Нашрияи Омӯзгор

Китобҳои таърих таҷдиди назар мехоҳанд

Сана: 2021-01-13        Дида шуд: 21        Шарҳ: 0

Маълум аст, ки барои тарбияи дуруст ва ҳамаҷонибаи насли наврас омилҳои зерин ҳалкунанда мебошанд: а) шароити хуби таълимӣ бо мавҷудияти таълимгоҳи ҷиҳозонидашуда ва омӯзгорони соҳибкасб; б) китобҳои дарсии мутобиқ ба синну соли кӯдакон ва барномаҳои таълимии мувофиқ ба китобҳои дарсӣ; в) робитаи доимии падару модарон бо омӯзгор ва муассисаи таълимӣ. Омиле, ки имрӯз ҳалли он дар маркази диққати омӯзгорон ва тамоми аҳли маориф қарор гирифтааст, аз байн бардоштани мушкилот ва камбудиҳо дар таҳия ва нашри китобҳои дарсӣ мебошад. Муҳиммияти ҳалли ин масъала буд, ки 20-уми ноябри соли 2020 дар толори муассисаи таҳсилоти умумии №65-и шаҳри Душанбе бо иштироки Абдуҷаббор Раҳмонзода – Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Муҳаммадюсуф Имомзода – вазири маориф ва илм, Нуриддин Саид – раиси Кумитаи телевизион ва радио, Фарҳод Раҳимӣ – Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Олимҷон Муҳаммадҷонзода – раиси Кумитаи забон ва истилоҳот ва муаллифони китобҳои дарсӣ дар мавзӯи «Такмили мазмуну мундариҷа ва муҳтавои китобҳои дарсӣ дар ҳошияи роҳнамоиҳои Пешвои миллат» семинари илмию машваратӣ ва таҳлилию методӣ баргузор гардид. Дар ин ҷамъомади сатҳи баланди илмӣ қайд гардид, ки дар нашри имрӯзаи китобҳои дарсӣ аз фанҳои ҷамъиятию гуманитарӣ камбудиҳое ҷой доранд, ки ислоҳталабанд. Ислоҳи ин камбудиҳо тарзе бояд амалӣ гардад, ки пеш аз ҳама, ба баланд бардоштани ҳисси худшиносӣ, ватандӯстӣ ва рӯҳияи истиқлолиятхоҳии мардуми Тоҷикистон мусоидат намояд. Ман аз соли 1988 инҷониб дар мактаб ҳамчун омӯзгори таърих ва ҳуқуқ ба таълиму тарбияи хонандагон машғул ҳастам. Бо боварӣ гуфта метавонам, ки ҳамаи он камбудию норасоии ҷойдошта дар китобҳои дарсӣ аз ҳама бештар ба дӯши омӯзгорони мактабҳои миёна меафтад. Бисёр ҳолатҳо ба санаҳои таърихие дучор мегардем, ки дар китоби дарсии таърихи умумӣ дигар хел омадаасту дар китоби дарсии таърихи халқи тоҷик бо тартиби дигар. Хонанда дурустии онҳоро аз омӯзгори худ мепурсад. Якеро дурусту дигареро нодуруст гуфтан барои муаллимон бисёр мушкил аст. Ҳоло мехоҳам якчанд андешаи худро дар хусуси таҳияи китоби дарсии таърихи халқи тоҷик баён намоям. I. Беҳтар мешуд, агар дар таҳрири нави китобҳои дарсӣ аз даврабандии замони Шӯравӣ вобаста ба ҳар як синф (форматсияҳои ҷамъиятӣ) даст кашему китобҳои дарсиро ба синфҳо бо назардошти аҳамияти онҳо дар давраҳои гуногуни таърихи халқамон тақсимбандӣ намоем. II. Вобаста ба хусусияти синнусолии хонандагон, агар дар синфи  5 ҳикояҳо аз таърихи халқи тоҷик ҷой дода шавад, бештар манфиатовар мебуд. Аз мушоҳидаҳо маълум аст, ки азхуд намудани маводи таълимӣ барои хонандагони синфи 5-ум мушкилиҳои зиёдро пеш меорад. Агар ба ҷои ин қадар мавзӯъҳои мушкилфаҳм ва мураккаб вобаста ба синну соли кӯдакон ҳикояҳои гуногун аз қаҳрамониҳои гузаштаи халқамон пешниҳод гардад, аввалан, ифтихори миллию ватандӯстии хонандагон баланд мегардад, баъдан шавқу рағбати хонандагон нисбат ба омӯзиши таърихи халқамон зиёд мешавад. III. Ҳар як мавзӯи омӯхташаванда дар китоби дарсии таърихи халқи тоҷик бояд бо пешниҳоди факту рақам ва ҳодисаҳои таърихӣ маҳдуд нагардида, бо хулосаҳои хос ва мувофиқ ҷамъбаст гардад. IV. Мавзӯъҳои дарсӣ, ки доир ба давлатдории тоҷикон ва сиёсатмадорону чеҳраҳои барҷастаи миллатамон бахшида шудаанд, нисбат ба дигар мавзӯъҳо бояд васеътар ва бо сарчашмаҳои иловагӣ аз асарҳои таърихнигорони гузаштаи халқамон пешниҳод гарданд. Дар китобҳои дарсии имрӯзаи омӯхташаванда ба ин паҳлуи масъала камтар таваҷҷуҳ зоҳир шудааст. V. Ҳангоми пешниҳоди мавзӯъҳои дарсӣ ба эътибор гирифтани хусусияти синну солии хонандагон масъалаи муҳимтарин ба ҳисоб меравад. Агар хонанда аз 20 то 30 фоизи маводи таълимиро аз нақли омӯзгор аз бар намояд он гоҳ қисмати бештари маълумотро бо роҳи мустақилона хондани китоб аз худ менамояд. Дар чунин таносуби азхуднамоии маводи китоби дарсӣ аз ҷониби хонанда содаву фаҳмо ва мувофиқ ба синну сол будани маълумоти пешниҳодшаванда омили асосӣ ба ҳисоб меравад. VI. Ҳангоми таҳияи мавзӯъ-ҳои таърихи миллӣ доир ба замони ҳукмронии сулолаҳои муғул ва туркнажод чунин ҳақиқати таърихиро аз хеш дур кардан лозим нест, ки гарчанде ҳокимияти сиёсӣ дар дасти сулолаҳои тоҷикон набуд, вале давлатдорӣ, адабиёт ва илм тоҷикона буд. Ҳамаи ин сулолаҳои аҷнабӣ бо забони тоҷикӣ давлатдорӣ мекарданд, асарҳои илмӣ бо ҳамин забон офарида мешуданд, бе иштироки сиёсатмадорону олимони тоҷик барои сулолаҳои муғул ва туркнажод давлатдорӣ кардан имконнопазир буд. Ин ҳақиқат раднашаванда аст, ки то замони ба сари қудрат омадани болшевикон дар Осиёи Марказӣ забони тоҷикӣ ба ҳайси забони асосии давлатдорӣ амал мекард. VII. Дар пешниҳоди маводи таълимӣ ҳамеша рӯҳияи истиқлолиятхоҳии халқамон бояд дар мадди назар бошад. Ин як бофтаи таърихӣ не, балки ҳақиқати таърихист. Исботи ин ақида таърихи начандон дури миллатамон шуда метавонад. Дар назар дорам муборизаву ҷоннисориҳои фарзандони баруманди миллатро, ба монанди Н. Махсум, Ш. Шоҳтемур, Ч. Имомов ва дигарон. Ҳангоми тақсимоти ҳудуди миллию марзии Осиёи Марказӣ дар соли 1924 онҳо ба ивази ҷони хеш тавонистанд ба тоҷикон Ҷумхурии Тоҷикистони Шӯравиро тақдим намоянд, ки бешубҳа, заминаи асосии ташаккули давлатдории имрӯзаи Тоҷикистони соҳибистиқлол гардид. Андешаҳои пешниҳодгар-дида он хулосаҳое мебошанд, ки дар раванди таълими фанни таърихи халқи тоҷик дар мактаб ва кор бо хонандагон пайдо шудаанд. Ба эътибор гирифтан ё нагирифтани ин хулосаҳо ба салоҳдиди мутасаддиёни соҳа мебошад. Шояд масъалаҳои гузошташуда шарҳи иловагиро талаб намоянд ва ё ҳаматарафа таҳлил нашуда бошанд, лекин бовар дорам ба эътибор гирифтани онҳо аз манфиат холӣ нест.

Давлат ШЕРАЛИЗОДА,

омӯзгори таърих ва ҳуқуқи мактаби Президентӣ барои кӯдакони болаёқат дар ноҳияи Данғара,

Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бикӯшем, то нек биандешем ҳамин аст оғози ахлоқ.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш