Нашрияи Омӯзгор

Фаъолияти пурбор

Сана: 2021-02-19        Дида шуд: 8        Шарҳ: 0

Роҳбарият ва ҳайати профессорону омӯзгорони Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов барои тайёр намудани мутахассисони соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш мутобиқ ба талаботи замон ва рақобатпазир будан ба бозори меҳнат саъю кӯшиш менамоянд. Дар ин хусус дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон ректори муассисаи зикргардида Шодӣ Сафаров  иттилоъ дод. Номбурда афзуд, ки роҳбарият тасмим гирифтааст, ки то ба сатҳи олӣ ба роҳ мондани таҳсилоти кредитии мутахассисони донишкада онҳоро  барои бозомӯзӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар сафарбар менамояд. Чунонки  ректор иброз намуд, донишкада имрӯз дорои 7 толори варзишӣ, аз ҷумла, толори гимнастика, гӯштингирӣ, бозиҳои варзишӣ, толори якҳарбаи шарқӣ, бокс, тирпарронӣ, вазнбардорӣ, ду майдони калон барои футбол, ҳашт  майдонча барои бозии волейбол, баскетбол ва варзиши сабук мебошад. Ҳамчунин, дар кафедраҳои варзишии донишкада зиёда аз 130 омӯзгор фаъолият менамоянд, ки аз онҳо ҳаштод нафарашон аз рӯйи ихтисосҳои худ «Устоди варзиши Тоҷикистон», «Корманди шоистаи варзиши Тоҷикистон» ва «Мураббии шоистаи варзиши Тоҷикистон»  анд.  Бино ба иттилои ректор, зиёда аз сесад нафар донишҷӯ узви дастаҳои мунтахаби ҷумҳурӣ аз намудҳои гуногуни варзиш мебошанд. Тибқи  иттилои ректор, дар хобгоҳи донишкада 500 нафар истиқомат дошта, ин ҷо ятимони кулл, камбизоатон ва духтарон ройгон будубош мекунанд. Ҳоло дар муассисаи таълимии номбурда 23 нафар ятими кулл ба таври ройгон таҳсил доранд. Онҳо ба таври ройгон хӯрок тановул карда, доимо аз ёрии моддӣ ва маънавӣ бархӯрдоранд. Корҳои тарбиявӣ низ дар ин ҷо хуб ба роҳ монда шудааст. Дар поёни нишаст ректори донишкада рӯзноманигоронро барои инъикоси фаъолияти минбаъдаи шогирдони донишкада, ки дар чорабиниҳои гуногуни варзишии дохиливу хориҷӣ комёбӣ ба даст меоранд, ба ҳамкорӣ даъват намуд.     

Ҳотами ҲОМИД, 
«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш