Нашрияи Омӯзгор

«Раҳнамои Бомиён»

Сана: 2021-04-07        Дида шуд: 46        Шарҳ: 0

 

Ҷомеаи ҷаҳонӣ солҳои охир бо мушкилоти зиёде рӯ ба рӯст. Дар баробари хатарҳои глобалӣ, аз қабили гармшавии иқлим, вайрон ва ифлос шудани муҳити зист хатари дигар-терроризм сокинони сайёраро ба ташвиш андохтааст. Террористон ба ягон муқаддасоти динию дунёӣ пойбанд набуда, пеш аз ҳама, аз пайи нобудии таъриху ганҷинаҳои арзишманди ин ё он кишвару минтақа ҳастанд. Аз байн рафтани осори бостонӣ дар Сурия, ғорати музейҳои Ироқу Либия ва Афғонистон дар банди ҷаҳолату таассуб ғӯтавар будани ин гурӯҳҳои ифротгароро исбот мекунад. Маҳз аз тарафи чунин ашхоси бемаърифату ҷоҳил соли 2001 дар Бомиёни Афғонистон ду муҷассамаи бошукӯҳ, ки дар минтақа назираш вуҷуд надошт, бо фатвои бехирадонаи сардори гурӯҳи террористии «Толибон» Мулло Умар аз байн бурда шуд. Соли ҷорӣ аз ин ҳодисаи мудҳиш 20 сол сипарӣ мегардад. Дар солгарди ин фоҷиаи таърихию фарҳангӣ дар Тоҷикистон китоби донишманди Афғонистон, марҳум Аҳмадалӣ Кӯҳзод таҳти унвони «Раҳнамои Бомиён» ба хатти кириллӣ чоп шуд. Маросими рӯнамоии асари мазкур дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он доираи васеи олимону донишмандони тоҷик, намояндагони корпусҳои дипломатии мустақар дар Тоҷикистон иштирок ва андешаронӣ карданд. Сафири Ҷумҳурии исломии Афғонистон дар Тоҷикистон Муҳаммадзоҳир Ағбар рафтори ғайриинсонию ҷоҳилонаи иштирокдорони ин амали нангинро маҳкум намуда, иброз дошт, ки  толибон на танҳо дар инфиҷор додани бутҳои Бомиён, балки дар аз байн бурдани садҳо осори атиқию таърихӣ ва арзишманди Афғонистон даст доранд… 

Китоби «Раҳнамои Бомиён» дар бораи дараи зебо ва хушбоду ҳавои Бомиён, ки байни риштакӯҳҳои Ҳиндукуш ва Кӯҳи Бобо ҷойгир буда, яке аз зеботарин минтақаҳои Афғонистон ба шумор меравад, ҳикоят мекунад. Дар китоб доир ба мавқеи ҷуғрофиёии Бомиён, сокинони минтақа, урфу одат, мавзеъҳои диданию таърихӣ, фарҳангӣ ва аҳамияти Бомиён аз назари ҷаҳонгардӣ маълумоти муфассал ва муфид пешниҳод гардидааст. Гуфта шудааст, ки шаҳри таърихӣ ва қадимии Бомиён монанди Балхи бостонӣ яке аз куҳаншаҳрҳои таърихӣ ва нишонгари тамаддуни бузурги ин мавзеъ аст. Шаҳри мазкур бо мавқеияти хосси ҷуғрофияш яке аз конунҳои боравнақи буддоӣ ва Кӯшониён дар масири «Роҳи абрешим» буд. Ин нуктаро директори Сарредаксияи энсиклопедияи миллии тоҷик, номзади илмҳои таърих Нурмуҳаммад Амиршоҳӣ низ зимни суханронии хеш таъкид кард.

Таҳиягари китоби мазкур Ҷаъфари Ранҷбар гуфт, ки ба муносибати ин фоҷиаи ғамангези фарҳангӣ ва тамаддунӣ асари марҳум Аҳмадалӣ Кӯҳзодро ба чоп омода намудам, то ба ин васила симои ин шаҳри мазлуму таърихӣ аз ғубори фаромӯшӣ берун кашида шавад.

Дилафрӯз Қурбонӣ,

«Омӯзгор»

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бикӯшем, то нек биандешем ҳамин аст оғози ахлоқ.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш