Нашрияи Омӯзгор

Дар пешорӯи буҳрони ҷаҳонбинӣ

Сана: 2021-02-19        Дида шуд: 14        Шарҳ: 0

Маълум аст, ки дар саргаҳи тараққиёти иҷтимоӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ омӯзгор қарор дорад. Омӯзгоре, ки бо неру ва тавони зарурии зеҳнӣ, илмӣ ва ақлонӣ масири зиндагии ҷомеаро сифатан тағйир медиҳад ва насли наврасу ҷавонро ба сӯйи хирадварзӣ ва фазилатмандӣ раҳнамун месозад. Б ояд зикр кард, ки пешравию инкишофи мактабу маорифи кишвар танҳо ва танҳо ба сатҳу сифати донишу ҷаҳонбинии омӯзгор бастагӣ дорад. Агар, фарз кунем, омӯзгор тамоми методу усулҳои тадрису танзими дарсро донаду онҳоро ба таври бояду шояд дар раванди таълим истифода намояд ҳам, дар сурати надоштани ҷаҳонбинии илмӣ ҳадафмандии дарс, ки дар илмияти маводи таълимӣ зоҳир мегардад, таъмин намешавад ва ин заъфи фикрӣ аз устод ба таври силсила ва занҷир ба шогирд ва ниҳоятан, ба ҷомеа мунтақил мегардад. Шогирдон минбаъд мактабро хатм намуда, дар байни мардум кору фаъолият мекунанд ва зарфиятҳои маҳдуди фикрию ақлониро бо худ  ба ҷойи кору фаъолият мебаранд. Албатта, на ҳамаи омӯзгорони муассисоти таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии касбии ҷумҳурӣ дар ҳолати буҳрони фикрӣ қарор доранд, вале вазъи буҳрони ҷаҳонбинӣ ва махсусан, буҳрони биниши илмию фалсафиро дар миёни табақаҳои гуногуни иҷтимоӣ, аз ҷумла, институти омӯзгорӣ метавон ҷиддӣ мушоҳида кард. Сабаби ба самти донишу биниши илмӣ гироиш пайдо накардани иддаи бузурги омӯзгорон, аз як тараф, дар пойин рафтани ҷойгоҳу мақоми иҷтимоӣ ва камхонию камҷустории онҳо зоҳир гардад, аз ҷониби дигар, дар мушкилоти рӯзафзуни иҷтимоию маданӣ, ки боиси зуҳуру нуфузи буҳронҳои фикрӣ гаштаанд, ниҳон аст. Ба таъбири дигар, муаллимони имрӯза, аксаран, завқи кунҷковӣ, шавқи ковишу ҷустуҷӯи масъалаҳои муҳиму ҷолиби илмӣфалсафӣ, таърихӣ, сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангиро надоранд ва зиёда аз ин, дар дарёфт ва мутолиаи маводи илмӣ-таҳқиқӣ аслан беҳавсалаанд. Шароити иқтисодӣ, камбуди молию пулӣ, буҳрони молиявӣ дар коҳиш ёфтани сатҳи ковишу ҷустуҷӯ ва мутолиаи омӯзгорон таъсири манфӣ расондааст ва имрӯз низ ба раванди бинишмандии омӯзгор аз ҳар ҷиҳат таҳдид мекунанд. Дар деҳот омӯзгор шояд ба адабиёти илмӣ-таҳқиқотӣ, рӯзномаю маҷаллаҳои илмӣ-таҳлилӣ, ки маҳз дар онҳо масъалаҳои мухталифи илмӣ-фалсафӣ бозгӯ ва баррасӣ мегарданд, кам дастрасӣ дошта бошад. Воқеан, дар деҳот мушкилоти зиёди молиявию пулӣ, хонаводагию хоҷагидорӣ зиндагии омӯзгорро дунболагирӣ намуда, фурсати мутолеот, огоҳӣ аз масоили муҳимми илмӣфалсафиро хеле маҳдуд мекунад. Аммо дар шаҳр низ дар робита ба ин масъала вазъ чандон беҳтар нест, балки дар бисёр ҳолатҳо нигаронкунанда аст. Дар ҳақиқат, ҷаҳлу хурофот дар миёни қишрҳои гуногуни иҷтимоӣ реша давонида истодааст ва рафъи ин нуқсони даҳшатбор ва хатарзо аз мо  ходимони мактабу маорифи кишвар масъулияти фаровонеро тақозо мекунад. Кор то ба ҷое расидааст, ки аксарияти омӯзгорон дар доираи хурофоту таассуби динӣмазҳабӣ қарор дошта, шеваи тафаккури ҷадид ва ҷаҳонбинии илмиро на танҳо намеписанданд, балки аз он дурӣ меҷӯянд (ва дар бисёр мавридҳо аз биниши илмӣ ва фалсафӣ, ки аз дигар анвои ҷаҳонбинӣ бо шакку тардид, чуну чаро ва интиқодоти мудаллал фарқ мекунад, сахт меҳаросанд). Бояд зикр кард, ки ҷаҳонбинии инсон вақте шакл мегирад, ки ба омӯзиши илмҳои фалсафӣ ҷиддӣ машғул шавад, на аз рӯйи ҳавою ҳавас. Танҳо дар натиҷаи омӯзиш ва мутолеаи адабиёти фалсафӣ биниши инсон ташаккул меёбад ва сатҳи илмӣ-мантиқӣ мегирад. Дурнамои рушди ҷомеаи тоҷикӣ дар маҷмӯъ, сиёсати рушд ба омӯзгор ва сатҳу сифати биниши ӯ бевосита бастагӣ дорад. Ба омӯзгоре, ки биниши илмӣ дорад, бо такя ба далелҳои фалсафӣ ва илмӣ дар баробари сели таҳоҷумоти фикрию ақидатӣ ва мафкуравӣ қад алам мекунад, мавқеияти илмӣ дорад ва насли наврасу ҷавонро дар рӯҳияи худогоҳию хештаншиносӣ ва худсозӣ тарбият менамояд. Худсозӣ ва ҳувиятшиносӣ дар раъси рисолати кори омӯзгорӣ қарор дорад ва беҳуда нест, ки файласуф ва табиатшиноси машҳури англис Бертран Рассел кори ниҳоди омӯзишу парвариш (маориф)-ро худсозӣ талаққӣ карда буд. Худсозӣ раванди фикрию маърифатӣ аст, ки бар мабнои донишҳои фалсафию илмӣ иттифоқ меафтад ва ҷаҳони инсониро сифатан тағйир медиҳад. Омӯзгори худсоз хонандаи худсоз ва ҳувиятшиносро тарбият мекунад ва ин навъ хонанда ҷаҳони нав меофаринад, ҷаҳоне, ки бо набзи инсон ва рангорангию танаввуъ ҳамоҳанг аст. Ин аст, ки омӯзгор бояд дар роҳи иҷрои рисолати асосӣ ва ҷавҳарии худ – худсозию ҳувиятшиносӣ, муаррифии арзишҳои миллию инсонӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмию фалсафӣ ва ба ин восита, берун кашидани мардум аз вартаи нодонию хурофотпарастӣ аз тамоми имконоти фикрию равонӣ истифода намуда, дар ин масир қадамҳои устувор бардорад.

Нозим НУРОВ,

устоди ДДФСТ ба номи М. Турсунзода


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш