Нашрияи Омӯзгор

Консепсияи таълими физика ва таълифи китоби дарсӣ

Сана: 2021-04-07        Дида шуд: 25        Шарҳ: 0

 

Maқcaд ва вазифаҳои китобҳои дарсии физика

Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ физика  фанни асосӣ буда, дар ташаккули ҷаҳонбинии илмию диалектикӣ, инкишофи интеллектуалии хонандагон ва тайёрии меҳнатии онҳо саҳми арзанда мегузорад.

Илми физика ҳодисаҳои фундаменталии табиатро таҳқиқ менамояд ва он амалияю назарияҳоро ҷамъбаст месозад.

Тамоми силсилаи донишҳои физикӣ оид ба хосиятҳои фазою вақт, модда ва майдон дар шакли чанд назарияи фундаменталӣ мураттаб гаштаанд. Аз ин ҷост, ки физикаро ҳамчун асоси тамоми донишҳои соҳаи табиатшиносӣ (химия, астрономия, биология ва дигар фанҳо) меҳисобанд.

Консепсияи сохти курси  физика дар зинаи таҳсилоти  миёнаи умумӣ

Курси физика ва астрономия дар зинаи мактаби асосӣ бояд хонандагонро ба фаҳмиши мафҳумҳои қонунҳо, элементҳо, назарияҳои физикӣ мусаллаҳ гардонад. Барои ин, ба мо лозим меояд, ки ба донишҳои дар раванди омӯзиши курси “Табиатшиносӣ” гирифта такя намуда, хонандагонро бо доираи қонуниятҳои фундаменталӣ ва принсипҳои назариявии физика шинос намоем.

Ҳамин тавр, ба мазмун ва мундариҷаи курс бояд масъалаҳои мушаххаси умумии олами моро иҳотакунанда, маълумот оид ба сохти олам, омӯзиши ҳодисаҳои гуногуни табиат ба монанди: ҳодисаҳои механикӣ, ҳароратӣ, электромагнитӣ, рӯшноӣ, дохилиатомӣ, мафҳумҳои асосии физикӣ, астрономӣ, методҳои ченкунии бузургиҳо, асбобу дастгоҳҳо ва ғайраҳо дохил гарданд.

 

Мазмун ва дараҷаи тайёрии умумӣ ва ҳатмии хонандагон

дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз фанни физика

Ҳангоми омӯзиши физика дар мактаби умумии асосӣ хонанда бояд бо дараҷаи муайяни дониш ва малака, ба монанди мафҳумҳои асосӣ, ки курс онҳоро дар бар дорад,  системаи мафҳум ва бузургиҳои мувофиқ, маҷмӯи қонунҳо, принсипҳо ва қоидаҳои назариявӣ, малакаҳои назариявию амалӣ ва навъҳои фаъолият мусаллаҳ гарданд. Ин системаи дониш ва малакаҳо имконият медиҳанд, ки ташаккули манзараи табиии олам, ҷаҳонбинии илмию диалектикӣ ва донишу маҳорати амалӣ ва политехникии хонандагон сайқал ёбад.

Китобҳои физика оид ба сохти дискретии модда ва як қатор ҳодисаҳои табиат маълумот медиҳад. Бинобар ин, талаб карда мешавад, ки хонандагон аз китоби мазкур бо зарраҳои хурдтарин, ба монанди молекулаҳо, атом, ионҳо иборат будани моддаҳо шинос шаванд. Инкишофи ин тасаввурот дар интиҳои мактаби миёна ба донистани сохти ядроии атом, таркиби ядро ва чунин заррачаҳо, ба монанди электрон, протон, нейтрон оварда мерасонад.

Ҳодисаҳои механикӣ умумият ва аёнияти бештарро доро мебошанд. Дониши ҳосилкардаи хонандагон доир ба онҳо дар омӯзиши фаслҳои дигари курси физика низ ба кор меояд. Талаботи зарурӣ нисбат ба дараҷаи донишандӯ-зии хонандагон, қонуниятҳои ҳаракати механикӣ, малакаи масъалаҳалкунии онҳо доир ба мавридҳои одии ҳаракати мунтазам ва собитшитоби ҷисмҳо шуда метавонад. Ин дар навбати худ фаҳмиши нисбияти ҳаракат, қонунҳои динамика ва мафҳумҳо: ба монанди суръат, шитоб, масса, қувва, кор, энергия ва бақои онро талаб мекунад, ки ҳангоми шарҳи ҳодисаҳои табиат ва механиконии хоҷагии халқ, яъне аз самтҳои пешрафти илму техника ба кор меояд. Ин донишҳо, инчунин, барои аз худ кардани методи муайянсозии масофаҳо то ҷирмҳои осмонӣ, қонунҳои ҳаракати онҳо ва асосҳои космонавтика низ заруранд.

Техника ва технологияи ҳозиразамон бо татбиқи энергияи электрикӣ ва электроника низ алоқаманд мебошанд.

Барои ин масъалаҳоро фаҳмидан хонандагонро зарур аст, ки чӣ тавр истеҳсол кардани қувваи барқ (принсипи кори генераторҳои ҷараёни доимӣ ва тағйирёбанда)-ро донанд.

 

Мазмуни курси физикаи мактабӣ дар зинаи сеюми таҳсилот

       Дар зинаи сеюм, ки тарзи таълими тафриқавии физика пешниҳод гаштааст, шаклҳои зерин дар назар дошта шудааст:

-ташкили гурӯҳҳои равиянок, ки асосан тамоюли физикию математикӣ доранд,

- ташкили гурӯҳҳои интихобӣ, то ки талабагон вобаста ба шавқу рағбаташон равияҳоро худ интихоб намоянд;

- гузариш ба нақшаҳои таълими тағйирёбанда (нақшаи таълим вобаста ба теъдоди равияҳо)

- курси физика барои равияҳои ҷамъиятӣ

- курси физикаи амалӣ барои равияҳои техникӣ, химиявӣ, биологӣ ва ин қабил равияҳо, ки барояшон донишҳои физикӣ лозим мешаванд,

- курси физика барои равияи физикию математикӣ, яъне хонандагоне, ки барояшон донишҳои мукаммали физикӣ заруранд.

Мазмун ва мундариҷаи омӯзиши физика дар синфҳои болоии мактаб инҳоанд;

Аввал ин ки, курси мазкур дар асоси назарияҳои фундаменталии физикаи механика ва механикаи классикӣ, физикаи молекулавӣ; электродинамика бо элементҳои назарияи махсуси нисбӣ, физикаи квантҳо сохта мешавад.

Ҳар як назарияи фундаменталӣ фактҳо, объектҳои идеалӣ, мафҳумҳо, бузургиҳои физикӣ ва қонунҳои худро доро мебошанд.

Методҳои назариявию таҷрибавии физикӣ ба мазмуни курси мактабӣ дохил мегарданд.

Масъалаҳои амалии таълим дар китобҳои дарсӣ

Таҳияи китобҳои дарсӣ барои муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ яке аз проблемаҳои рӯз мебошад. Масъала дар бораи интихоби матнҳои китоб, мисолу масъалаҳо, супоришҳо, интихоби масъалаҳои эксперименталӣ (таҷрибавӣ), корҳои амалӣ дар мадди аввал меистад.

Фанни таълимӣ, аслан, ҳамчун асоси илми мутааллиқ, ки аз тарафи мактаб омӯхта мешавад, муайян шудааст.

Агар ба давраҳои гузашта нигарем, на китоби дарсӣ буду на фанҳои таълимӣ, лекин таълим вуҷуд дошт. Таълим ҳамроҳи ҷамъият аз рӯи фаъолият ва зиндагии одам дар ин ҷамъият ба вуҷуд меомад.

Дар таълим ду тараф аст:

тарафи якум-таълим додан (аз тарафи муаллим), омӯхтан (аз тарафи хонанда), тарафи дуюм-динамикаи таълим.

Ҳаҷму мундариҷаи таълим (матнҳо, супоришҳо, саволҳо) аз рӯи таҷрибаҳои ҷамъовардаи сотсиалии одамон вобаста ба тараққиёти ҷамъият тағйир ёфта, зина ба зина зиёд шуда, ба китобҳои дарсӣ ворид карда мешуд.

Дар матни китобҳои дарсии давраи Шӯравӣ аз фанҳо тараққиёти илму техника, мисолу масъалаҳои фанҳои табиию математикӣ бо дархости сохти давлатдории сотсиалистӣ таҳия карда шуда буданд. Чунин тартиботро ҷамъият ҳамчун дархости сотсиалӣ, мақсади таълим, мазмуни таҳсилот, маводи таълим, фаъолияти муаллим ва маводи интихобкардаи он, шаклу самтҳои  таълим, фаъолияти хонанда (роҳҳои ҷалб намудани диққати он, тайёр намудани он ба манфиати ҷамъият ва ғайра), механизмҳои азхудкунии маводи таълим, натиҷагирӣ, мукаммал намудани матн ва маводи таълимии китобҳои дарсиро муайян намуда, иҷрои онҳоро дар самтҳои зерин амалӣ менамуд;

- донишҳои фаннӣ ва роҳҳои фаъолият, таҷрибаҳои амалӣ ва усули фаъолияти онҳо, таҷрибаҳои эҷодӣ, дарккунӣ, қабулкунӣ, истифодабарӣ, дар ёд нигоҳ доштан, татбиқи (мушоҳидаи) дониш дар ҳолатҳои муайян, татбиқи донишҳо дар ҳолатҳои нав ва ғайра.

Чопи китобҳои дарсии ҳозираро агар дида бароем, дар онҳо тайёр кардани хонандагон ба талаботи ҷамъияти имрӯза инъикос наёфтааст.

Пӯшида нест, ки дар мактаби Шӯравӣ кӯдаконро ба воситаи матни китобҳои дарсӣ, маводҳои иловагии таълим, масъалаҳои амалию назариявӣ аз нигоҳи сиёсати давлатдорӣ дониш медоданд. Ғайр аз ин, бо ёрии матнҳои китобҳои дарсӣ кӯдакон дар рӯҳияи давлату давлатдорӣ тарбия ва барои ҷамъият ҳамчун мутахассис тайёр карда мешуданд.

Ҳоло бошад, аз рӯи проблемаҳои умдаи мактаби имрӯза озмоиш ва таҷрибаҳо гузаронида намешаванд. Китобҳои дарсӣ аз дигар китобҳо рӯйбардор карда шуда, дар самти интихоби матнҳо, масъалаю супоришҳо, корҳои лабораторию намоишдиҳӣ, шарҳи ҳодисаҳои табиат, бо назардошти ҷорӣ намудани усулҳои фаъоли таълим корҳои судманде ба сомон расонида  нашуда истодааст.

(Давом дорад)

М. Заробеков,

мактабшинос


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бисёр вақт зиндагии воқеии инсон он чизе нест, ки ӯ дар пайи ба даст оварданаш мебошад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш