Нашрияи Омӯзгор

Афрўзандаи «Шамъи ирфон»

Сана: 2021-09-15        Дида шуд: 29        Шарҳ: 0

 

Саидмурод Искандарӣ қаламкаши болаёқату пурмаҳсул буда, ҳамеша дар пайи омўзишу ҷустуҷўст. Мавсуф солиёни дароз дар мактабҳои қаламрави шаҳри Ваҳдат ба  омўзгорӣ машғул буда, баъдтар дар раёсати маорифи шаҳр ба фаъолият пардохтааст. Чанде қабл С.Искандарӣ меҳмони нашрияи «Омўзгор» гардид ва мо бо ў суҳбате оростем.

- Мехостем перомуни ба ҷодаи рўзноманигорӣ ворид шуданатон нақл мекардед. Шумо аз ибтидо рўзноманигор шудан мехостед ё ҳавои касбу пешаи дигарро дар сар мепарваридед?

- Медонед, аввалҳо ба назарам, ин як ҳавасу орзуе беш набуд. Хонандаи синфи 8 будам ва ба нашрияҳои ноҳиявии «Коммуна» (ҳоло «Шаҳриёр») ва рўзномаи дўстдоштаам – «Пионери Тоҷикистон» (кунун «Анбоз») хабарҳо менавиштам. Вақте ин навиштаҳои  ман дар саҳифаҳои нашрияҳои мазкур чоп мешуданд ва маро хурсандии беинтиҳое фаро мегирифт. Боре омўзгори забон ва адабиёти  тоҷики мактабамон Саид Шоҳмаҳмадов маро ҳамроҳаш ба маркази шаҳри Ваҳдат, ба идораи нашрияи «Коммуна» («Шаҳриёр») овард. Он вақт дар синфи нуҳум мехондам. Маро бо муҳаррири  рўзнома, шоири бачаҳо Нуъмон Розиқ (ҷояш ҷаннат шавад!) шинос намуд  ва иброз дошт, ки Саидмурод шогирди ўст ва хабару мақолаҳо манависад. Шодравон  Нуъмон Розиқ таъкид кард, ки зуд - зуд хабару мақола навишта, ба идораи нашрия ирсол намоям. Ҳамин  вохўрӣ бо устод меҳри навиштанро дар дилам тақвият бахшид  ва ман минбаъд на аз рўйи ҳавою ҳавас, балки ҷиддан ба иншои мақола ва лавҳаю  хабарҳо шурўъ кардам. Умуман, ба эҷоди лавҳаю ҳикоячаҳо ва таълифи хабару мақола дилгарм шудам. Зуд -зуд навиштаҳоямро ба лифофа андохта, ба идораи нашрияҳои «Коммуна» ва «Пионери Тоҷикистон» (ҳоло «Анбоз») мефиристодам. Ва рўзҳои дароз роҳи хаткашонро мепоидам, ки кай аз дари мо медарояд. Ман ҳарисона ба саҳифаҳои  газетаҳо чашм медавондам. Аҷаб лаззату кайфияте  дошт интизори хаткашону газетаҳо шудан ва ному насаби худро дар зери хабареву мақолае бо ду чашми сар   дидан.

- Сарнавишти минбаъдаатон чӣ тавр сурат гирифт?

-Баъди хатми мактаби миёна (соли 1969) ҳуҷҷатҳоямро ба факултети филологияи тоҷики ДМТ супурдам. Дар назди худ мақсад гузошта будам, ки журналист мешавам. Имтиҳонҳоро супоридам, аммо аз комиссияи мандатӣ нагузаштам. Падарам маро маҷбур намуд, ки ҳуҷҷатҳоямро ба омўзишгоҳи касбӣ-техникии №45-и шаҳри Ваҳдат, воқеъ дар деҳаи Андигон супорам. Соле таҳсил карда, шаҳодатномаи хатми омўзишгоҳро аз рўйи ихтисосҳои ронандагӣ ва крани борбардор соҳиб гардидам. Соли 1974 ба сабаби дар мактаби миёна наомўхтани забони англисӣ дар факултети филологияи тоҷики ДМТ довталаб қабул карда намешуд, маҷбур шудам, ки ҳуҷҷатҳоямро ба факултаи таърихи донишгоҳи номбурда супорам ва хушбахтона, аз имтиҳонҳо бо сари баланд гузашта, сазовори номи донишҷў гардидам. Аммо ин маънои онро надошт, ки ман аз навиштан даст кашида бошам. Баръакс, ҳушу хаёлам ба навиштану эҷод кардан банд буд.

- Ин гуна иншои хабару мақола ва лавҳаю очеркро идома бахшида, аз  устодон сабақи омўзиш гирифтед?

- Аз рўзҳои аввали донишҷўйӣ бо рўзномаи «Ба қуллаҳои дониш»-и донишгоҳ ҳамкории зичро ба роҳ монда, дар хусуси ҳаёти донишҷуён, вохўрию мулоқотҳо бо адибон, навигариҳои илмию фарҳангӣ ва ғайра хабару мақолаҳо менавиштам.

Ёд дорам, соли 1976 дар назди факултети филологияи тоҷик курси дусолаи мухбирони коргару деҳкон аз тарафи Бюрои душанбегии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон таъсис ёфт. Дар гурўҳи мо 30 нафар мехонданд ва ман сардори гурўҳ таъйин шуда будам. Ман яке аз хушбахттарину саодатмандтарин фарде маҳсуб меёбам, ки аз устодон Воҳид Асрорӣ, Иброҳим Усмонов, Асадулло Саъдуллоев, Абдусаттор Нуралиев сабақи рўзноманигорӣ гирифтаам. Баъди хатми курси дусола соҳиби дипломи махсус гардидам. Донишгоҳро ба итмом расонда, соле дар мактаби №14-и шаҳри Ваҳдат ба сифати омўзгори таърих фаъолият намудам. Бо рўзномаҳои ҷумҳурӣ ҳамкориямро идома медодам.

- Оё баъдҳо ба фаъолияти  рўзноманигорӣ баргаштед ё тавъам бо касби омўзгорӣ ҳамкориро бо нашрияҳо идома медодеду халос?

- Ин тавр воқеъ шуд, ки дар мактаб кор мекардаму орзуи дар нашрия ё муассисаи эҷодие фаъолият кардан беқарорам мекард. Ҳамин  иродаву қатъиятам буд, ки ба студияи телевизиони Тоҷикистон ба кор омадам. Соли 1981 корро дар Телевизиони Тоҷикистон шурўъ намудам. 13 соли расо  дар телевизион нахуст ҳамчун муҳаррири хурд, баъд ба ҳайси муҳаррири калони шуъбаи бачаҳо ва мактаб фаъолият кардам. Воқеан, барои ман мояи ифтихору сарбаландист, ки дар ин давра бо адибони бачаҳо -  Убайд Раҷаб, Наримон Бақозода, Гулчеҳра Сулаймонӣ, Акобир Шарифӣ, Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ, Озод Аминзода, фолклоршинос Баҳром Шермуҳаммадов шинос гардида, аз маслиҳатҳои беғаразонаи эшон баҳравар шудам. Аз ин бузургони адаб бисёр чизҳоро омўхтам Солҳои 1981-1993 ҳангоми фаъолият дар телевизион бо омўзгорони  соҳибтаҷриба ва навовари ҷумҳурӣ, ки мактаби ибратомўзи худро ба вуҷуд оварда буданд, аз ҷумла, Идӣ Халифаев, Абдуҳафиз Азизов, Рустам Юлдошев, Ибодулло Саъдуллоев, Ибодулло Абдуллоев ва бисёр  нафарони дигар барномаҳо тайёр кардам, ки басо ҷолиб, шавқовар ва рангину омўзанда буданд. Аммо баъд аз 13 сол, бо шуруи ҷанги шаҳрвандӣ, ба сабаби дурии роҳ ва дигар омилҳо корро дар телевизион давом дода натавонистам.

- Дубора ба мактаб баргаштед?

- Бале, дар литсейи ба номи Темур Собиров ҳамчун омўзгор ба фаъолият пардохта, ҳамзамон, дар Маркази эҷодии кўдакону наврасони назди раёсати маорифи шаҳри Ваҳдат маҳфили «Мухбирони наврас»-ро соли 1993 таъсис додам. Феълан 30 шогирдам, ки дар ҳамин маҳфил сабақ гирифтаанд, имрўз соҳибкитобу соҳибқалам мебошанд…

Аммо бузургтарин амале, ки моҳи ноябри соли 2000-ум анҷом додам, бо иқдоми бевоситаи банда дар назди раёсати маорифи шаҳр таъсис ёфтани нашрияи соҳавии «Шамъи ирфон» ба шумор мерафт. Зиёда аз 8 моҳ заҳмат кашида, оинномаю низомномаи рўзномаро таҳия ва омода намудам. Ба нашрия қаламкашони боистеъдод ва омўзгорони эҷодкорро ба ҳамкорӣ даъват намудам. Дар бораи фаъолияти ҳамаи муассисаҳои таълимии ҳудуди шаҳр мақолаю гузориш ва лавҳаю матолиби хонданӣ чоп мешуд. Ба як ҷумла гўем, «Шамъи ирфон» оинаи тамомнамои ҳаёти маорифчиён ва устодону омўзгорон гардида буд.

- Аз суҳбат  маълум шуд, ки  бо саъю кўшиши шумо 20 сол нашрияи «Шамъи ирфон» чоп гардидаву дар байн як муддат нашри он қатъ ёфта буд. Ҳоло нашрияи «Шамъи ирфон» дар чӣ вазъ қарор дорад?

- Бо дастгириии раёсати маорифи шаҳри  Ваҳдат ва  устодону омўзгорон мо дубора нашри «Шамъи ирфон»-ро ба роҳ мондем. Вале  бо сабаби норасоии маблағ нашрия сари вақт чоп ва дастраси омўзгорон намегардад. Чопи саривақтии нашрия ба обуна вобаста аст. Умедворем, ки роҳбарияти ҳукумати шаҳр, раёсати маориф дар ҳамдастӣ бо устодону омўзгорон дар самти чопи мунтазами нашрияи «Шамъи ирфон» иқдому  намуда, ба мо кумак мекунанд. Зеро ин нашрия минбари ибрози андешаю пешниҳодот, дархосту маслиҳатҳои аҳли маориф буда, дар он таҷрибаи пешқадами мактабу омўзгорони алоҳида, навгониҳои соҳаи маориф, рўзгори  ибратомўзи устодон ва дигар масоили соҳа инъикоси худро меёбад.

Мусоҳиб Шодӣ РАҶАБЗОД,

«Омўзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳеҷ инсоне он қадар сарватманд нест, ки гузаштаашро бихарад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш