Нашрияи Омӯзгор

Раҳбару омўзгори комёб

Сана: 2021-10-20        Дида шуд: 733        Шарҳ: 0

 

Нигора Сулаймонова   хатмкардаи факултаи химияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, беш аз даҳ сол аст, ки дар таълимгоҳҳои шаҳри Душанбе фаъолияти пурбору бавусъат дорад. Дар мактабҳои №№67, 54, 79, 1 ва 55 -и пойтахт ба сифати омўзгори химия ва технологияи иттилоотӣ, ҷонишини директор кор кардаву дар таълиму тарбияи шогирдони фаъол  нақши шоиста гузоштааст. Аз моҳи июни соли равон дар вазифаи директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №52-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ кор мекунад. Дар байни аҳли маорифи пойтахт  ҳамчун омўзгор ва раҳбари соҳибхираду фазилатманд ва тозакору навовар шинохта шудааст. Пайваста кўшиш бар он дорад, ки сифати таълиму тарбия баланд бошад ва дар дабистон барои таҳсили шогирдон ва фаъолияти устодон шароити созгор фароҳам оварда шавад. Ҷонибдори татбиқи васеи усулҳои фаъоли таълим ва усули тадриси босалоҳият мебошад ва ба худомўзии устодон таваҷҷуҳи хоса дорад.

Нигора Сулаймонова омўзгори  эҷодкор аст ва ҳамбаста бо фаъолияти роҳбарию омўзгории   ҳамарўзааш, ба  таҳияву эҷоди мақолаҳои методӣ ва лавҳаю хабарҳо машғул мешавад. Намунаҳои нигоштаҳояш дар матбуоти кишвар рўи чоп омадаанд. Дар зер мақолаи тозаэҷоди ин устоди варзидаро оварда, барояш идомаи фаъолияти пурфайз таманно мекунем.

 

Меҳргоно, меҳр афзой!

Тамаддуну фарҳанги халқи тоҷик хеле дерину рангин аст ва аз ҷумла, маросиму ҷашнҳои ҷолибу пурмуҳтавоеро фаро мегирад. Ҷашнҳои фархундаи миллии тоҷикон - Наврўзу Меҳргон, Садаю Тиргон ҳазорсолаҳост, ки бо шукўҳу тантана таҷлил мешаванд. Ҳар яке аз ин ҷашнҳо мазмуну сохтор, таъриху анъана ва махсусиятҳои худро доранд ва бо таъриху ҳастиву фаъолияту тарзи зиндагии мардум иртиботманданд ва дар марҳилаҳои гуногуни сол баргузор мегарданд. Меҳргон низ аз ҷумлаи ҷашнҳои мардумию писандидаи тоҷикон буда, маъмулан дар фасли тирамоҳ, пас аз гирдоварии ҳосил таҷлил мешавад. Дар бораи Меҳргон ва таъриху таркиби он аҳли таҳқиқ, олимону шоирон нигоштаҳои зиёде ба миён овардаанд. Абулқосим Фирдавсӣ, ҳамосасарои бузургу тавоно, дар «Шоҳнома»-и безаволи хеш ишора бар он мекунад, ки пайдоиши Меҳргон ба замони салтанати Ҷамшеду Фаридун марбут аст. Дар аҳди ҳукмронии Сосониён ба анъанаҳои миллӣ арҷ гузошта мешуд ва аз ҷумла, ҷашни Меҳргон мақоми баланд дошт. Ҳурмуз – писари шоҳ Шопури Сосонӣ ба равнақёбии ин ҷашни муборак ҷидду ҷаҳди фаровон ба харҷ дод ва пас аз ў дар замони салтанати Сомониён таҷлили Меҳргон ба авҷи аълояш расид.

Мутобиқи солшумории Яздигурдӣ моҳи панҷуми сол Меҳр номида мешуд. Ниёгонамон рўзи понздаҳуми моҳи меҳрро Рўзи меҳр меномиданд ва маҳз дар ҳамин рўз Меҳргон таҷлил мегардид. Маъмулан ҷашн якчанд рўз (то як ҳафта) идома меёфт. Рўзи аввали ид Меҳргони омма ном дошт ва дар ин рўз оммаи васеи мардум ба ҷашнгоҳ ҳозир мешуданд. Аз ин рўи одату анъана ва мувофиқ ба баъзе боварҳову таълимот дар ҷашни Меҳргон одамон либоси хосаи арғувонӣ ба тан мекашиданд ва ҳамдигарро шодбош гуфта, сурудхонӣ мекарданд.

Ба ифтихори ҷашн дастархонҳо аз матои арғувонӣ (сурх) ороста, онро бо шириниҳо ва анвои ғаллаи солу меваҳои лазиз пур менамуданд. Як анъанаи ҷолиби дигар он буд, ки ба муносибати ҷашни Меҳргон ва барои дастархони идона, ҳунармандони варзида аз ҳафт навъи зироат – гандум, ҷав, арзан, ҷуворӣ, наск, биринҷ ва лўбиё нон мепухтанд ва таманно мекарданд, ки ҳосили гирдовардаашон бобаракату пурфайз бошад.

Дар замони Шўравӣ ҷашни Меҳргон якҷо бо номаш аз ёдҳо фаромўш шуда буду амалан таҷлил намегардид. Дуруст аст, ки дар як давраи муайян ҳангоми тирамоҳ, пас аз ғунучини ҳосил ташкили ҷашнворае бо номи иди Ҳосилот як навъ ҳукми анъанаро гирифта буд, вале он таркибан ва аз лиҳози муҳтавою тарзи таҷлил аз Меҳргон фарсахҳо дур қарор дошт. Танҳо дар айёми соҳибистиқлолии ҷумҳурии азизамон кулли ҷашну оинҳои бостонию миллии халқамон аз нав эҳё шуданд ва бо русуму тариқи анъанавии беш аз ҳазорсолаашон таҷлил мешаванд. Меҳргон ҷашни зебою дилпазир ва камназири ниёгони тамаддунпарвару заҳматкаши мост.

Он бо орзую омол, азму ният ва хостаҳои некманишонаи тоҷикон иртиботи ногусастанӣ дорад. Меҳргон ҷашни суруру шодӣ аз ҳосил, аз серию пурию фаровонӣ, аз комёбиҳо дар давоми сол мебошад ва ҳамбастагӣ бо таманноҳои нек, чун осоиштагию дўстию рафоқат дорад. Решаи номи ин ҷашн аз вожаи меҳр аст ва меҳр ба зиндагию кору ҳамзистиро ифода менамояд. Шоири бузург Масъуди Саъди Салмон бо таманниёти воло нигоштааст:

Рўзи Меҳру моҳи Меҳру ҷашни фаррух - Меҳргон,

Меҳр бифзой, эй нигори моҳчеҳри меҳрубон!

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар зард агар зар будӣ, қадри тилло гард шудӣ.
Сервантес

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш