Нашрияи Омӯзгор

Абдухолиқ Холиқзода: Фурўғбахши ҳаёти мо аҳли маорифанд

Сана: 2021-09-24        Дида шуд: 160        Шарҳ: 0

 

Дар даврони соҳибистиқлолии Ватани азизамон ба шарофати сиёсати хирадмандонаву мардумпарастонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳила ба марҳила ҳар чи бештар онҳое ба арсаи сиёсат ва роҳбарӣ роҳ меёбанд, ки муҳаббати самимӣ ба халқи маҳбубу диёри арҷманд доранд, кордону таҳаммулгаро ва маърифатманду хушмуомилаанд. Аз зумраи чунин роҳбарон аст раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода, ки дар поёни соли гузашта дар ин вазифаи хеле масъул оғози фаъолият намуд…

Охири моҳи август буд. Бо ҳадафи суҳбате оростану ба чанд суоли худ посух дарёфтан дар бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент суроғи раис кардем ва аз роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, ҷавони кушодачеҳраву хушсухан Санъати Тоҳир чунин иттилоъ пайдо намудем: - Раис субҳи барвақт пас аз машварати мухтасар бо кормандон барои шиносоӣ бо вазъи корҳо дар иншооти ҷашнӣ ба гардиши шаҳр баромаданд. Ман ба он кас тавассути телефон аз омадани шумо ва ҳадафатон хабар кардам. Ҳоло дар назди бинои мактаби №47, ки сохтмонаш идома дорад, қарор доштаанд. Гуфтанд, ки агар мухбири муҳтарам хоҳанд, ин ҷо биёянд, суҳбат мекунем, вагарна пас аз як-ду соат ман ба дафтари корам бармегардаму он ҷо вомехўрем.

Дар назди бинои мактаб будани раис барои ман бисёр хушоянд ва айни муддао буд. Он ҷо шитофтам. Раис дар саҳни пурчангу хоки бинои бунёдшавандаи таълимгоҳ қадам зада, ба се – чор нафар ҳамроҳашон (яқин, масъулини сохтмон) бо ишораи даст матлаберо арз медоштанд. Чун чашмашон ба ман афтод, чанд қадам ба сўям гузошта, бо табассум «биёед, биёед, хуш омадед, инак, бо ҳам чанги мактаб мехўрем» гуфтанд. Ҳамагӣ як-ду сухан радду бадал карда будем, ки чор кўдак назди мо ҳозир шуданду боодобона салом доданд ва ҳама бо меҳр ба раис нигаристанд, яқин буд, ки чизе гуфтан мехоҳанд. Ман аз онҳо пурсидам:

- Бачаҳо, ин касро мешиносед?

- Албатта, - баробар ҷавоб доданд хурдтаракони ҷасур.

- Ному насабашонро медонед?

Яке аз бачаҳо даст бардошта гуфт:

- Медонем: раиси шаҳр, ҳар шаб дар телевизиони «Симо» мебинем.

- Офарин, бачаҳо! – гуфтанд раиси шаҳр. – Чизеро пурсидан мехоҳед?

Боз ҳамон бача иброз дошт:

- Мо хонандагони ҳамин мактаб будем. Ҳоло ки бинои он аз нав сохта мешавад, қисме дар мактаби рақами 1 ва қисми дигар дар мактаби рақами 29 мехонем. Мактаби худамон нағз буд, наздик буд. Кай сохтмонаш ба анҷом мерасад?

Раисро бисёр хуш омад сухану ҷасорати хонандагони хурдсол ва муҳаббати онҳо ба таълимгоҳашон. Сари кўдаконро бо меҳр як-як сила карда посух доданд:

- Бачаҳои азиз, медонед, ки бинои мактабатон чӣ аҳволе дошт; куҳнаву рехтаву пуркамукост. Яке аз биноҳои куҳнатарини мактабҳои шаҳр буд. Солҳо боз имкони сохтани бинои нав пайдо намешуд. Акнун мо ба бунёди мактаби нав шуруъ кардем. Мебинем, ки ҳоло корҳо дар қабати якум идома доранд. Мактаби шумо, ки ҳамагӣ аз як қабату 10-12 синфхона иборат буд, дар оянда сеқабата, хуштарҳу зебо ва яке аз бошукўҳтарин таълимгоҳҳои шаҳр мешавад. Мекўшем, ки бо навтарин таҷҳизоти таълимию техникӣ таъмин бошад. Дари бинои мактаби нав дар оғози соли таҳсили дигар (2022-2023) ба сўи шумо боз хоҳад шуд.

Боз кўдаке кунҷкобӣ кард:

- Барвақттар намешавад?

Раис бо табассум ҷавоб доданд: - Медонед, фарзандонам, барои ҳама кор вақту имкон ва омилҳои дигар заруранд. Муаллимонатон мегўянд-ку: «Дер ояду шер ояд». Шумо нағз хонеду таҳсил кунед, илму дониш омўзед, идораи компютерҳоро азхуд намоед, забондон бошед, он гоҳ дар оянда мутахассисони хуб мешавед, ба Ватан хизмати шоиста мекунед. Шояд бинокор мешаведу худ мактаб месозед. Агар бинокори варзидаву тавоно шавед, аз ҷумла, бинои нави мактабҳоро зуд ва бо сифати баланд бунёд хоҳед кард.

Ба шавқ омаданд бачаҳо аз ин суханони раиси шаҳр ва бо ҳавас ба сўи дастаи бинокорон, ки ба сементрезиву хиштчинӣ машғул буданд, нигаристанд. Шояд худро бинокори варзида эҳсос мекарданд ин лаҳзаҳо…

Раиси шаҳр ба бачаҳо оид ба омўзгоронашон, китобу китобхониашон, машғулиятҳояшон дар давраи таътили тобистона чанд савол дода посух дарёфтанд ва хоҳиш карданд, ки ҳар яке қитъае шеър хонанд. Бачаҳо банавбат  шеър хонданд.

- Шумо ҳам шеър медонед? – пурсид хонандае аз раис.

- Албатта, охир, ман ҳам замоне чун шумо мактабхон будам, - дарзамон ҷавоб доданд раис. – Ҳоло ҳам пайваста китоб мехонам, шеърро ҳам дўст медорам. Ана, гўш кунед.

Ва раиси шаҳр қитъаи машҳури Низомии Ганҷавиро, ки  бо мисраи «Он рўз, ки ҳафтсола будӣ»  оғоз меёбад, барои хонандагон ба лаҳни малеҳу муассир хонданд, ки воқеан ҳам, хеле бамавриду ҳадафгир буд.

Кафкўбӣ карданд бачаҳо дар фарҷоми шеърхонии раис.

 - Акнун ман аз пайи идомаи корҳоям мешавам, - ба рамзи анҷоми ин «вохўрии ғайринақшавӣ» гуфтанд раиси шаҳр ба бачаҳо ва таъкид карданд: - Шумо бачаҳои хубу ҳушёру боҷасоратед. Вақтро беҳуда, ба оворагардӣ нагузаронед. Китоб хонед, забон омўзед, кор бо технологияҳои муосирро азхуд намоед. Ҳамин ки дарсҳо оғоз ёфтанд, ман ҳатман ба мактабҳои шумо меравам, баъд суҳбатамонро идома медиҳем.

Раис дастони кўдаконро самимона фишурда, бо онҳо хайрухуш карданд. Бисёр хушам омад ин гуфтугўи самимии раиси шаҳр бо бачаҳо ва эҳтиромамро нисбат ба ин роҳбари хоксору ғамхор афзуд.

Бачаҳо рафтанду боз ману раис бо ҳам мондем. Ман байти машҳури Мавлонои Рум – «Чун сару кори ту бо кўдак фитод, Пас забони кўдакӣ бояд кушод» - ро ёдовар шудам ва ба раис гуфтам, ки бо кўдакон, воқеан ҳам, бисёр табиию самимӣ суҳбат оростед. Гумон кардам, ки шумо замоне омўзгор ҳам будаед.

- Не, омўзгор набудам, мутаассифона, вале кадом касе дар кўдакӣ мафтуни пешаву сухану маърифату маънавияту рафтори устодонаш гардида, орзуи муаллим шудан накардааст?! Омўзгорӣ пешаи наҷиб ва шарафбор аст. Ҳамаи мо ба шарофати хираду заковату муҳаббати устодонамон ба камол расидаву донишу ҳунар омўхтаву дар зиндагӣ ҷойгоҳи шоистаи худро пайдо кардем. Ниёгони барўмандамон барҳақ гуфтаанд:

Агар дар ҷаҳон набвад омўзгор,

Шавад тира аз бехирад рўзгор.

Ҳамсуҳбати ман Абдухолиқ Холиқзода бо камоли эҳтирому эътиқод дар бораи омўзгор ва мавқеи ў дар ҷомеа, дар бораи нақши соҳаи маориф дар ҷомеаи муосир, дар бораи тақвиятбахшии сатҳи маърифати шаҳрвандон… бо истифода аз далелу арқоми фаровон ва ҳикмату абёти бузургон сухан гуфтанд. Мо дар атрофи сохтмони бинои нави таълимгоҳ қадам зада, суҳбатамонро идома бахшидем ва раиси шаҳр дар радифи гуфторашон вобаста ба мавзуъҳои умдаи рўз ба чанд саволи мо посух гуфтанд:

- Раиси муҳтарам, шаҳри Панҷакент имрўз дар чӣ вазъ қарор дорад? Мардумро чӣ рўҳияе фаро гирифта? Шумо ҳамчун роҳбари ноҳия ба кадом масоил бештар таваҷҷуҳ зоҳир менамоед?

- Панҷакент як қисмати Тоҷикистони азиз буда, бо таърихи дерин, манзараҳои дилписанд, мардуми фарҳангпарвар ва тамаддуни беназираш ифтихорманд аст. Дар заминаи таваҷҷуҳи ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳри куҳанбунёди мо пайваста рушд меёбад, ободу зебо мешавад. Ҳоло дар Панҷакент соҳаи саноат батадриҷ вусъат мемеёбад, иқтисодиёту иҷтимоиёт ба марҳалаи тозаи рушд ворид мешаванд, таваҷҷуҳ ба соҳаи сайёҳӣ, маорифу фарҳанг меафзояд. Ривоҷи бунёдкориҳоро бо назар ба ҳар гўшаи шаҳр ва ба ҳар деҳоти ҳудуди он метавон ба мушоҳида гирифт. Мардум ҳаёти осоишта доранд ва бо дасту дили пок меҳнат мекунанд. Ҳоло ҳамагонро рўҳияи идона фаро гирифта; чун тамоми сокинони ҷумҳурӣ мардуми ватандўсти Панҷакент ба фархундаҷашни миллии 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагӣ мегиранд. Дар маҷмўъ, мо беш аз 200 иншооти ҷашнӣ дорем, ки дар чанде аз онҳо то имрўз корҳо анҷом ёфтаанд. Мушоҳидаи он ҳолат басо гуворою хушоянд аст, ки ҳамбаста ба фурўғи истиқлол ҳисси ватандўстию хештаншиносӣ ва ифтихори миллии шаҳрвандон боз ҳам таҳким ёфтааст. Шумо шоме намоишҳои телевизиони маҳаллии мо – «Симо»-ро тамошо кунед, худ қазоват хоҳед кард, ки мардуми Панҷакент чӣ қадар бо ифтихору сарафрохтагӣ перомуни масоили Ватану ватандорӣ сухан мегўянд. Ҳафтае пеш эҳдои Сарвари кишвар – китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров дастраси ҳар хонадони шаҳри мо шуд ва он ифтихорафзои кулли шаҳрвандон гардид. Дар ситоиши мардуми мо Пешвои муаззами миллат гуфтаанд: «Панҷакентиён мардуми фарҳангдўст ва тамаддунсозанд». Ин гуфтаҳо моро илҳомбахшанд ва мекўшем, ки ҳамеша сазовори чунин тавсифи олӣ бошем. Дар остонаи ҷашни истиқлол бароямон паёми басо сурурбахш гардид, ки дастаи санъаткорони шаҳри мо дар даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии «Андалеб» сазовори ҷои аввал ва баъдан барандаи «Шоҳҷоиза»-и ин озмуни бонуфуз шуданд.

Ҳамчунин, таҷлили шукўҳманду ифтихорбарангези 5500-солагии Саразми бостонӣ бо иштироки Пешвои миллат ва меҳмонони олиқадр, адибону олимону сиёсатмадорон шукўҳи солҷашни истиқлолро фузунтар сохт.

Имрўз дар роҳбарӣ ба шаҳр бояд тамоми соҳаҳоро зери назорат ва ҳидоятгарӣ нигоҳ дошт, зеро онҳо бо ҳам иртиботманданд, ҳамдигарро комил месозанд ва костагие дар соҳае ба соҳаи дигаре таъсиргузор мешавад.

- Пайнавишти суҳбати мо дар ҳафтаномаи «Омўзгор» ба нашр хоҳад расид. Аз ин рў, мехостем мулоҳизаҳои шуморо дар иртибот ба вазъи соҳаи маориф дар шаҳри Панҷакент бишнавем.

- Панҷакент яке аз минтақаҳои сераҳолии кишвар ба ҳисоб меравад ва аз ин ҷост, ки соҳаи маориф низ ин ҷо бавусъат аст. Айни замон дар ин шаҳри бостонӣ 134 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 1 гимназия ва 2 литсей фаъолият доранд. Ҳамчунин, дар Панҷакент Донишкадаи озоди Тоҷикистон ва якчанд омўзишгоҳ амал менамоянд. Тамоми муассисаҳои таълимии шаҳр бо мутахассисони варзида таъминанд, ҳатто гурўҳе барои дарёфти ҷои кор дар навбат меистанд. Дар мактабҳои мо ҳоло 4963 нафар омўзгор ба таълиму тарбияи насли наврас машғуланд, ки қисмати бештари онҳо бонувонанд. Раванди ба мактаб баргаштани зумрае аз омўзгорони шоиста, ки замоне бо сабабҳои маълум тарки пеша карда буданд, идома дорад ва ин худ як далели муътамади пешрафти соҳаи маориф дар шаҳри мо маҳсуб мешавад. Чунончи, аз 382 нафар омўзгоре, ки дар давоми соли таҳсили гузашта ба мактабҳо пазируфта шуданд, 125 нафарашон омўзгороне буданд, ки қаблан машғули таълиму тарбия буданд.

Дар дабистонҳои шаҳру деҳоти мо ҳадафи асосӣ мунтазам баланд бардоштани сатҳи сифати таълиму тарбия ба шумор меравад. Бо ин ҳадаф таълимгоҳҳо ҳар чи бештар бо дастурҳои таълимӣ, воситаҳои техникӣ, дарсгоҳҳои муҷаҳҳаз таъмин карда мешаванд. Татбиқи нишондодҳои «Бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» дар меҳвари таваҷҷуҳи аҳли маорифи шаҳр қарор дорад. Мекўшем, ки кор бо хонандагони лаёқатмандро пайваста вусъат бахшем. Ҳоло бо иқдоми омўзгорони варзида беш аз 350 нафар хонандаи лаёқатманд ройгон ба маҳфилҳои гуногуни иловагӣ ҷалб карда шудаанд. Фаъолияти марказҳои кор бо шогирдони соҳибистеъдод ва таҳсилоти иловагӣ марҳила ба марҳила тақвият меёбад. Дар ин замина сол то сол теъдоди иштирокдорон аз шаҳри мо дар озмуну олимпиадаҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ зиёд мешавад ва аксари онҳо комёбу соҳибҷоиза мегарданд. Дар давоми соли таҳсили гузашта шогирдони таълимгоҳҳои мо дар сабқатҳои гуногуни ҷумҳуриявӣ, дар маҷмуъ, беш аз 10 медали тиллову нуқра ва биринҷӣ ба даст оварданд. Соли таҳсили гузаштаро 2 нафар бо медали тилло хатм карданд.

Аҳли маорифи шаҳри бостонии мо ҳамвора бар он мекўшанд, ки шогирдонашон фанҳои муосирро амиқтар биомўзанд, забонҳои хориҷиро азхуд намоянд, дар омўзиши касбу ҳунар фаъол бошанд. Тарбияи ватандўстӣ ва ифтихори миллии насли наврас аз ҳадафҳои асосии устодони таълимгоҳҳои мост.

- Мехостем сухане чанд перомуни як масъалаи мубрами айём – ҳамкории таълимгоҳҳо бо соҳибкорон ва созмонҳои гуногуни ҳайрхоҳи байналмилалӣ иброз намоед.

 - Дар замони мо бояд тамоми ташкилоту созмону идораҳо бо ҳам иртиботманд бошанд, дар заминаи маслиҳату машварат амал намоянд («Ақлҳоро ақлҳо ёрӣ диҳанд»), дасти ҳам бигиранд. Ин аз муҳимтарин омилҳои таъмингари комёбиҳост. Як неруи ободгари соҳаи маориф низ маҳз тақвияти ҳамкориҳост: ҳамкорӣ бо волидон, ҷомеа, созмону ташкилотҳо… Дар давоми солҳои охир бо мадади кумитаи волидон, саҳмгузории хоҷагиҳои кишоварзӣ, сарпарастон ва ашхоси алоҳидаи саховатманду хайрхоҳ дар мактабҳо бо ҳадафи такмилбахшии заминаҳои моддию техникии таълимгоҳҳо, ободонию кабудизоркунӣ, таъмиру тармим корҳои зиёде сомон бахшида шуданд. Ҳоло 68 муассисаи таълимии мо бо Барномаи озуқаи ҷаҳонии СММ вобаста ба таъмини хонандагони зинаи аввали таҳсилот бо хўроки гарми яквақта, 16 муассисаи таълимӣ бо ташкилоти байналмилалии ЮНИСЕФ дар доираи омода намудани кўдакони синни томактабӣ ба мактаб вобаста ба татбиқи лоиҳаи Марказҳои инкишофи кўдакони синни томактабӣ, 10 муассисаи таълимӣ ҳамбаста бо татбиқи «Барномаи ҷалби духтарон ба мактаб»-и ЮНИСЕФ… ҳамкориҳои судманд ба роҳ мондаанд. Ҳамчунин, бо маблағгузории давлатӣ ва вобаста ба самтҳои ҳамкорӣ бо созмонҳои мухталиф дар ҳудуди шаҳру деҳоти мо теъдоди зиёди мактабҳо таъмиру муҷаҳҳазу бозсозӣ мешаванд, бунёди синфхонаҳои иловагӣ дар назди беш аз 20 таълимгоҳ идома дорад.

- Мақомоти иҷроияи ҳокимияи давлатии шаҳри Панҷакент дар соҳаи маорифи шаҳр чӣ норасоиҳоеро мебинад ва баҳри рафъи онҳо чӣ тадбирҷўиҳое дорад?

- Албатта, аз ҳар ҷиҳат таъмин намудану аз кулли норасоиҳо орӣ кардани чунин як соҳаи фарогиру бавусъат коре саҳлу осон нест. Вақт, тадбирҷўӣ, маблағ ва тадорукоти дигарро тақозо дорад ин кор. Қисмате аз муассисаҳои таълимии мо ҳамоно ба синфхонаҳои иловагӣ ниёзманданд, дар 14 мактаб бояд таъмири асосӣ ташкил кард ва низ чанд мактаби нав бунёд бояд намуд. Дар зумрае аз таълимгоҳҳо миқдори мизу курсӣ, мебели мактабӣ нокифоя аст ва на ҳамаи дарсгоҳҳои махсус (синф-кабинетҳо) дар сатҳи зарурӣ муҷаҳҳазанд.

Дар масъалаи пардохти маблағи китобҳои иҷоравӣ низ камбудиҳо ҷой доранд… Мо ин ҳама каму костиҳои соҳаро хуб омўхтаем ва мувофиқан нақшаи чорабиниҳо мураттаб сохтаем ва мекўшем, ки норасоиҳои мавҷуда ҳар чи зудтар бартараф шаванд.

***

Ба раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода, ки воқеан ҳам, ҷавонмарде огоҳманду соҳибмаърифат ва хоксору бофазилат аст, суҳбати мо дар назди таълимгоҳи навбунёд беш аз як соат тўл кашид, ба ибораи раис, «хеле чанги мактаб хўрдем».

Бисёр нишотбахш аст, вақте ки раиси ноҳия дар бораи соҳаи маориф бо меҳру муҳаббат, некбинона ва бо ғамхориву таваҷҷуҳи вижа сухан меронад, соҳаро бо ҳама шебу фарозаш хуб медонад ва дар ин самт корҳои шоистае сомон додаасту ҳадафҳои некуи зиёд дар пеш дорад ва ҳамарўза «чанги мактаб мехўрад».

Нигориши

Абдурауф Муродӣ,

«Омўзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш