Нашрияи Омӯзгор

Маркази омодагӣ дар ВМКБ

Сана: 2021-01-13        Дида шуд: 7        Шарҳ: 0

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар шаҳри Хоруғ филиали маркази омодагӣ кушода мешавад. Устоди ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, номзади илмҳои биологӣ Тоҳир Ниятбеков таъсиси филиали мазкурро дар тайёр намудани довталабони соҳаи тиб ва пешакӣ омода кардани онҳо барои дохил шудан ба донишгоҳи мазкур муҳим арзёбӣ намуд. Муҳлати таҳсил 8 моҳро дар бар гирифта, дар коллеҷи тиббии шаҳри Хоруғ ду утоқи корӣ барои фаъолияти филиали мазкур ҷудо гардидааст. Дар назар аст, соли равон маркази тайёрӣ ба фаъолият оғоз мекунад.

Ҷ.Қозибеков, «Омӯзгор»  

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Виҷдон омӯзонандатарин китоб аз китобҳои дастраси мост:онро бештар бояд хонд.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш