Низоми баҳодиҳии бисёрхола яке аз маъмултарин низомҳои баҳодиҳӣ дар ҷаҳон ба ҳисоб рафта, дар муассисаҳои таълимии гуногун (мактабҳои таҳсилоти миёна, коллеҷҳо, донишгоҳҳо) истифода мешавад. Низоми баҳодиҳии даҳхола ба донишҷӯён/хонандагон имкон медиҳад, ки донишу малака ва маҳорати худро зимни санҷишҳои гуногун (пурсишҳо, тестҳо, имтиҳонҳо) муайян кунанд. Баҳоҳо одатан аз 0 то 10 буда, 10 баҳои баландтарин аст.
Низоми бисёрхолаи баҳодиҳӣ дар Тоҷикистон бо дастури Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз аз соли 2014 оғоз гардида, мақсади асосии он ворид шудан ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ, муайян кардани сатҳи воқеии донишу малакаи хонандагон ва ҳавасманд гардонидани онҳо ба раванди таълим мебошад. Озмоиши низоми 10-хола дар 140 муассисаи таълимии озмоишӣ дар саросари кишвар (бо иштироки 491 омӯзгор ва 6563 хонанда) гузаронида шудааст.
Зарурат ва сабабҳои гузариш ба низоми 10-хола
1. Нокифоягии низоми 5-холаи баҳогузорӣ яке аз сабабҳои асосии гузариш ба низоми 10-хола мебошад. Низоми кӯҳна танҳо чаҳор баҳоро (2, 3, 4, 5) пешниҳод мекард, ки барои арзёбии дақиқ ва ҳамаҷонибаи дониш, малака ва маҳорати хонандагон кофӣ набуд. Ин маҳдудият боиси он мегардид, ки омӯзгорон дар амалия баҳоҳои мобайниро, ба монанди «+4» ё «–3» истифода баранд. Ин гуна баҳоҳо расман эътироф нашуда буданд ва на ҳамеша сатҳи воқеии дониши хонандаро инъикос мекарданд. Дар натиҷа, байни хонандагоне, ки баҳои «3» мегирифтанд, фарқияти назаррас вуҷуд дошт. Яке метавонист, баҳои хуб ба даст оварад, аммо бо сабаби чанд хатоии ночиз «4» нагирад, дар ҳоле ки дигаре дониши хеле заиф дошта бошад ва ба зӯр баҳои «3» гирад. Низоми 5-хола ин фарқиятҳоро ба назар намегирифт ва шаффофиятро дар раванди баҳогузорӣ коҳиш медод. Гузариш ба низоми 10-хола ин мушкилотро ҳал карда, имкон медиҳад, ки дониш ва кӯшиши хонандагон одилона ва дақиқ арзёбӣ гардад.
2. Тавре ки дар таҳлилҳо ва озмоишҳо мушоҳида шуд, низоми нави 10-холаи баҳогузорӣ омили муҳимме дар таъмини шаффофият ва афзоиши ҳавасмандии хонандагон ба ҳисоб меравад. Дар низоми 5-холаи анъанавӣ муайян кардани сатҳи дониши воқеии хонанда душвор буд, зеро як баҳо (масалан, «4») метавонист дониши мукаммал ва ҳам дониши миёнаро дарбар гирад. Ин ҳолат боиси нофаҳмиҳо ва ҳатто норизоияти хонандагону волидайн мегардид. Бо ҷорӣ шудани низоми 10-хола, ҳар як хол аз 1 то 10 меъёрҳои дақиқ ва мушаххаси худро дорад. Ин имкон медиҳад, ки омӯзгор дониши хонандаро бо сатҳи баландтарин (10) ё сатҳи миёна (масалан, 6 ё 7) одилона ва бидуни нофаҳмӣ арзёбӣ кунад. Шаффофияти ин низом дар он зоҳир мегардад, ки хонанда ба таври возеҳ мефаҳмад, ки чаро ба ӯ 8 хол дода шудааст, на 9 ва чӣ бояд кард, то холи баландтар ба даст орад. Ҳамин шаффофият дар навбати худ боиси афзоиши ҳавасмандии хонандагон мегардад. Хонанда дигар аз «тарси доимӣ» аз баҳои паст ранҷ намекашад, балки имкони воқеии беҳтар кардани натиҷаҳои худро мебинад. Масалан, агар хонандае 5 хол гирад, ин ба ӯ нишон медиҳад, ки донишаш кофист, аммо барои гирифтани 6 ё 7 хол, ки сатҳи «қаноатбахш» ва «хуб» мебошад, бояд бештар кӯшиш кунад. Ин раванд тадриҷан боиси рушди худшиносӣ ва масъулиятшиносии хонанда мегардад, зеро ӯ медонад, ки кӯшиши иловагии ӯ ҳатман бо баҳои одилона қадр карда мешавад. Инчунин, ин низом имкониятҳои зиёдеро барои омӯзиши мустақил ва худташаккулдиҳӣ фароҳам меорад, ки дар маҷмуъ, ба баланд бардоштани сифати таҳсилот мусоидат мекунад.
3. Гузариш ба низоми 10-холаи баҳогузорӣ на танҳо як тағйироти дохилӣ дар низоми маорифи Тоҷикистон аст, балки як қадами муҳим барои ҳамоҳангсозӣ бо стандартҳои ҷаҳонӣ мебошад. Бисёре аз кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон муддати тӯлонӣ аст, ки аз низомҳои баҳогузории бисёрхола (масалан, 10-хола, 12-хола ё 100-хола) истифода мебаранд. Ин низомҳо имкон медиҳанд, ки сатҳи дониши хонандагон дақиқтар ва шаффофтару воқеитар арзёбӣ гардад. Ҳамоҳангсозии низоми баҳогузорӣ бо меъёрҳои байналмилалӣ барои хонандагони тоҷик имкониятҳои наверо боз мекунад. Аз ҷумла, вақте ки хатмкунандагони мактабҳои Тоҷикистон мехоҳанд таҳсилоти худро дар мактабҳои хориҷӣ идома диҳанд, баҳоҳои онҳо бо низомҳои байналмилалӣ муқоисашаванда мегарданд. Ин раванд эътирофи ҳуҷҷатҳои таҳсилоти онҳоро осон месозад ва ба онҳо имкон медиҳад, ки дар бозори таҳсилоти ҷаҳонӣ рақобатпазиртар бошанд. Илова бар ин, ҳамоҳангсозӣ ба муассисаҳои таълимии кишвар имкон медиҳад, ки дар лоиҳаҳои байналмилалӣ, барномаҳои табодули донишҷӯ ва ҳамкориҳои илмӣ бо мактабу донишгоҳҳои хориҷӣ фаъолона иштирок кунанд. Тавассути ин низом сатҳи рушди маорифи Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ ба осонӣ арзёбӣ мегардад. Ҳамчунин, ба татбиқи босамари Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 мусоидат мекунад.
Тағйирёбии низоми баҳогузорӣ аз панҷхола ба даҳхола дар системаи маорифи Тоҷикистон ба далели бартариҳои муҳимми он, ки ба баланд бардоштани сифати таҳсилот равона шудаанд, амалӣ гардидааст. Ин низом, ки дар асоси таҷрибаи байналмилалӣ коркард шудааст, дорои вижагиҳои академии муҳим мебошад.
Бартариҳои асосии низоми баҳодиҳии даҳхола
1. Шаффофият ва дастрасии мафҳумӣ. Низоми даҳхола нисбат ба низоми анъанавии панҷхола барои ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор (хонандагон, омӯзгорон ва волидайн) фаҳмо ва дастрас аст. Баҳоҳои ин низом дар як миқёси васеътар ҷойгир шудаанд, ки ин баҳогузории нисбатан дақиқро таъмин менамояд. Ҳар як баҳо, аз 1 то 10 як сатҳи мушаххаси донишро ифода мекунад. Ин ба омӯзгорон имкон медиҳад, ки байни сатҳҳои гуногуни дониш фарқияти равшан гузоранд, ки дар низоми панҷхола бо баҳоҳои монанди «3» ё «4» пурра ифода намеёфт. Ба ин васила, хонанда ва волидайн метавонанд сатҳи воқеии донишро бо возеҳият дарк кунанд ва барои беҳтар кардани он тадбирҳои мувофиқ андешанд.
2. Шаффофият ва бетарафӣ. Яке аз бартариҳои калидии низоми даҳхола, зиёд шудани сатҳи шаффофияти баҳогузорӣ мебошад. Ин низом ба омӯзгорон имкон медиҳад, ки арзёбиро дар асоси меъёрҳои мушаххас ва дақиқ амалӣ созанд. Меъёрҳои баҳогузорӣ барои ҳар як фан ва мавзуъ таҳия шуда, баҳогузориро аз ақидаҳои шахсӣ ё субъективии омӯзгор ҷудо мекунад. Ин меъёрҳо барои баҳодиҳии ҷавобҳои шифоҳӣ, хаттӣ, корҳои амалӣ ва санҷишӣ истифода мешаванд, ки баҳои ниҳоиро бо арзёбии объективӣ ва бетараф муайян месозанд. Ин равиш боиси коҳиш ёфтани баҳсҳо ва эътирозҳо оид ба баҳоҳо мегардад.
3. Стандартӣ ва муқоисашаванда будан. Низоми даҳхола имконияти стандартизатсияи баҳогузориро дар саросари муассисаҳои таълимии кишвар фароҳам меорад. Ин маънои онро дорад, ки меъёрҳои баҳодиҳӣ дар ҳамаи мактабҳо якхела буда, баҳои якхела (масалан, ҳашт) дар ҳамаи муассисаҳо як сатҳи донишро ифода мекунад. Ин муқоисаи дониши хонандагонро дар сатҳи миллӣ осон мегардонад. Муқоисашавандагӣ на танҳо баҳодиҳии инфиродии хонандагонро дар дохили синф имконпазир месозад, балки барои муайян кардани сатҳи дониши хонандагон дар байни мактабҳои гуногун ва минтақаҳои кишвар низ мусоидат мекунад. Ин омил барои қабули қарорҳои дуруст дар сатҳи сиёсати маориф, таҳияи барномаҳои таълимӣ ва рушди бонизоми системаи маориф аҳаммияти калон дорад.
Пешниҳод
Барои баланд бардоштани самаранокии низоми баҳодиҳии даҳхола корҳои зеринро анҷом бояд дод:
1. Интегратсияи усулҳои гуногуни баҳодиҳӣ. Барои арзёбии ҳамаҷонибаи дониш ва маҳорати хонандагон, истифодаи танҳо як намуди баҳогузорӣ, масалан, имтиҳони ниҳоӣ кофӣ нест. Аз ин рӯ, пешниҳод мегардад, ки низоми даҳхола бо усулҳои арзёбии ташаккулдиҳанда (формативӣ) ва арзёбии ҷамъбастӣ (суммативӣ) муттаҳид карда шавад.
Арзёбии ташаккулдиҳанда ба омӯзгорон имкон медиҳад, ки пешрафти хонандагонро дар давоми тамоми раванди таълим пайгирӣ кунанд. Ин усул баҳогузории ҷориро дарбар мегирад, ки тавассути он омӯзгор метавонад мушкилоти хонандаро саривақт ошкор намуда, ба ӯ барои азхудкунии беҳтари мавзуъ кумак расонад. Масалан, баҳоҳо барои иштирок дар дарс, иҷрои супоришҳои хурд ва корҳои мустақил баҳоҳои ташаккулдиҳанда мебошанд.
Арзёбии ҷамъбастӣ барои муайян кардани сатҳи дониш дар охири як марҳалаи муайяни таълим (масалан, дар охири чоряк, нимсола ё охири сол) истифода мешавад. Ин баҳогузорӣ натиҷаи ниҳоии омӯзиши хонандаро нишон медиҳад. Ин таркиб имкон медиҳад, ки на танҳо натиҷаи ниҳоӣ, балки тамоми раванди омӯзиш низ баҳогузорӣ шавад.
2. Истифодаи рубрикаҳои баҳодиҳӣ. Барои коҳиш додани субъективияти омӯзгорон ва баланд бардоштани объективияти баҳогузорӣ, истифодаи рубрикаҳо ё ҷадвалҳои баҳодиҳии муфассал ҳатмӣ аст. Рубрикаҳо як маҷмуи меъёрҳои мушаххас мебошанд, ки барои ҳар як намуди кор (масалан, иншо, лоиҳа ё муаррифӣ) таҳия карда мешаванд. Дар ин рубрикаҳо барои ҳар як хол (аз 1 то 10) тавсифи дақиқ оварда мешавад, ки чӣ гуна дониш ва маҳорат ба он мувофиқат мекунад.
Масалан, барои баҳои «10» дар иншо меъёрҳо чунин муайян карда мешаванд: «Мазмуни пурра ва ҳамаҷониба, хатоиҳои имлоӣ ва грамматикӣ вуҷуд надоранд, услуби навишт озод ва ҷолиб аст». Барои баҳои «6»: «Мазмун нопурра, дорои як ё ду хатоии ҷиддии имлоӣ, услуб заиф аст».
Ин равиш ба омӯзгорон имкон медиҳад, ки баҳоро на аз рӯйи эҳсосот, балки дар асоси меъёрҳои дақиқ ва стандартишуда гузоранд.
3. Таълими мунтазами омӯзгорон. Муваффақияти ҳар як низоми нав ба сатҳи омодагии мутахассисони он вобаста аст. Аз ин рӯ, омӯзиши мунтазами омӯзгорон дар мавзуи баҳодиҳии даҳхола ва тарзи дуруст истифода бурдани он ба ҳалли мушкилоти зиёд кумак мерасонад. Ин омӯзиш бояд дар шакли семинарҳо, курсҳои бозомӯзӣ ва машваратҳои инфиродӣ доир гашта, ба он равона шавад, ки омӯзгорон:
– мафҳуми асосии низоми даҳхоларо дарк кунанд;
– рубрикаҳои баҳодиҳиро дуруст таҳия ва татбиқ намоянд;
– усулҳои гуногуни баҳодиҳӣ (ташаккулдиҳанда ва ҷамъбастӣ)-ро самаранок истифода баранд.
Шодӣ Сафаров,
президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон,
Наимҷон Абдурашитов,
мудири шуъбаи инноватсия ва психологияи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон,
Набӣ Қодиров,
мутахассиси пешбари шуъбаи фанҳои табиатшиносӣ ва дақиқи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон