қабили тиҷорат, илм, технология, дипломатия, фарҳанг ва туризм васеъ истифода мешавад. Донистани ин забон ба мо имкон медиҳад, ки бо одамон аз кишварҳои гуногун озодона муошират кунем ва робитаҳои байналмилалӣ барқарор намоем. Аксари иттилооти муҳим, мақолаҳои илмӣ, китобҳо, филмҳо ва маводи интернетӣ ба забони англисӣ дастрасанд ва бо донистани ин забон мо метавонем ба манбаъҳои иттилоотии бой дастрасӣ пайдо кунем, ки ин барои таҳсил, тадқиқот ва рушди шахсӣ муҳим аст.
Истифода аз технологияи муосир дар машғулиятҳои забони англисӣ ва ҷорӣ намудани усули корбурди навовариҳои илмӣ-техникӣ аз шартҳои муҳим дар системаи таълим мебошад, зеро дар ҷаҳони имрӯз инкишофи кӯдаконро ба ғайр аз ривоҷи навоварӣ ба таври дигар тасаввур намудан номумкин аст.
Дар ин росто, технология ва дастгоҳҳоеро, ки мо ҳамарӯза истифода мебарем, раванди машғулиятро барои омӯзгори фанни мазкур осон намуда, мақсадро ба хонандагон дақиқ мерасонад, ҷараёни тадрис, муколама бо хонандаро шавқовар мекунад. Имрӯз қариб барои ҳар омӯзгори забони англисӣ ноутбук, планшет ва смартфон ба василаи маъмулии таълим табдил ёфтаанд.
Аз ин рӯ, ба кор бурдани ин воситаҳои техникӣ барои хонандагон ҳам чизи бегона набуда, раванди машғулиятро барои онҳо шавқовару ҷолиб мегардонад, ки ин тарзи кор яке аз ҷузъҳои амалӣ намудани усули нави ҳамкории омӯзгор ва хонанда маҳсуб меёбад.
Корбурди технологияи муосир аз мо, омӯзгорони забони англисӣ, омӯзиши донишҳои навро талаб менамояд.
Технология ба хонандагон имкон медиҳад, ки ба маводи аслӣ, ба монанди мақолаҳо видеоҳо, подкастҳо, сурудҳо ва филмҳо ба забони англисӣ дастрасӣ пайдо кунанд.
Бо истифода аз тахтаҳои интерактивӣ барномаҳо (apps) ва платформаҳои онлайнӣ (online platforms) дарсҳоро ҷолиб гузаронидан мумкин аст. Бозиҳои таълимӣ, викторинаҳо ва машқҳои интерактивӣ таваҷҷуҳи хонандагонро зиёд намуда, онҳоро ба омӯзиши забон ҷалб мекунанд.
Замимаҳои омӯзиши забон, ба монанди Duolingo, Memrise, Rosetta Stone ва вебсайтҳое чун BBC Learning English, имконоти беназиреро барои тамрини мустақилонаи хониш, шунавоӣ, навиштан ва гуфтугӯ фароҳам меоранд. Платформаҳои гуфтугӯӣ бо муаллимони бумӣ (native speakers) низ барои такмили маҳорати нутқ муфиданд.
Барои азхудкунии забон тамрини муттасил лозим аст. Технология имкон медиҳад, ки донишҷӯён берун аз синфхона низ машқ кунанд ва малакаҳои худро такмил диҳанд. Технология ба муаллимони забони англисӣ имкон медиҳад, ки маводи омӯзиширо ба сатҳ ва услуби омӯзиши ҳар як хонанда мутобиқ созанд. Барномаҳои муайян метавонанд нуқтаҳои заифи хонандагонро муайян ва машқҳои мушаххас пешниҳод намоянд. Ҳар як омӯзанда суръат ва услуби омӯзиши худро дорад. Технология ба фардикунонии раванди омӯзиш мусоидат мекунад, ки ин ба натиҷаҳои беҳтар оварда мерасонад.
Бисёре аз платформаҳои онлайнӣ ва барномаҳо ба хонандагон дар бораи хатоҳои грамматикӣ, талаффуз ё имло фикру мулоҳизаи фаврӣ медиҳанд. Ин имкон медиҳад, ки хонандагон хатоҳои худро дарҳол ислоҳ кунанд ва аз онҳо дарс гиранд.
Гирифтани фикру мулоҳизаи саривақтӣ барои пешрафт дар омӯзиши забон ҳатмӣ аст. Ин ба хонандагон кумак мекунад, ки аз хатоҳои такрорӣ худдорӣ намоянд ва истифодаи технология дар омӯзиши забон малакаҳои дигари муҳимро, ба монанди тафаккури интиқодӣ, ҳалли масъала, ҳамкорӣ ва истифодаи технологияро рушд медиҳад, ки онҳо барои муваффақият дар асри 21 зарур мебошанд.
Хулоса, технологияи муосир на танҳо раванди омӯзиши забони англисиро осону ҷолиб мегардонад, балки ба хонандагон имкон медиҳад, ки дар муҳити ҳақиқӣ забонро омӯзанд ва малакаҳои муҳимми ҳаётиро инкишоф диҳанд.
Диловар Саъдуллоев,
омӯзгори забони англисии МТМУ №8-и ноҳияи Данғара