Нашрияи Омӯзгор

Нотавонбинони истиқлол

Сана: 2021-09-23        Дида шуд: 24        Шарҳ: 0

 

Аз гуфтори Кабирӣ, ки аз тариқи шабакаҳои интернет аз хориҷ истода санги маломат мезанад, чунин бармеояд, ки бо баста шудани ҳизби террористии наҳзат гўё нисфи олам нобуд мегардаду Тоҷикистон ба оташхона табдил меёбад, зеру забар мешавад, ободиҳову бунёдкориҳо ба коми адам мераванд.

Дар воқеъ, истиқболи 30-юмин солгарди Истиқлоли тоҷик чашми ҳасудони наҳзатро кўр кард!

Суботу оромӣ, бунёдкориҳову созандагиҳо, комёбиҳо, пайваста баланд гардидани сатҳи рўзгори мардум оташи кинаи бадхоҳони наҳзатиро баланд афрўхт.

Наҳзатиҳо дар ҳамбастагӣ бо қувваҳои бегонапараст ва эмиссарони кишварҳои исломӣ мақсаду мароми сиёсии худро амалӣ кардан мехоҳанд. Саркардагон ва фаъолони гурўҳҳои мутаассибу ифротгаро забон як карда, бо ин роҳ сафи аъзо ва тарафдорони худро аз ҳисоби ҷавонони камсаводи дунёбехабар дар хориҷи кишвар зиёд кардан мехоҳанд. Аммо тири нопоки онҳо хато хўрд.

Аҷабо, роҳбарияти наҳзат шояд хизмати ҳизбиёнашро дар солҳои 90-уми асри гузашта, ки оташи ҷанги бародаркуширо барафрўхта буданд, фаромўш карда бошад?

Аз «хизмати» ин ҳизб қариб буд, ки Тоҷикистон аз харитаи сиёсии дунё ба боди фано мерафт. Номи баланди миллати тоҷик ба замин зад. На ҳар кас метавонист аз ифтихори миллӣ, шараф, номус, имон, фарҳанг, таърих ва дигар арзишҳои милливу инсонӣ забон кушояд. Мардуми сарбаланди Бадахшон низ шоҳиди манзараи он солҳои шум аст.

Ба гуфти Кабирии хоин, гўё ки «оҳиста-оҳиста масҷидҳо баста мешаванд». Аҷоиб, байни ҳизбу масҷид чӣ алоқамандие аст? Охир, ҳизб ин ташкилоти сиёсӣ аст, ба масҷидҳо ягон рабте надорад, баръакс, наҳзат мехоҳад масҷидҳоро ба манфиати ғаразноки сиёсиаш истифода барад. Гуфтугузорҳои масъулони ҳизби мазкур пардаро аз рўйи асрори наҳзатиён бардоштааст. Касифони наҳзатӣ ободиву тинҷии мамлакатро дида, хуни дил мехўранду намедонанд, ки боз аз кадом идеологияи динӣ - мазҳабӣ истифода намуда, фазои осоиштаи кишварро халалдор намоянд.

 Гулшани САЛОМАТШО,

омўзгор

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Як шохаи гули ток метавонад бӯстони ман бошад, як дӯст - дунёи ман.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш