Нашрияи Омӯзгор

Ҳадаф: соҳибкасб  кардани  ҷавонон

Сана: 2021-07-22        Дида шуд: 19        Шарҳ: 0

 

Дар даромадгоҳи муассисаи давлатии литсейи касбии техникии шаҳри Ваҳдат моро директори муассиса Саидхон Хоҷаев бо ҷамъи омӯзгорону устоҳои таълими истеҳсолӣ пешвоз гирифтанд.

- Чунонки мебинед, ҳоло давраи таътил, бачаҳоро ҷавоб додем, лекин ҳайати устодону кормандони техникӣ, устоҳои таълими истеҳсолӣ ҳама дар ҳамин ҷоем. Саҳни ҳавлӣ, гирду атрофи биноҳои таълимӣ, ҳуҷраҳои корӣ ва  устохонаҳоро ба тартиб меорем, - гуфт С. Хоҷаев.

Муовини директор оид ба таълими  истеҳсолӣ Давлатмурод Шарифов 34 сол дар ҳамин даргоҳ кор кардааст, аз ҳама барору нобарорӣ, шикасту рехти муассиса бохабар мебошад.

Ҳангоми мусоҳиба бо Д. Шарифов мушоҳида намудем, ки вай ҳодисаҳои таърихии марбут ба литсейро мисли панҷ панҷааш бо факту  арқоми раднашаванда медонад.

Бино ба иттилои ӯ, ин даргоҳ ҳанӯз соли 1966 ҳамчун омӯзишгоҳи касбӣ – техникии ноҳияи Орҷоникидзеобод таъсис ёфтааст. Соли 2006 – ум он бо номи  омӯзишгоҳи касбӣ – техникии рақами 45 – и шаҳри Ваҳдат ба тобеияти Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашт. Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дуюми ноябри соли 2012, №60 омӯзишгоҳи касбӣ – техникии №45 – и  шаҳри Ваҳдат ба муассисаи давлатии таълимии литсейи касбӣ – техникии №45 – и шаҳри Ваҳдат табдили ном кард. Минбаъд бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6–уми марти соли 2014, №146 литсейи номбурда ба литсейи касбӣ – техникии шаҳри Ваҳдат номгузорӣ шуда, ба сохтори Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии  Тоҷикистон  гузаронида шуд.

Фаъолияти литсей

Ҳоло дар литсейи касбӣ - техникии шаҳри Ваҳдат аз рӯйи  шаш ихтисос   – (пас аз хатми синфҳои 9 - 2 сол,  синфи  11 – 1 сол)   кафшергари барқӣ, мошиначии булдозер, кандакор дар чӯб ва пӯсти чӯб, монтёри барқӣ оид ба таъмир ва хизматрасонии таҷҳизоти барқӣ, дӯзанда, челонгари таъмири муҳаррики автомобил таҳсил менамоянд. Теъдоди хонандагон  350  нафар буда, онҳо дар 14 гурӯҳ ва  дар 23 синфхонаи таълимӣ сабақ мегиранд. Литсей дорои як озмоишгоҳи сохти автомобил ва шаш устохонаи таълимӣ, як китобхонаи замонавӣ  (китобҳои тахассусӣ) мебошад. Хонандагон, ҳам-замон, имконият доранд, ки дар давоми таҳсил соҳиби ҳуҷҷати ронандагии дараҷаи «В» ва «С» гарданд. Дар баробари ин, дар литсей толор ва майдончаи варзишӣ ҳаст, ки хонандагон ҳангоми дарсҳо ва мусобиқаҳои варзишӣ маҳорати худро сайқал медиҳанд. Дар ин ҷо аз 16 шаҳру ноҳияи ҷумҳуриамон наврасон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки ҳама бо ҳамдигар дӯсту тифоқ ва аҳлона касбу ҳунар меомӯзанд. Ниёзмандон бо хобгоҳ таъминанд.

Пешравиҳо аз

шароити хуб вобаста

Чунонки Д. Шарифов изҳор дошт, масоҳати умумии литсей  4, 2 га – ро ташкил додааст, ки аз қитъаи замини он  меваҳои фаровони себу шафтолу ва ноку олуболу  барои ошхонаи мактаб  истифода бурда мешаванд. Муассиса дар деҳаи Чамани шаҳри Ваҳдат низ ба миқдори 3 га хоҷагии ёрирасон ташкил кардааст, ки дар он гандуму мош кошта мешавад ва ҳосили он ҳамчун даромади иловагӣ истифода бурда мешавад.

- Яке аз масъалаҳои муҳими замони муосир дар муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла, дар литсейю коллеҷҳои ҷумҳурӣ таъмин будани онҳо бо техника ва технологияи муосир мебошад, ки дониш ва маҳорати хонандагонро афзун мегардонад, - гуфт Д. Шарифов. – Хушбахтона, чунин шароит дар литсейи мо муҳайё карда шудааст. Синфхонаҳои таълимӣ айни замон вобаста ба талаботи ихтисосҳои амалкунанда мутобиқ ва муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Хонандагон аз технологияи муосир, аз ҷумла, устохонаҳои муҷаҳҳаз бо асбобҳои техникии муосир пурсамар истифода мебаранд. Ҳамчунин, вобаста ба ихтисосҳо хонандагон ҳангоми гузаштани мавзӯъҳо аз як автомобили  тамғаи «ГАЗ – 52», як булдозер, трактори тамғаи «МТЗ – 80» ва як мошини сабукрави тамғаи «Лиганзе» истифода мебаранд.

Литсейи мазкур, бино ба таъкиди муовини директор, бо панҷ муассисаи таҳсилоти олии касбии шаҳрҳои Федератсияи Россия ҳамкорӣ дошта, хатмкунандагон метавонанд баъди хатми литсей таҳсилашонро дар донишгоҳҳои  бонуфузи ин кишвар  идома бидиҳанд.

- Мо, - мегӯяд Д. Шарифов, - барои тақвият додан ва соҳиби касбу кор гардондани одамони бешуғл дар назди муассисаамон курсҳои кӯтоҳмуддати  аз 2 то 3 – моҳаро бо ихтисосҳои ронандаи дараҷаи «В», «С», кафшергари барқӣ, мошиначии булдозер, монтёри барқӣ, мошиначии кранҳои борбардор, дӯзанда, хиштчин, рангуборчӣ ва ошпазро низ ташкил кардем. Хатмкунандаҳои ин курсҳо соҳиби ҳуҷҷат гардида, дар корхонаҳои давлативу шахсӣ вобаста ба касбашон фаъолият бурда, маишати худу оилаашонро таъмин менамоянд.  Шогирдони ин даргоҳ пас аз хатм дар сохтмони иншооти хурду бузурги муҳими аср, аз ҷумла, неругоҳи барқи обии Роғун, Сангтӯда, Норак, Бойғозӣ, шабакаҳои барқии шаҳрҳои Норак, Ваҳдат, ноҳияи Файзобод ва дигар шаҳру ноҳияҳо, нуқтаҳои хизматрасонии техникӣ ва таъмири мошинҳо, устохонаҳои кафшергарӣ, заводи техникӣ ва шабакаҳои обтаъминкунии шаҳри Ваҳдат кор ва берун аз ҷумҳурӣ низ  фаъолият намуда истодаанд.

Ҳамкориҳои самаровар

- Усули дигари  пешрафт ва соҳиб гардидан ба комёбиҳо, ҳамкории мақсаднок бо ташкилотҳои хориҷист, - таъкид намуд  муовини директор. – Ба ҳамин хотир мо ҳамкориҳоямонро бо онҳо хеле барвақт шурӯъ кардаем. Тавассути  ширкати «Гопа» - и  Ҷумҳурии Булғория соли гузашта 6 адад арраи барқӣ оид ба коркарди чӯб  дар устохонаи таълимӣ насб карда шуд, ки он дар як вақт панҷ амалиётро ба сомон мерасонад. Арраҳо барои буридани санги мармар ва кафел низ мувофиқ буда,  истифодаи онҳо дар  шароити ҷумҳурии мо хеле зарур аст, зеро мо ашёи хоми зиёд дорем ва коркарди онҳо бе истифодаи  ин гуна асбобҳо ғайриимкон аст. Мо чунин асбобҳои заруриро дар ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Аврупо ва дар мувофиқа бо Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даст овардем. Дар як муддати муайян 19 нафар устои таълими истеҳсолӣ ва як гурӯҳи дигари устоҳои таълими истеҳсолии коллеҷи муҳандисӣ – омӯзгории шаҳри Душанбе аз такмили ихтисос гузаштанд.

Ду нафар устоди литсей - М. Тоҳиров, С. Хоҷаев ба муддати 15 рӯз такмили ихтисосашонро  барои истифода бурдани асбобҳои барқӣ дар Ҷумҳурии Беларус гузаронданд. Таҷрибаомӯзии шогирдон низ хеле самараи нек медиҳад. Чанд сол аст, ки онҳо таҷрибаҳои истеҳсолиашонро дар корхонаи сангу шағали «Интерсириус»,  шабакаи барқ, ҶДММ «Заводи техникии шаҳри Ваҳдат», ҶДММ – и «Роҳнамо -2012», ҶСК «Самара», корхонаи сохтмонии «Компания – Контакт»-и шаҳри Ваҳдат мегузаронанд. Бачаҳо  аллакай малакаҳои касбӣ пайдо карда, на танҳо дар ин корхонаҳо, балки дар заводу фабрикаҳои  шаҳрҳои Федератсияи Россия низ фаъолияташонро идома медиҳанд. Яъне, бо ҷойи кор таъмин шудани онҳо ҳанӯз ҳангоми таҷрибаомӯзиашон муайян мегардад. Соли гузашта литсейро 209 нафар хатм карда, 148 нафарашон  аз тариқи ММТ – и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мактабҳои олии ҷумҳуриамон дохил шуданд. Чилу ҳафт нафари дигар дар мактабҳои Федератсияи  Россия таҳсил карда истодаанд.

Китобхонаи хубу замонавӣ дорем, ки ҳам устодон ва ҳам шогирдонамон аз он ба таври доимӣ истифода мебаранд

Баъзе аз устодонамон бевосита ба навиштан ва тарҷума кардани  китобҳои ихтисосӣ  шурӯъ кардаанд. Омӯзгорон М. Аловиддинов, Т. Норбобоев бахшида ба ҷашни 30 – солагии Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон китобҳои тахассусии «Асосҳои мошинҳои мелиоративӣ», «Нигаҳдорӣ ва таъмири трактор» - ро аз забони русӣ ба тоҷикӣ тарҷума намуда, ба истифодаи умум пешниҳод карданд. Ҳамчунин, Манучеҳр Аловиддинов китоби худ - «Сохти тракторҳо» - ро барои муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ таълиф намуд.

 Шодӣ РАҶАБЗОД,

Ҳотами ҲОМИД,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бикӯшем, то нек биандешем ҳамин аст оғози ахлоқ.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш