Нашрияи Омӯзгор

Диёри ман - ифтихори ман

Сана: 2021-02-13        Дида шуд: 15        Шарҳ: 0

Ҳикмати зеринро ҳама борҳо шунидаему писандидаему такрор кардаем: «Аз ҳамаи иртиботҳо муҳимтаринаш иртибот бо Ватан аст». Дар ҳақиқат, меҳри Ватан, арҷгузорию эҳтироми Ватан барои ҳар инсон, барои фурӯғи ҳаёти ӯ, барои хушбахтию саодадмандӣ ва шаъну  шарафаш  мавқеи аввалдараҷа  дорад. Ҳамин аст, ки ин мавзӯъ дар маркази  таълимоти педагогҳои варзида қарор гирифта, вобаста ба он садҳо мақолаву рисола, дастурҳои методӣ навишта шудааст ва минбаъд ҳам навишта хоҳанд шуд.
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле барҳақу барҷаста гуфтаанд: «Дӯст доштани Ватан аз дӯст доштани зодгоҳ сарчашма мегирад». Воқеан ҳам, ба қавли маъруф, касе, ки модари худро дӯст намедорад, ягон модари дигарро эҳтиром нахоҳад кард. Вобаста ба ин ҳама, зарур аст, ки дар дили хонандагон ҳар чӣ бештар муҳаббат нисбат ба диёри маҳбуб ҷо дода шавад ва дар ин кор, албатта, омӯзгорон, роҳбарони синфҳо, масъулини мактабҳо бояд таваҷҷуҳманд бошанд. Ҷои баҳс нест, ки масъулияти омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ ҳамчун сарчашмадорони дарёи дониш барои заминагузории муҳаббати шогирдон ба диёри маҳбуб ва тақвиятбахши ин муҳаббати самимӣ зиёд аст. Барои ин онҳоро мебояд, ки аз муассиртарину навтарин ва самаровартарин методҳои таълиму тарбия истифода намоянд. Мо бар он назарем, ки барои неруманд будани тарбияи муҳаббат ба диёр дар хонандагон бояд имконияти тамоми фанҳо ба ҳам пайваста шаванд. Яъне тарбияи муҳаббат ба диёри арҷманд танҳо вобаста ба фанни алоҳида (дар синфҳои ибтидоӣ) нест, балки дар ин самт аз имконоти ҳамаи фанҳо истифода бояд кард ва гузашта аз ин, муҳтавои мавзӯъҳои  фанҳои таълимиро аз ин нигоҳ алоқаманд бояд кард. Дар ин ҷода чи қадаре ки фанни забони моадарӣ ё хониш имкон дошта бошанд, фанни табиатшиносӣ ва фанҳои дигар низ ҳамон қадар имкон доранд. Чанд василаи тақвияти муҳаббат ба диёрро ёдовар мешавем, ки ба ҳамаи фанҳо ҳамбаста буда метавонанд.
Истифода аз порчаҳои насрӣ дар китобҳои дарсӣ ва сарчашмаҳои дигар (интихоби омӯзгор), ки дар онҳо ҳусни диёр, муҳаббат ба табиати Ватан тавсиф мешавад.
Истифода аз шеърҳо дар васфи Ватан, зебоиҳои диёр, манзараҳои дилрабо.
Саёҳат ба мавзеъҳои хушманзара ва шунидани шарҳи омӯзгор, навиштани таассуроти худ аз ин саёҳат (дар ҳаҷми  3-4 ҷумла).
Расмкашӣ вобаста ба манзараҳои марғубу дилписанди диёр, зодгоҳ, муҳити худ.
Ташкили мусоҳибаи аҳли синф дар мавзӯъҳои «Ҳусни дилрабои Ватан», «Кадом гӯшаҳои хушманзари зодгоҳро  меписандед?», «Тавсифи пораҳои шеърӣ дар ситоиши диёр».
Одамони шуҳратёри диёр ва нақл дар бораи корномаи илмӣ, адабӣ ва меҳнатии онҳо…
Умуман, доираи чунин мавзӯю тадбирҳо васеъ аст ва ин барои омӯзгорон оид  ба тарбияи муҳаббат ба диёр имконоти фаровон фароҳам меоварад.

Сулҳиямои Салимзод,
омӯзгори синфҳои ибтидоӣ
 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Одам будан мубориз будан аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш