Нашрияи Омӯзгор

Ҳомии боэътимоди Ватан

Сана: 2021-02-19        Дида шуд: 10        Шарҳ: 0

Таърихи таъсису ташаккули Артиши миллӣ Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон рангин аст. Боиси зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол дар муқоиса бо дигар ҷумҳуриҳои собиқи Шӯравӣ дар масъалаи яроқу лавозимоти ҳарбӣ ва техникаву дигар воситаҳои ҳифзи кишвар, ҳамчун меросбари собиқ Артиши Шӯравӣ чизеро ба мерос нагирифтааст. Б о мақсади ҳимояи марзу бум, якпорчагии Ватан, оромиву осоиштагӣ, Истиқлолияти давлатӣ ва арзишҳои миллӣ моҳи январи соли 1992 бо қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Комитети мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Раванди ташаккули гвардияи миллӣ оғоз ёфт. Моҳи декабри соли 1992 Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки он ба раванди ташкили Қувваҳои Мусаллаҳи миллӣ замина фароҳам овард. Боиси тазаккур аст, ки нахустин қисм ва гурӯҳҳои ҳарбӣ – мудофиавӣ аз ҳисоби размандагони Фронти халқӣ ташаккул ёфта буданд. Дар он солҳои  вазнину нофаҳмии ҷанги шаҳрвандӣ бори аввал 23-юми феврали соли 1993 дар рӯзи ҷашни таъсиси артиши собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар пойтахти Тоҷикистони тозаистиқлол паради ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ – неруе, ки барои пойдории Истиқлолияти давлатӣ, якпорчагии Ватан, барқарории сулҳу ваҳдати миллӣ ва гирифтани пеши роҳи хунрезӣ дар ҳимояи Ҳукумати конститутсионӣ фидокорона ва содиқона хизмат мекарданд, баргузор гардид. Маҳз аз ҳамин рӯз ва минбаъд дар таърихи навини тоҷикон ҳамчун Рӯзи таъсисёбии Артиши миллӣ нақши ҷовидонӣ гузошт. Ба таври расмӣ ва воқеӣ Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати 2 сохтор:  қӯшунҳои пиёдагард, қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зидди-ҳавоӣ таркиб ёфта, қувваҳои пиёдагард дар навбати худ аз бригадаҳои артиллерӣ ва ҳуҷумҳои десантӣ ҳавоӣ таркиб ёфтаанд. Имрӯз Артиши миллии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дорои мутахассисони самтҳои гуногуни ҳарбӣ, техникаву технология ва таҷҳизоти муосири замонавӣ буда, барои муҳофизони Ватан ҳамаи шароитҳо муҳайё мебошанд. Дар назди Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Донишкадаи ҳарбӣ ва дар сохтори донишкадаи мазкур коллеҷи ҳарбӣ амал дорад. Ҳамчунин, дар назди як қатор муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ кафедраҳои ҳарбӣ амал мекунанд, ки дар тайёр кардани мутахассисони соҳа саҳм доранд. Дар Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» махсус таъкид гардид, ки «Дар даврони истиқлоли давлатӣ дар дохил ва хориҷи кишвар зиёда аз даҳ ҳазор нафар ҷавонони мо дар муассисаҳои таълими низомӣ таҳсил намуда, ҳамчун афсар дар ҷузъу томҳои гуногуни Қувваҳои Мусаллаҳ ба Ватан – Модар содиқона хизмат карда истодаанд. Имрӯз низ ҳазорҳо нафар ҷавонони мо дар чунин муассисаҳо таҳсил доранд». Ҳамзамон, дар Паём масъулин вазифадор карда шуданд, ки дар шаҳру ноҳияҳо ба захираҳои сафарбарии ҳайати эҳтиётӣ ва омӯзонидани онҳо аз рӯи ихтисосҳои қайди ҳарбӣ ҷиҳати баланд бардоштани омодагии ҳарбии захираҳои сафарбарӣ ҷамъомадҳои ҳарбӣ гузаронида, ба таълими саҳроӣ ва машқҳои низомӣ бо истифода аз тарзу усулҳои муосир аҳамият диҳанд. «Бо дарназардошти шароити имрӯза Қувваҳои Мусаллаҳи худро азнавсозӣ кунем ва онҳоро бо техникаву лавозимоти пешрафтаи ҳарбӣ таъмин намоем». Вобаста ба муқаррароти моддаи 43-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванд аст», чанде пеш Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» дар такмили нав қабул карда шуд. Дар Қонуни мазкур уҳдадории ҳарбии шаҳрвандон, афзалияти хизмати ҳарбӣ, тарбияи ҳарбию ватандӯстӣ, гирифтани дониши зарурӣ дар соҳаи мудофиа, тайёрии ҳарбӣ дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, таҳсил дар муассисаҳои таълимии давлатии ҳарбии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба хизмати ҳарбӣ ба таври мушаххас баён гардидааст. Боиси тазаккур аст, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан Пешвои муаззами миллат, Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи ҳимояи марзу буми Ватан, оромии кишвар, пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ, халалдор нагардидани осоиштагӣ ва зисту зиндагонии аҳолӣ, эмин будан аз хавфу хатарҳои  ҷаҳонӣ, гирифтани пеши роҳи терроризму ифротгароӣ, амалҳои тахрибкоронаи террористӣ ва дар ин росто ҳушёрию бедории миллӣ ва зиракии сиёсиро пешорӯи афкору андеша ва амалҳои худ донистани ҳар як шаҳрвандмахсусан ҷавононро ҳамеша ва дар ҳар суханрониҳояшон махсус таъкид менамоянд. Бо дастуру ҳидояти Пешвои миллат имрӯз он ҷавононе, ки хизмати Модар-Ватанро дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра адо кардаанд, имтиёзҳо муқаррар шудаанд. Таъйини Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон агар, аз як ҷиҳат, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба фидоиёну муҳофизони Ватан бошад, аз ҷониби дигар, талқину тарғиби моҳияти ин санаи муҳими таърихӣ ва ҷалби шаҳрвандон, махсусан ҷавонон ба ҳимояи Ватан, муқаддасоти миллӣ ва арзишҳои давлатӣ мебошад. 


Раҷабалӣ САНГОВ,

Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш