Нашрияи Омӯзгор

Вусъати фаъолияти Консерваторияи миллӣ

Сана: 2021-02-19        Дида шуд: 6        Шарҳ: 0

Чунонки ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов Миралӣ Достизода дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод, муассиса ягона мактаби олиест, ки дар ҷумҳурӣ мутахассисони соҳаи мусиқии касбӣ дар се факулта: иҷрокунандагӣ, мусиқии суннатии тоҷик, санъати мусиқии эстрадӣ ва 13 кафедра аз рӯйи 14 ихтисос, дар шакли  низоми кредитӣ карда мешаванд. Дар қатори 437 нафар донишҷӯи худӣ ҳамчунин, ёздаҳ нафар донишҷӯи хориҷӣ (аз ИМА, Кореяи Ҷанубӣ, ҶИЭ, Ҷумҳурии Ӯзбекистон) низ таълим мегиранд. Бо мақсади ба сатҳи касбии байналмилалӣ бардоштани ҷараёни таҳсил ба ҳайси омӯзгор ба консерватория мутахассиси барҷаста, профессори Консерваторияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Мустафо Бафоев ҷалб гардидааст. Ба таъкиди М. Достизода, яке аз роҳҳои такмили дониш ва маҳорати касбии донишҷӯён хуб ба роҳ мондани таҷрибаомӯзии шогирдон ба шумор меравад. Тибқи нақшаҳои таълим ду  намуди таҷрибаомӯзӣ ба роҳ монда шудааст: омӯзгорӣ (таълимӣ) ва иҷрокунандагӣ (эҷодӣ). Ҳамасола консерватория бо муассисаҳои таълимиву эҷодӣ шартномаи ҳамкорӣ баста, донишҷӯён вобаста ба тахассусҳо аз таҷрибаомӯзӣ мегузаранд. Базаҳои асосии таҷрибаомӯзии таълимӣ коллеҷу мактабҳои миёнаи махсуси мусиқӣ ва таҷрибаи эҷодӣ, ансамблу оркестрҳои давлатӣ маҳсуб меёбанд. Имсол дар даври якум ва дуюми озмуни «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» зиёда аз 60 нафар омӯзгору донишҷӯи консерваторияи мо низ иштирок намуда, 37 нафар ба даври ниҳоии он роҳ ёфанд,  гуфт ректор. Хушбахтона, дар даври ҷамъбастӣ бист нафар донишҷӯю устод ғолиби озмун дониста шуда, ҳабдаҳ нафари онҳо соҳиби диплом гардиданд. Доир ба гиромӣ доштани хотираи нахустин ректори консерватория. Т. Сатторов, ки имрӯз муассиса  номи ӯро дорад, як қатор тадбирҳо андешида  шудааст. Аз ҷумла, дар саҳни муассиса дуюми декабри соли гузашта нимпайкараи ӯ гузошта шуд. Дар ҳар давраи муайян намунаи  асарҳои Т. Сатторов барои донишҷӯёну меҳмонон шунавонда мешавад.      

 Ҳотами ҲОМИД,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Инсон фақат замоне метавонад шод бошад, ки фарз накунад ҳадафи зиндагӣ танҳо шодӣ аст.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш