Муқаддима
Бо ташаббусу дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маорифи кишвар дар замони соҳибистиқлолӣ ҳамаҷониба рушду пешрафт кард. Шароити мусоиди таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ фароҳам оварда шуда, таваҷҷуҳ ба омӯзиши фанҳои бунёдӣ бештар гардидааст, зеро маориф омили ҳастии миллат ва пояи устувори иқтисоди кишвар мебошад. Бинобар ин, сарчашмаи асосии пешрафти тамоми соҳаҳо аз маориф оғоз меёбад ва муҳим аст, ки аҳли маориф аз имконоту шароит самаранок истифода намуда, низоми маорифро ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонанд. Дар ин миён, донистани техникаву технология ва татбиқи зеҳни сунъӣ аз масоили умдаи тайёр намудани мутахассисон маҳсуб меёбад. Зарурати омӯзиши технологияи муосир ва истифодаи он дар раванди таълим имкон медиҳад, мутахассисоне омода гарданд, ки ба рушди саноат, иқтисодиёт, фарҳанг, маориф, илм ва дигар соҳаҳо такони ҷиддӣ бахшанд.
Таваҷҷуҳи рӯзафзуни Пешвои миллат ба соҳаи маориф
Ба ҳамагон маълум аст, ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафар ба шаҳру навоҳии кишвар ҳатман бо аҳли маориф мулоқоту суханронӣ анҷом дода, чандин муассисаҳои нави таълимиро мавриди истифода қарор медиҳанд. Танҳо дар сафарҳои кории охири Сарвари давлат ба шаҳру навоҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Суғд ва ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ аз ҳама бештар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ ҳам ба таври ҳузурӣ ва ҳам ба таври маҷозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. Ин омил далели равшан аз таваҷҷуҳи рӯзафзуни Сарвари давлат ба рушди соҳаи маориф маҳсуб меёбад. Дар зимн, дар замони соҳибистиқлолӣ аз ҳама бештар соҳаи маориф маблағгузорӣ гардидаву муассисаи таълимии зиёд сохта ва ба истифода дода шуданд. Мусаллам аст, ки омода намудани насли созандаву бунёдкору донишманду навовар аз шароити таълим вобаста аст ва дар ин бобат имконоти мусоид дар ихтиёри устодону омӯзгорону муҳассилин қарор дорад. Таҳлили таҷрибаи давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон собит менамояд, ки танҳо бо неруи илмӣ ва мутахассисони тавоно метавон, аз як ҷониб, арзишҳои миллию давлатиро ҳифзу гиромӣ дошт, аз ҷониби дигар, ба пешрафти чашмгири иқтисодиёти миллӣ мусоидат намуд. Пешвои миллат бамаврид таъкид кардаанд: «Дар даврони соҳибистиқлолӣ мо бунёди маорифи миллӣ ва ворид гардидан ба фазои таҳсилоти байналмилалиро ҳадафи муҳимтарин ва самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор додем. Зеро мо чунин мешуморем, ки бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф – сармоягузорӣ барои рушди неруи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад».
Сол то сол маблағгузорӣ ба соҳаи маориф бештар ва маоши омӯзгорон зиёд мегардад. Аз моҳи сентябри соли 2025 ба андозаи 30 фоиз маоши кормандони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва ба андозаи 20 фоиз маоши омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ зиёд мегардад. Вазъи иҷтимоии ин қишри ҷомеа пайваста аз ҷониби Ҳукумати кишвар беҳтар мешавад. Дар баробари ин, бо қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» ҷойгоҳи онҳо ба таври шоиста баланд хоҳад шуд. Ҳадаф аз тадбирҳои андешидашуда, беҳтар гардондани таълиму тарбия ва ба камол расонидани мутахассисони варзида мебошад, ки дар бозори ҷаҳонӣ рақобатпазир бошанд ва ин рисолатро дар сатҳи баланд танҳо устодону омӯзгорон ба таври шоиста анҷом медиҳанд.
Пешрафти саноат
Мусаллам аст, ки ҳадафи чоруми миллӣ саноатикунонии босуръати кишвар мебошад, ки он имкон медиҳад, Тоҷикистон аз кишвари аграрию саноатӣ ба кишвари саноативу аграрӣ табдил ёбад. Дар сафарҳои кории Пешвои миллат ба гӯшаву канори мамлакат корхонаҳои нав мавриди истифода қарор мегиранд, ки ба таври мукаммал бо техникаву технологияи муосир муҷаҳҳаз мебошанд. Замоне фаро расидааст, ки ҷанбаи истеҳсолии иқтисодиётро густариш бахшид ва дар бозорҳои байналмилалӣ мавқеи шоиста пайдо намуд. Муҳаррики асосии иқтисодиёт саноат ва истеҳсолот мебошад. Ба ин мазмун, дар чанд соли охир даҳҳо корхона ба истифода дода шуд, ки дар онҳо мутахассисони дохиливу хориҷӣ фаъолият доранд. Дар ин самт, тайёр намудани мутахассисони варзида ва бархӯрдор аз технологияи замон муҳимтарин вазифа маҳсуб меёбад.
Роҳандозии таҳсилоти дуалӣ дар мактабҳои олӣ пайванди таълим ба истеҳсолотро ҳамоҳанг намуда, қадами устувор дар ин ҷода ба ҳисоб меравад. Имрӯз дар аксари мактабҳои олӣ раванди таълими дуалӣ дар асоси Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 амалӣ гардида истодааст ва бояд ин раванд вусъат бахшида шавад. Таҷрибаи кишварҳои тараққикардаи ҷаҳон собит намудаанд, ки танҳо сармоягузорӣ ба неруи инсонӣ ҳамон вақт манфиатбор хоҳад буд, ки он дар истеҳсолот татбиқшаванда бошанд. Дар ин замина, бояд тамоми ихтисосҳо мавриди таҳлилу арзёбӣ қарор гирифта, мутахассисоне омода карда шавад, ки кишвари мо ба онҳо дар навбати аввал эҳтиёҷ дорад.
Ташаббуси ҷаҳонии Пешвои миллат доир ба зеҳни сунъӣ
Шоистаи таъкид аст, ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша бо камоли дурандешӣ ба мушкилоти замони муосир таваҷҷуҳ мекунанд ва масоилеро ба миён мегузоранд, ки барои тамоми инсоният мубраму зарурӣ мебошанд. 25 июли соли 2025 қабул гардидани қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» аз муҳимтарин ташаббусҳои Сарвари давлат мебошад. Ин падидаи нави технологӣ ба таври чашмгир дар тамоми ҳаёти инсоният ворид гардида истодааст ва барои минбаъд роҳи раҳоӣ вуҷуд надорад ва танҳо бо он бояд мутобиқ гардиду пешрафт кард. Ин ташаббуси муҳимми Сарвари давлат бе ҳадаф нест, зеро агар мо, яъне, кишварҳои минтақа ба ин омил мутобиқ нашавем, имкони рушди устувор дар ояндаи наздик вуҷуд нахоҳад дошт. Зеҳни сунъӣ дар тамоми соҳаҳои иқтисодиёт таъсиргузор буда, дар ҳамбастагӣ бо кишварҳои минтақа метавон ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Имрӯз зеҳни сунъӣ дар соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт, фарҳанг, маориф, тиб, ҳарбӣ, амният ва амсоли инҳо ба таври рӯзафзун корбаст шуда истодааст ва маблағгузорӣ ба ин соҳаҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ хеле зиёд гардидааст. Таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ дар шаҳри Душанбе қадами устувор барои рақобатпазир гардидан дар бозори ҷаҳонӣ мебошад.
Бояд қайд кард, ки дар кишвар мактаби олӣ, кафедраву ихтисосҳо вобаста ба тайёр намудани мутахассисони зеҳни сунъӣ таъсис дода шудаанд. Аз ин рӯ, зарур аст, ки машғулиятҳо дар доираи барномаҳои сатҳи байналмилалӣ роҳандозӣ гарданд ва шароиту имконот низ бояд мутобиқ ба сатҳи ҷаҳонӣ фароҳам оварда шавад, то мутахассисон тавонанд бо коркарди барномаҳои муҳим дар доираи зеҳни сунъӣ ба рушди иқтисодиёт такони ҷиддӣ бахшанд. Дар баробари ин, Тоҷикистон аввалин кишвар дар Осиёи Марказӣ мебошад, ки дар зерсохтори Вазорати саноат ва технологияҳои нав Маркази зеҳни сунъӣ таъсис дода шуда, Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 ба тасвиб расид. Дар он ба таври дақиқ корҳое, ки бояд анҷом дода шаванд, мушаххас гардидаанд. Ҳамчунин, Сарвари давлат дар чанд сафари охир ба шаҳру навоҳии мамлакат чандин маркази зеҳни сунъиро ба истифода доданд, ки раванди мазкур қадами устувор дар ин ҷода ба ҳисоб меравад.
Ҳамчунин, бояд мавзуъҳои таҳқиқӣ низ ба замон мутобиқ карда шаванд ва он масъалаҳое мавриди пажуҳиш қарор дода шаванд, ки ҳам ҷанбаи амалии татбиқшаванда дар истеҳсолот ва ҳам ҷанбаи технологӣ дошта бошанд, зеро рисолати илм неруманду пурқудрат намудани кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ маҳсуб меёбад.
Хулоса
Тоҷикистони соҳибистиқлол рӯз то рӯз рушд мекунад ва имконоти муҳим барои муҳассилин дар тамоми муассисаҳои таълимӣ фароҳам оварда шудааст. Ба ҳар гӯшаву канори мамлакат сафар намоем, раванди бунёдкориҳо вусъат гирифта, мардум бо дасту дили гарм барои ободонии кишвар заҳмат мекашанд, ки дар ин миён, муассисаҳои таълимӣ истисно нестанд. Ин ҳама ба маърифатманду навовару эҷодкор гардонидани наврасону ҷавонон равон гардидааст. Аз ин рӯ, аҳли маорифро мебояд, боз ҳам ҷиддитару амиқтар ба таълиму тарбия машғул гарданд ва рисолати хешро дар сатҳи баланд анҷом бидиҳанд.
Аз ҷумла, омӯзгоронро зарур аст, ки аз зинаи аввали таҳсил ҳисси эҷодкориву навовариро дар ниҳоди муҳассилин бедор намоянд, ки ин омил дар заминаи омӯзиш ба вуҷуд меояд. Бо дастури Пешвои миллат озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм – фурӯғи маърифат» роҳандозӣ гардиданд, ки аз як тараф, ҷаҳонбинии хонандагонро васеъ мегардонад, аз ҷониби дигар, тахайюлоти онҳоро ғанӣ месозад ва дар ин замина, ихтироъкориву навоварӣ низ дар онҳо рушду такомул меёбад.
Пайдост, ки ташаккули ҷавонон дар мактаби олӣ сурат гирифта, онҳо ҳамчун мутахассис ба камол мерасанд. Дар ин самт, бояд дарсҳо дар мактабҳои олӣ низ бо истифода аз технологияи замонавӣ ба роҳ монда шаванд ва ҷанбаи амалии машғулиятҳо бештар гардад. Махсусан, дар самти тайёр намудани мутахассисони зеҳни сунъӣ устодону омӯзгороне ба тадрис машғул гарданд, ки дар самти зеҳни сунъӣ маҳорату малакаи баланд дошта бошанд ва ин падидаи замонро дар зеҳну шуури муҳассилин ворид карда тавонанд.
Назорати раванди таҳсилоти дуалӣ бояд ба таври ҷиддӣ амалӣ карда шавад, зеро таъмини корхонаҳо ба мутахассисони варзида танҳо дар ҳамоҳангии назария бо амалия сурат мегирад.
Талошу пайкори Пешвои миллат дар рушди соҳаи маориф ва мутобиқ намудани он ба меъёрҳои байналмилалӣ ва дар ин замина, мусоидат ба пешрафти иқтисодиёти миллӣ равона гардидааст. Аз ин рӯ, мо-омӯзгорон бояд ташаббусу дастгириҳои Сарвари давлатро сармашқи фаъолияти хеш қарор диҳем ва бо роҳандозии дарсҳои ҷолибу омӯзанда, тайёр намудани мутахассисони варзида ва тадриҷан амалӣ намудани навовариҳо, аз ҷумла, татбиқи зеҳни сунъӣ дар тамоми соҳаҳо талош намоем. Дар ин самт, метавонем ба пешрафтҳои чашмгир ноил гардем, зеро ба ин мақсад, тамоми имконот муҳайё карда шудааст.
Насриддин ОХУНЗОДА,
«Омӯзгор»