Нашрияи Омӯзгор

Иди кишоварзон

Сана: 2021-10-20        Дида шуд: 732        Шарҳ: 0

 

Аз рўи маълумотҳои таърихӣ таҷлили ҷашни Меҳргон аз замони давлатдории Сосониён ибтидо мегирад. Ишора мешавад, ки Ҳурмуз, писари Шопури Сосонӣ, ин идро ботантана таҷлил менамуд. Ин оини неки мардуми эронинажод ба аҳли санъат, ҳунар ва мусиқӣ низ таъсир мерасонд: дорбозон, базлагўён, ҳозирҷавобон, аскиячиҳо, паҳлавонони халқӣ маҳорату салиқаи худро нишон медоданд ва шоистаи таҳсину офарин мегардиданд.

Бояд иқрор шуд, ки иди Меҳргонро шоирони адабиёти классикии форсу тоҷик зиёд васф намудаанд. Аз қавли сарчашмаҳои таърихӣ, дар бахши мусиқӣ ва санъат, оҳанги «Меҳргон» вуҷуд доштааст. Бар замми ин, дар замони зиндагии Борбади Марвазӣ танинандоз будани оҳанги дилпазири «Меҳргони бузург» дар таърихномаҳо оварда шудааст. Бесабаб нест, ки устоди шоирон Абуабдулло Рўдакӣ иду маросимҳои гузаштагон – Наврўзу Сада ва Меҳргонро тараннум намуда, дар сифати Меҳргон гуфтааст:

Малико, ҷашни Меҳргон омад,

Ҷашни Шоҳону Хусравон омад.

Мувофиқи солшумории ниёгонамон, агар 21-уми март ҷашни Наврўз ҳамчун оғози сол таҷлил гардида, деҳқонону кишоварзон дони умед коранд, ҳосили онро дар фасли тирамоҳ, яъне 22-юми сентябр, ки оғози моҳи Меҳр аст, ҷамъоварӣ менамоянд. Аз ин рў, ҷашни Меҳргонро ҷашни ҳосил низ меноманд. Ҳосил бошад, дастранҷи кишоварзу боғдорон мебошад.

Чӣ тавре ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд: «Меҳргон яке аз куҳантарии ҷашнҳои мардуми ориёинажод буда, гузаштагонамон онро ҳамчун ситоишу ниёиши Меҳр ё Митр ва рамзи аҳду паймон ва дўстиву муҳаббати оини меҳрпарастӣ таъбир кардаанд. Меҳргон иди ҷамъоварии ҳосили рўёндаи деҳқон, иди фаровонӣ, шодию нишот, дўстию рафоқат, ваҳдату ягонагӣ ва меҳру садоқат аст». Дар ин бобат Масъуди Саъди Салмон хуш гуфтааст:

Меҳрубонӣ кун ба ҷашни Меҳргону рўзи меҳр,

 Меҳрубонӣ беҳ ба рўзи меҳру ҷашни Меҳргон.

Боиси хушист, ки кормандони пажўҳишгоҳи мо иди Меҳргони файзборро бо меҳру муҳаббат, рафоқату ваҳдат ва сулҳу осоиши бардавоми миллӣ ва дастархон оростану шукр ба ҷой овардан табдил додаанд. Ин ҳам натиҷаи сиёсати собитқадамонаи давлати мост, ки халқро муттаҳиду зафарманд ва якдилу ҳаммаслак гардонида, асолати неки гузаштагонро пос медорад.

Хулоса, аз баракати истиқлол ва муттаҳидии халқ, осоиши бардавом ва ҳамдиливу ҳамраъйии мардум, бар асари бунёдкориву созандагӣ, нияту ҳадафҳои неки мардуми дилсўзи Ватан, сарҷамъиву ваҳдати миллат, анъанаҳои хубу шоёни гузаштагон эҳё гашта, зиндагиро нур бахшидаанд.

Ходимони илмии Институти хокшиносии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон кўшиш ба харҷ медиҳанд, ки ҳамасола ҷашни муқаддаси ниёгонамон - Меҳргонро бо дастовардҳои назаррас пешвоз гиранд.

Ҳоло дар айёми фарорасии иди Меҳргон офтоб ба бурҷи Мизон расида, замин-модар меҳрашро тавассути ҳосили зироат, меваҳои шаҳдбор ба ҳамагон ҳадя мекунад.

Идҳои суннатию таърихии аҷдодонамон маҳз дар замони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав эҳё гардида, ҳар сол бо фаро расидани тирамоҳи заррин яке аз ин идҳои бузург, ҷашни Меҳргон бо шукўҳу тантанаи хосса таҷлил мегардад.

 Ш. ХОҶАЕВ,

директори Институти

хокшиносӣ ва

агрохимияи АИКТ,

Т. ХОҶАЗОД,

рўзноманигор

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш