Мушкилоти таълими фонетика

Вазифа ва мақсади таълими фонетика дар мактаб иборат аз он аст, ки бояд ба хонандагон доир ба системаи овозии забони тоҷикӣ донишҳои меъёрии ҳақиқатан илмӣ дода шавад. Гарчи ба таълими ин соҳаи забоншиносӣ дар барнома (с. 2006) ҳамагӣ 13 соат муқаррар карда шудааст, ҷузъиёти он дар рафти таълими фасли «Калима» (луғат) ва қисматҳои грамматика — морфология ва синтаксис давра ба давра такрор ва мустаҳкам карда мешавад.

Сарфи назар аз ин, асоси масъалаҳои марбут ба фонетика дар синфи V дар оғози соли таҳсил (пас аз такрор ва ҷамъбасти маводи синфҳои I-IV) баррасӣ карда мешавад.
Бояд таъкид намуд, ки аслан, омӯзонидани фонетикаи забони тоҷикӣ ба хонандагон ҳанӯз дар синфҳои ибтидоӣ оғоз меёбад. Дар синфи II ба хонандагон вобаста ба мавзуъҳои дар таркиби калима муайян намудани ҳиҷо ва миқдори он, ба сатри дигар гузаронидани ҳиссаи калима, ҳарфҳо садонок ва ҳамсадоҳо маълумот дода мешавад. Аммо чунин маълумотҳо дар синфи V дар заминаи принсипи илмиву амалӣ аз шарҳ ё таҳлили ҷузъӣ оғоз ёфта, зина ба зина омода намудани хонандагон ба таҳлили пурраи фонетикии калима ҳадаф қарор мегирад. Аниқтараш, аз дарси аввал cap карда (пас аз шарҳи мафҳум, асли баромад ва таърифи фонетика), вазифаҳои дастгоҳи гуфтор, хусусан, дастгоҳи фаъоли нутқ (шуш, садопарда, забонча, забон, лабҳо) шарҳ дода мешавад. Баъдан пайиҳам таълими овоз ва ҳарф, садонок ва ҳамсадоҳо, фарқият ва умумияти онҳо, таснифоти садонокҳо ва ҳамсадоҳо, ҳамсадоҳои ҷарангнок ва беҷаранг вобас­та ба ҳаракати дастгоҳи гуфтор, масъалаи ба ҳодисаҳои фонетикӣ дучор шудани ҳамсадоҳои б, д, т, х (баландтар, хурдтар; иптидо — ибтидо, муптадо — мубтадо; исггоҳ, пасттар, сахттар; хобгоҳ, рӯбоҳ ва ғ), имлои И ва И-и заданок, У ва У, аломати ъ (сакта), ҳамсадоҳои шадда (такрор), ҳиҷо ва хелҳои он ва ниҳоят, дар бораи қоидаҳои аз як сатр ба сатри дигар кӯчонидани ҳиссаи калима амалӣ мегардад.
Чунонки маълум аст, аёният ҳамеша самаранокии дарсҳоро таъмин менамояд.
Аммо дар рафти таълими аксари мавзуъҳои таркибии фонетика вазифаи аёнияти асосиро худи муаллим ба зимма грифта, зимни баёни мавзуъ хонандагонро водор месозад, то ҳар амалеро, ки ӯ зимни шарҳи мавзуъҳои номбурда аз тариқи ҳаракати лабҳо, забон ва овозбарориҳо иҷро менамояд, тақлидан такрор намоянд. Яъне, аксари баёни мавзуъҳои фонетикӣ дар заминаи суҳбати маълумотдиҳанда ё худ донишдиҳанда сурат мегирад.
Агарчи омӯзгорон дар рафти омӯзони­дани фасли «Фонетика» дар синфи V зимни чунин дастурҳо амал мекунанд, натиҷаи таълими ин қисмати забоншиносӣ дар синфи мазкур ва дар синфҳои болоӣ ҳанӯз қонеъкунанда нест.
Масалан, хонандагон дар системаи алифбои забони тоҷикӣ мавҷуд будани 35 ҳарфро медонанд ва медонанд, ки аз ин ҳарфҳо 29-тоашро овозҳои нутқ, 4-тоашро ётбарсарҳо ва дутои дигар – и ва ъ танҳо ҳарфҳоро ташкил медиҳанд. Ҳамчунин, медонанд, ки аз 29 овози нутқ 6-тоаш садоноку 23-тои дигар ҳамсадо буда, ҳамсадоҳо дар навбати худ ба ду гурӯҳ — ҳамсадоҳои ҷарангнок ва беҷаранг ҷудо карда шудаанду миқдори ҷарангнокҳо 13-то ва беҷарангҳо 10-тост. Ҳамсадоҳои ҷарангноку беҷарангро баъзеҳо пурра дар алоҳидагӣ номбар ҳам мекунанд. Аммо нисбат ба аксари он нуктаҳои таълим дониши хонандагон сатҳист. Чунончи, ба саволҳои «Чаро овозро хурдтарин воҳиди нутқ меноманд?», «Барои чӣ ҳарфҳои е, ё, ю, я ётбарсар номида мешаванд?», «Чаро ин ҳарфҳо, бо вуҷуди он ки ҳар кадом аз ду овоз ташкил ёфтаанд, ба гурӯҳи овозҳои нутқ ворид намешаванд?», «Барои чӣ ҳамсадоҳоро ба гурӯҳи ҳамсадоҳои ҷарангнок ва беҷаранг ҷудо кардаанд? Масалан, чаро б ҳамсадои ҷарангнок асту п ҳамсадои беҷаранг?», «Барои чӣ ӣ — и заданок ва аломати сакта (ъ) ба гурӯҳи овозҳои нутқ ворид намешаванд?» ва боз чандин нуктаҳои дигари фонетика, ки дар мактаб таълим дода мешаванд, аз аксари талабагон ҷавоби қонеъкунандаро умедвор шудан нашояд…
Аслан, ҷавоби мувофиқ додан ба чунин саволҳо на фақат барои хонандагон, балки барои аксари омӯзгорон ҳам мушкил аст. Ин ҷо сабаби асосӣ ин аст, ки шарҳи нуктаҳои мазкур ҳатто дар китобҳои дарсии барои мактабҳои олӣ таълифшуда дақиқ наомадааст.
Дар ҷавоб ба саволи аввал («Чаро овозро хурдтарин воҳиди нутқ меноманд?»), пеш аз ҳама, таърифи овозро ба хотир меорем, ки чунин аст: «Овоз (ё худ, фонема) хурдтарин воҳиди нутқ буда, барои тағйир додани маъно дар калима хизмат мекунад». Дар асоси ин таъриф бо овардани мисолҳои зайл: а) дар, дор, дур, дер; б) кор, дор, чор; в) бод, боз, боғ ва ғайра муаллим бояд таъкид намояд, ки дар басти а) ҳамаи чаҳор калима танҳо аз рӯйи як овози дар мобайнашон омада аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Овозҳои мазкур ин калимаҳоро аз ду ҷиҳат фарқ кунонидаанд: якум, аз ҷиҳати маъно, дуюм, аз ҷиҳати шакл.
Чунончи, калимаи дар аз калимаи дор шаклан бо садоноки а, вале калимаи дор аз дар бо садоноки о фарқ мекунад. Албатта, бо садонокҳои а ва о аз ҳамдигар фарқ кардани ин ду калима (дар ва дор) ба шакли зоҳирии онҳо дахл дорад. Аммо ин дар як вақт боиси маъноҳои гуногунро ифода намудани калимаҳои мазкур низ гардидааст.
Ҳамин тавр, дар мисоли шарҳи тағйироти шаклию маъноии калимаҳои дар ва дор дар хонандагон тасаввуроти комил оид ба овозҳо ба вуҷуд овардан имконпазир мегардад. Дар мисоли калимаҳои дар ва дор шарҳ додани мафҳуми хурдтарин воҳиди нутқ будани овоз, дар калимаҳои дур, дер ва мисолҳои дар бастҳои б) ва в) омада хонандагон овозҳои асосӣ, яъне, ҳамон овозҳоеро, ки он калимаҳоро аз рӯйи шаклу маъно аз ҳамдигар фарқ кунонидаанд, муайян ва бо кумаки андаки муаллим маънидод хоҳанд кард.
Ду саволи дигар ба масъалаи ҳарфҳои е, ё, ю, я марбут аст, ки дар забоншиносӣ бо унвони ётбарсарҳо эътироф шудаанд.
Барои ба саволи аввал ҷавоб додан муаллимро зарур аст, ки дар тахтаи синф дар рӯ ба рӯи ҳар як ҳарфи ётбарсар аломати мусовӣ (баробар) гузошта, овозҳои воқеии таркиби онро ҳам нависад, ки дар маҷмуъ, нақшаи хурде дар чунин шакл пайдо мешавад:
Е=ЙЭ; Ё=ЙО Ю=ЙУ Я=ЙА
Муаллим ин нақшаро бояд чунин шарҳ диҳад: Ин ҳарфҳо ҳар кадом таркибан аз ду овоз, масалан, е аз овозҳои й ва э, ё аз овозҳои й ва о, ю аз й ва у, вале я аз овозҳои й ва а ташкил ёфтааст.
Чунонки мушоҳида кардед, овози аввали ҳамаи ин чаҳор ҳарфро ҳамсадои й, ки номаш йот аст, ташкил додааст. Агар синоними калимаи аввалро бо калимаи cap иваз кунем, дар ин сурат метавон гуфт, ки овози якум ё худ сари ётбарсарҳоро ҳамсадои й ташкил додааст. Маҳз ба ҳамин сабаб е, ё, ю, я ҳарфҳои ётбарсар номида шудаанд.
Ҷавоб ба саволи дувум: аз шарҳи муаллим хонандагон бояд фаҳманд, ки ҳар як овози нутқ дар ҳар як забон танҳо як маротиба ба ҳисоб гирифта мешавад. Чунончи, аз овозҳои дар таркиби ётбарсарҳо буда овози й (й), ки овози аввали ҳамаи онҳоро ташкил медиҳад, дар таснифоти овозҳои нутқи забони тоҷикӣ ҳамчун овози ҳамсадову овозҳои дуюми онҳо — а, о, у, э ҳамчун овозҳои садонок ба ҳисоб гирифта шудаанд. Бо ҳамин сабаб, овозҳои дар таркиби ётбарсарҳо буда бори дигар ҳамчун овозҳои махсуси нутқ ба эътибор гирифта намешаванд.
Ҷавоб ба саволҳои «Барои чӣ ҳамсадоҳоро ба гурӯҳи ҳамсадоҳои чарангнок ва беҷаранг ҷудо кардаанд? Масалан, чаро б ҳамсадои ҷарангнок асту п ҳамсадои беҷаранг?» низ барои омӯзгорон мушкил аст. Ин ҷо нахуст диққати алоқамандони соҳаро ба маълумоте, ки дар саҳифаи 31-и нашри китоби дарсии «Забони тоҷикӣ» барои синфи V (с. 2013) доир ба ҳамсадои ҷарангнок ва беҷаранг дода шудааст, ҷалб менамоем. «Ҳамсадоҳоро аз рӯйи иштироки садо ва шавшув ба ҷарангдору беҷаранг ҷудо мекунанд. Ҳамсадоҳои ҷарангдор бо лаҳн (овоз, наво) ва ҳамсадоҳои беҷаранг бе лаҳн талаффуз мешаванд».
Дуруст аст, ки ҳамсадоҳоро мутахассисони соҳа аз рӯйи иштироки садо ва шавшув ба ду гурӯҳ — ҷарангнок (на ҷарангдор — С. Ш.) ва беҷаранг ҷудо намудаанд. Аммо ҷумлаи дуюм ё худ назарияи доир ба тарзи ташкил ёфтани ҳамсадоҳои ҷарангноку беҷаранг пешниҳоднамудаи муаллифони китоби мазкур ҳам аз диди забоншиносӣ ва ҳам аз диди мантиқ нодуруст аст. Аз диди забоншиносӣ олимон таъкид намудаанд, ки ҳамсадоҳои ҷарангнок аз садо ва шавшув (на аз лаҳн ё овоз ва наво — С. Ш.) ташкил меёбанду ҳамсадоҳои беҷаранг танҳо аз шавшув. Аз ҷиҳати мантиқ бошад, «…ҳамсадои беҷаранг бе лаҳн талаффуз мешавад» гуфтан нодуруст. Мулоҳиза кунед:
— Кадом ҳамсадо ҳаст, ки онро бе лаҳн ё худ бе овоз талаффуз кардан имкон дорад? Ҷавоб: — Чунин ҳамсадо вуҷуд надорад.
Бояд гуфт, ки таърифи ҳамсадоҳои ҷарангнок ва беҷаранг дар саҳифаи 31-и нашри соли 2008-и китоби дарсии «Забони тоҷикӣ» барои синфи V, ки муаллифи он низ муаллифони ҳамин нашри охири китоби дарсии «Забони тоҷикӣ»-анд, дуруст пешниҳод шуда буд. Масалан, дар чунин шаклу мазмун: Ҳамсадоҳое, ки аз садо ва шавшув ташкил ёфтаанд, ҷарангноканд.
Ҳамсадоҳои ҷарангнок сездаҳ­тоанд: б, в, г, ғ, д, ж, з, й, л, м, н, р, ҷ.
Ҳамсадоҳое, ки танҳо аз шавшув ташкил ёфтаанд, беҷаранганд.
Ҳамсадоҳои беҷаранг даҳтоанд: п, т, к, к, ч, с, ш, х, ҳ, ф».
Инак, дар ҷавоб ба ду саволи боло таъкид мекунем, ки гарчи дар нашри соли
2008-и ин китоби дарсӣ таърифи ҳамса­доҳои ҷарангноку беҷаранг аз ҷиҳати илмӣ дуруст пешниҳод шуда бошад ҳам, омӯзгорон дар шарҳи чӣ тавр аз садо ва шавшув ташкил ёфтани ҳамсадоҳои ҷарангноку танҳо аз шавшув ташкил ёфтани ҳамсадоҳои беҷаранг, (масалан, дар кадом асос б-ро ҳамсадои ҷарангноку п-ро ҳамсадои беҷаранг номидан) ба мушкилӣ рӯ ба рӯ мешаванд.
Доир ба ин ҳар ду савол, аввалан, ба хонандагон бояд фаҳмонд, ки зери мафҳуми садо овозҳои ҷарангосӣ, вале шавшув овозҳои пасти хиширосӣ дар мадди назар аст. Дар заминаи чунин маънидод намудани мафҳумҳои садо ва шавшув барои донистани он, ки ҳамсадоҳои ҷарангнок, масалан, ҷарангноки б аз садо ва шавшув ташкил ёфтаасту беҷаранги п танҳо аз шавшув, муаллим ба хонандагон бояд чунин муроҷиат кунад: — Бачаҳо, ҳоло ман ҳамсадоҳои ҷарангноки б ва беҷаранги п-ро дар алоҳидагӣ, аввал баланд ва баъд оҳиста- оҳиста паст ва боз ҳам пасттар талаффуз мекунам. Шумо диққат диҳед, ки дар ниҳояти паст талаффуз карданам ин ҳамсадоҳо ба кадом ҳамсадоҳо табдил меёбанд?
Пас аз омода намудани хонандагон ба нуқтаи фавқ муаллим он ҳамсадоҳоро талаффуз намуда, дар охир мепурсад:
— Ку, кӣ мегӯяд? Дар ҳолати ниҳоят паст талаффуз намудан ҳамсадоҳои мазкур ба кадом ҳамсадоҳо табдил ёфтанд?
Албатта, аксар чунин ҷавоб медиҳанд:
– Ҳамсадои ҷарангноки б ба ҳам­садои беҷаранги п. Лекин ҳамсадои беҷаранги п тағйир наёфт.
— Дуруст! — таъкид мекунад муаллим ва иловатан мегӯяд: — Барои он ҳамсадои ҷарангноки б ба ҳамсадои беҷаранги п табдил ёфт, ки дар ҳолати ниҳоят паст талаффуз кардан аз он садо соқит гардида, танҳо шавшуваш боқӣ мемонад ва ана он ба ҳамсадои беҷаранги п табдил меёбад. Аз ин рӯ, дар сурати чун ҳамсадои б талаффуз намудан ҳамсадоҳои ҷарангноки в, г, г, д, ж, з, ч низ ба ҳамсадоҳои беҷаранг монанд мешаванд.
Чунончи, в ба ф, г ба к, ғ ба х, д ба т, ж ба ш, з ба с, ҷ ба ч, ки дар натиҷа ҷуфтҳои ҳамсадоҳои ҷарангнок ва беҷаранг ташаккул меёбанд.
Чун шарҳи муаллим ба ин ҷо мерасад, барои тасдиқи фикраш аз чанд хонанда хоҳиш мекунад, ки ду-се ҳамсадои ҷарангнокро, масалан, ҳамсадоҳои в, д, з-ро, тавре ки ӯ ҳамсадои б-ро талаффуз карда буд, талаффуз намуда, бовар ҳосил намоянд, ки воқеан, онҳо ҳам ба ҳамсадоҳои беҷаранг монандӣ пайдо мекардаанд.
Баъдан чунин шарҳи муаллим зарурат дорад:
– Чунонки таъкид намудам, таркибан ҳам­садоҳои беҷаранг танҳо аз шавшув ё худ аз овозҳои пасти хиширосӣ ташкил меёбанд. Аз ин ҷиҳат, ҳамсадои и, ки беҷаранг аст, дар натиҷаи ниҳоят паст талаффуз намудан ягон хел тағйир наёфт. Чун ин ҳамсадо ҳамсадоҳои беҷаранги дигар низ дар мавриди паст талаффуз кардан тағйир намеёбанд.
Масъалаи ба гурӯҳи овозҳои нутқи забони тоҷикӣ ворид нашудани ӣ-и заданок (на й-и дароз – С. Ш.) ва аломати сакта (ъ) андак нозукӣ дорад, ки шарҳаш чандон душвор нест: дар бобати ӣ-и заданок таъкид бояд кард, ки дар асл, дар забони тоҷикӣ танҳо якто овози и мавҷуд аст. Вале ба ҷуз он ки ин овоз дар аввал ва мобайн (имрӯз, ибтидо, хоҳиш)-и калима низ меояд, дар охири калима омада, ҳамчун бандаки изофӣ (китоби шавқовар, оби баҳр) барои алоқаманд кардани калимаҳо хидмат мекунад. Ғайр аз ин, овози и боз хусусиятҳои дигарро доро мебошад. Он ҷузъи ҳатмии охири решаи калима, суффикс (пасванд)-и калимасоз ва ҷузъи суффиксҳои калимасоз шуда, инчунин, ба ҳайси бандаки феълӣ ва хабарӣ меояд.
Маҳз дар сурати ҷузъи ҳатмии охири реша (моҳӣ, шоҳӣ, холӣ), суффикси калимасоз (сӯзанӣ, равшанӣ, Ҷомӣ) ва бандакҳои хабариву феълӣ (омадӣ-омадаӣ, рафтӣ-рафтаӣ) шуда омаданаш ин овоз дароз талаффуз карда мешавад, яъне ба он задаи ҳиҷоӣ мегузоранд. Дар чунин мавридҳо дар навишт барои онро аз и-и муқаррарӣ фарқ кардан ба болояш хатча (-) мекашанд. Ба ҳамин сабаб, онро ӣ-и заданок меноманд. Вале дар талаффузи озод ин ҳар ду (и, ӣ) як хел: и талаффуз мешаванд. Бо сабабҳои мазкур ӣ-и заданок дар алифбои забони тоҷикӣ танҳо ҳамчун ҳарф қабул гардидааст.
Дар бобати овоз ё худ ҳарф донистани аломати сакта (ъ) дар адабиёти илмӣ ақидаҳо гуногунанд. Баъзеҳо мавриди овози халқӣ шуданашро, масалан, чун дар калимаҳои даъват, таърих, маъно ба инобат гирифта, ба гурӯҳи ҳамсадоҳои ҷарангнок (на беҷаранг чун дар нашри охири китоби «Забони тоҷикӣ» барои синфи V– С. Ш.), гурӯҳи дигар дар баъзе калимаҳо танҳо ҳамчун ҳарф (санъат, масъул, масъала) будани онро дар мадди назар дошта, ба ҳарф будани он ишора кардаанд.
Мо тарафдори фикри гурӯҳи дуввум ҳастем. Бигзор, аломати сакта (ъ) дар таснифоти алифбои забони тоҷикӣ ҳамчун ҳарф ба ҳисоб гирифта шуда, дар ҷараёни таълим мавридҳои овози ҳалқӣ (даъво, раъно, муъҷиза) ва танҳо ҳарф дониста шудани он дар калимаҳо (машъал, ҷамъият, инъом) аз тарафи омӯзгорон шарҳ дода шавад.
Ин ҳама нуктаҳое, ки мо ҳамчун шарҳи масъалаҳои таълимашон мушкили фонетикаи забони тоҷикӣ рӯйи коғаз овардем, аслан, дар мавриди баёни мавзуъ аз тарафи муаллим ба хонандагон тавзеҳ бахшида мешаванд. Дар лаҳзаи мустаҳкамкунӣ ва пурсиши дарс шарҳи батакрор нуктаҳои фавқ бояд бо масъулияти баланд ба роҳ монда шавад. Дар лаҳзаҳои мазкур зимни машқу супоришҳои китоби дарсӣ ва матнҳои аз дигар маъхазҳо баргузидаи муаллим аз ду навъи гузаронидани таҳлили фонетикӣ (шифоҳӣ ва хаттӣ), ба ақидаи методисти машҳури рус, академик А. В. Текучев, аз усули шифоҳии он бештар истифода бурдан тавсия гардидааст, ки ин усул, бешубҳа, ба мақсади таълими фасли «Фонетика» мувофиқтар дониста мешавад.
Саидбой ШЕРБОЕВ,
узви вобастаи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон