Нашрияи Омӯзгор

“Оҳ, аз имрўзи бефардои ў...”

Сана: 2021-09-15        Дида шуд: 31        Шарҳ: 0

 

(Тақрибан 88 сол қабл Муҳаммад Иқбол вазъи Афғонистонро чунин гуфт ва ҳоло аз он ҳам бадтар аст)

(Охираш. Аввалаш дар шумораи гузашта)

Аммо имрўз чӣ? Сари қудрат омадани танҳо як қабилаи пашту, ки асоси онро паштуҳои марзи Покистон ташкил дода, толибон ном гирифтаанд, ҳаргиз маънои дифои истиқлолу озодии Афғонистонро надорад. Инҳо шояд сеяки аҳолии мамлакатро дар бар гиранд, на беш аз ин. Амрико тўли 20 соли ҳузури низомӣ натавонист миллатсозӣ кунад, механизмҳоеро ба кор барад, ки ҳадди ақал қавмҳои ғайрипашту ба ҳам омада, иттиҳоди мустаҳкаме дар пешорўи толибон сохта бошанд.

Парокандагии миллатҳои ғайрипашту (ба мамолики турк умед бастани ўзбактаборон, рўи ниёз ба Эрон овардани шиаҳои ҳазора ва дар инзиво мондани тоҷикон) оқибат натиҷаи баде дод: толибон бидуни набардҳои сахт вилоятҳоро пайиҳам ишғол ва мардуми норозиро бо тарси калтаку дору сангсор ва дигар ҷазоҳои асримиёнагӣ тобеи худ карданд.

Ҳоло Афғонистон давраи номуайянро пушти сар мекунад, толибон ваъдаи таъсиси ҳукумати инклюзивро додаанд, эъломия пахш кардаанд, ки нисбат ба занон ва ба он қишре, ки бо ҳукумат ва сохторҳои амрикоиву дигар давлатҳои хориҷӣ алоқа дошт, кор нахоҳанд гирифт.

Бале, инҳо насли дигари толибонанд, аммо идеологияи асримиёнагиашон тағйир накардааст-ку. Боз ҳамон қонунҳои даврони дақёнусӣ – манъи мусиқӣ дар ҳама ҷо, ҳатмӣ будани ришу фаш, ибодоти маҷбурӣ, занон дар зери фаранҷӣ ва даҳҳо навъи нақзи ҳуқуқи инсон... Магар бо таъсиси ҳукумати инклюзив (фарзи мисол, агар шавад ҳам) оё толибоне, ки тўли 20 сол ба хотири иморати исломӣ мубориза кардаанд, аз баҳри ин идеология мебароянд? Оё иҷоза медиҳанд, ки унсурҳои асосии демократӣ, аз қабили интихоботи озод, ширкати фаъоли занон дар корҳои давлату ҷомеа, плюрализми афкор ва ғайра мавҷуд бошанд? Итминон дорам, ки ин ваъдаи толибон то замоне хоҳад буд, ки дар ҷомеаи байналмилалӣ мавқеъ пайдо кунанд, онҳоро, ҳадди ақал ду-се абарқудрат ба расмият бишносанд...

Ҳоло ягона неруе, ки омодаи мубориза бо толибонанд, Ҷабҳаи муқовимати тоҷикони Панҷшер бо сарварии Аҳмади Масъуд, фарзанди Аҳмадшоҳи Масъуди сипаҳсолори номист. Аммо ин ҷо низ мақоли “қуввати мушт дар панҷ ангушт” ба кор меояд: ин мубориза ҳамон вақт фаъол ва натиҷаовар хоҳад буд, ки агар Русияву Амрико кумаки техникӣ ва дастгириҳои иттилоотиро барояшон фароҳам оранд. Айни замон муроҷиатҳои Аҳмад Масъуд ба Русия ва баъзе кишварҳои Аврупо, аз ҷумла Фаронса самар наовардааст...

Мамолики Осиёи Марказӣ, ба ҷуз Тоҷикистон, алҳол хамўшии асрорангезе ихтиёр кардаанд. Мавқеи Тоҷикистон аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо вазири хориҷаи Покистон дар сархати расонаҳои дунё қарор гирифт, ки се асли бунёдӣ дорад: аввалан, маҳкум кардани беқонунӣ нисбат ба мардуми Афғонистон, махсусан тоҷикону ўзбекҳо ва дигар ақаллиятҳои миллӣ, дувум, дар ҳукумати инклюзив ҳатман ҷойи сазовору шоиста гирифтани  тоҷикон, сеюм, бо роҳи раъйпурсӣ муайян кардани сохтори давлат. Ҳаминҳоянд шартҳои асосии Тоҷикистон барои ба расмият шинохтани ҳукумати толибон.

Аз сўйи дигар, Афғонистон айни замон, ба масал,  ангушти шашуми дасти инсонро мемонад, ки буданаш айбу гуноҳ, вале аз баҳраш гузаштан басо дарднок аст, чун дар минтақаи барои тиҷорати умум, аз ҷумла барои Тоҷикистон муҳим қарор дорад. Зиёда аз ин, дар сурати пурра ба кор даромадани неругоҳи Роғун бозори асосии фурўши барқи мо ҳамин кишвар хоҳад буд...

Дар боло ишора кардем, ки ҳастии маънавии миллатҳо маҳз дар адабиёташон бозтоб меёбад ва маҳз адабиёт василаи беҳтарини ошноии дигарон аз ҳолу вазъи ин ё он миллат аст. Аз ин ҷиҳат, фоҷиаи Афғонистонро аз нависандаи афғонтабори муқими Амрико, ки ҳоло дар айни камолоти эҷодист, яъне Холид Ҳусайнӣ, дар каломи бадеъ касе беҳтар ифода накардааст. Соли 2003 романи машҳури ў бо номи “Бодбодакбоз” ва баъдан романи дигараш – “Ҳазор офтоби тобон” чоп шуд, ки тирожи ҳарду роман 40 миллионро дар бар гирифт.

Романи аввал – “Бодбодакбоз” шуҳраи офоқ шуд, бори нахуст ҷомеаи фарҳангии дунё аз тарзи зист ва муаммоҳои ҳастии афғонистониҳо, расму ойин ва тазодҳои миёни қавму қабоили ин кишвар огоҳ гашт. Як қисмати ин роман воқеаи ба сари ҳокимият омадани толибон ва зулму ваҳшониятеро, ки ин чингизиёни навбаромад ба сари мардуми бечораи афғон бор мекарданд, фаро мегирад. Нобаробариҳои қавмӣ (дар мисоли Амир – қаҳрамони асар, аз қавми пашту ва аз оилаи ашрофӣ ва дўсту бародари ў – Ҳасан, аз қавми ҳазора, ки назди толибон сари мўйе арзиш надорад) лейтмотиви асар аст, дигар масъалаи шарафу номуси миллист, эътибори инсоние, ки болотар аз ҳама арзишҳои дигар аст.

Дар қисмати 17-уми роман ваҳшонияти толибон – танҳо бо баҳонаи аз қавми ҳазора буданашон Ҳасан ва ҳамсараш Фарзона кушта мешаванд, ягона фарзандашон - Суҳроб аввал ба хонаи ятимон ва баъд ба ихтиёр ва истимори толибон вогузор мегардад. Дар роман лаҳзаҳое ҳаст, ки ботини касро тагурў мекунанд, эҳсоси нафрати фаровонеро ба ин гуна “соҳибони нави дин” бедор месозанд. Дар қисмати 21-ум – сангсор кардани гунаҳкорон дар варзишгоҳи Кобул, мисли набарди гладиаторҳои Рими бостон. Дар қисмати баъдӣ гуфтугўи ду рақиби сарсахт – яке Амир, ки аз Амрико барои наҷоти писари дўсти шаҳидаш омадааст ва дигаре – Осаф, сарвари толибон, ки дар бераҳмӣ ҳамто надорад.

-     “Кадом рисолат? Бо санг куштани ҳамсарони бевафо? Таҷовузи тифлон? Қамчинкориву лабу даҳан буридани занон барои пошнаҳои баланд? Бидуни гуноҳе сари ҳар қадам куштани ҳазораҳо? Ва ҳамаи ин ба хотири ислом?...”.

Аз таълифи ин романи воқеан хонданӣ, ки нависандаашро ба унвони “классики адаби муосири ҷаҳон” шуҳраи офоқ кард (тасаввур кунед: 40 миллион нусха, дар 70 кишвар, бо 57 забони олам), 18 сол сипарӣ шуд. Ҳоло ин адиб сокини Калифорнияи Шимолӣ буда, хазинаеро таъсис додааст ва мунтазам барои мардуми дармондаву бечораи афғон аз ҳисоби худаш молу коло мефиристад. Ў чанде пеш дар шабакаи Фейсбук дарду аламашро аз фироқи амакдухтараш, ки дар Ҳирот бо як писараш мондааст, муфассалан навишта, ба хулосае омадааст, ки “толибон тағйир накардаанд...”. Наворҳои тоза аз Ҳирот (аз бераҳмии толибон нисбат ба аҳолӣ) ўро чунон ба танг оварда, ки менависад: “Агар толибон тағйир накардаанд ва чизе ба онҳо монеъ намешавад, ки қонунҳои ваҳшиёна ва ғайриинсонии худашонро ба сари мардуми пуртоқат таҳмил кунанд, пас, чӣ бояд кард? Бо занону духтарон чӣ мешавад? Ман ҷавобе надорам. Ҳаминро медонам, ки қалбам пур аз ғам аст...”.

Банда, ҳамчун як хонандаи осори ин нависанда, бояд бигўям, ки романи “Бодбодакбоз” аз беҳтарин осори тарбиявии насли имрўзаи мо, тоҷикон, аст. Асари бадеӣ бояд эҳсосбарангез бошад, қалби инсонро такон бидиҳад, махсусан агар сухан аз бераҳмиву истибдод ва таассубу ифрот равад.

Аслан, сабабу иллати ба фоҷиаҳои паёпай гирифтор шудани мардуми Афғонистон ҳамин аст, ки ба қавли Аъзам Раҳнаварди Зарёб, адиби хушноми афғон, ақибмондагии фарҳанг аз тамаддун дар ин кишвар аст. Идомаи андешаи ў бисёр ҷолиб аст: “Тамаддунҳои ғарбӣ дар кишварҳои шарқӣ хеле зуд тавонистанд роҳ ёбанд, аммо фарҳанге, ки тамаддунро ҳамроҳӣ кунад, ақиб монд. Робитаи фарҳангу тамаддун чист? Худи тамаддун чист? Ба ақидаи ман, тамаддун талоши одамӣ барои осон сохтани зиндагист. Барои мисол, одамӣ хост фосилаҳоро кўтоҳ бисозад, дар натиҷа мошинро сохт. Талоши одамӣ барои кўтоҳ сохтани фосилаҳо мошинро ба вуҷуд овард. Аммо вақте мошин ба вуҷуд омад, лозим буд, ки ду мошин ба ҳам барнахўранд, лозим буд ин мошин маҳдудиятҳоеро бипазирад. Дар натиҷа, муқаррароти ронандагӣ ба вуҷуд омад, ки дарвоқеъ, фарҳанги ронандагист. Яъне, мошин аввал ба вуҷуд омад, ки унсури тамаддун аст, баъд муқаррароти ронандагӣ ба вуҷуд омад, ки фарҳанги марбут ба мошин аст. Шумо мебинед, ки мо охирин мудели мошинҳоро дар Кобул дорем, аммо фарҳанги ронандагӣ надорем. Фарҳанг бо мошин якҷо намеояд. Бад-ин сон ҳама ҷанбаҳои тамаддун ба кишварҳои шарқӣ, аз ҷумла Афғонистон омад, вале фарҳанги он наомад. Тамаддунро ворид карда метавонем, аммо бисёр душвор аст, ки мо фарҳангро ворид кунем. Фарҳангро ворид карда наметавонем.

Вақте мо сари мудерните суҳбат мекунем, дар Афғонистон мазоҳири моддии мудерните омад, яъне сохтмонҳо, барқ, мошин, корхонаҳо ва хиёбонҳои мудерн. Аммо ин мазоҳири тамаддун бо як фарҳанги бегона бархўрд кард. Чун фарҳанги худаш ҳамроҳаш набуд. Дар натиҷа, байни фарҳангу тамаддун тазод ба вуҷуд омад ва ин тазод то ҳанўз вуҷуд дорад...”.

Як унсури фарҳанг тарзи солими андеша ва доштани афкори озод ҳам ҳаст, аз ҷумла фарҳанги зистан дар як қаламрави бузург бо мардумони дорои хостаҳо, донишҳо ва эътиқодоти дигар. Дар маҷмўъ, фарҳанги ватандорӣ. Адами ҳамин навъи фарҳанг Афғонистонро ба ин ҳоли бад расонд. Яъне адами таҳаммулгароӣ. Президенти ИМА Ҷо Байден дар яке аз баёнияҳояш гуфт, ки “мо ба артиши афғон навтарин силоҳ додем, шумори асокирро ба 300 ҳазор расондем. Аммо натавонистаем, ки ба ин артиш ва мардум иродаи мубориза бар зидди ҷаҳолатро омўзонем...”.

Банда ин андешаро дар мавзўи Афғонистон меҳварӣ мешуморам. Набудани ирода барои дифоъ аз кишвар сабаби аслии шикасти мардуми афғон аст. Бархе муҳаққиқон ба ин назаранд, ки мардуми ин кишвар аз ибтидо фиреби дигаронро мехўрд ва ҳоло ҳам чунин аст. Инсоф, магар мешавад, ки миллати худшиносро ба доми фиреб афкананд? Посухи Ҳаким Фирдавсӣ басо муносиби анҷоми ин суол ва умуман ин навиштор менамояд:

 

Киро дар ҷаҳон ҳаст ҳушу хирад,

Куҷо ў фиреби замона хўрад?

 

Ҳафиз РАҲМОН,

адабиётшинос,

устоди ДМТ

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳеҷ инсоне он қадар сарватманд нест, ки гузаштаашро бихарад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш