Нашрияи Омӯзгор

Ташкили кори мустақилона ва арзёбии он

Сана: 2021-01-13        Дида шуд: 22        Шарҳ: 0

Амалия нишон медиҳад, ки гузаронидани кори мустақилонаи хонандагон дар дарс душвориҳо дорад, зеро қобилияти азхудкунии хонандагон гуногун аст. Яъне як қисми хонандагон супоришро бо осонӣ иҷро намуда, мунтазири санҷиш мешаванд. 

Гурӯҳи дигар аз уҳдаи иҷрои вазифа ба зудӣ баромада наметавонанд ва бар замми ин, барои санҷиш вақти зиёде лозим аст. Барои он ки кори мустақилона моҳияти худро гум накунад ва вақти зиёд боқӣ монад, дар ҷараёни таълим имкониятҳои табиӣ, қобилият ва фаъолияти хонандагонро ба ҳисоб гирифта, онҳоро ба гурӯҳҳо ҷудо бояд кард. Ман дар синфи дуюм дар аввали соли таҳсил ҳамаи хонандагонро мувофиқи махсусиятҳои фардӣ, захираҳои ботинии равонӣ, шавқу рағбат ва эҳтиёҷоти маърифатиашон ба чор гурӯҳ ҷудо намудам. Ба ҳар кадом гурӯҳ якнафарӣ хонандамеҳвар таъйин намудам. Боқимондаи хонандагонро мувофиқи донишазхудкунӣ, майлу хоҳиш ва қобилияташон ҷойгир намудам, ки ҳар хонанда худаш мустақилона, ба умеди дигаре нашуда, ба иҷрои супориш пардозад. Дар давоми соли таҳсил хонандамеҳварон ва аъзои гурӯҳ тағйир ёфта метавонанд, ба шарте ки хонандамеҳварони гурӯҳҳо саводнокии гурӯҳи худро баланд бардоранд. Хонандамеҳваре, ки гурӯҳи худро пешсаф кард, ба гурӯҳи қафомонда хонандамеҳвар таъйин мегардад. Узви пешсафи гурӯҳ дар натиҷаи саводи худро баланд бардоштан метавонад хонандамеҳвари ин ё он гурӯҳ таъйин гардад. Чун узви қафомондаи гурӯҳ пешсаф шуду хонандамеҳвар таъйин гардид, дигар аъзои қафомондаи гурӯҳ ҳам кӯшиши хонандамеҳвар шудан мекунанд. Ҳамин тавр, оҳиста-оҳиста сафи сустхонҳо барҳам хӯрда, пешсафон зиёд мегарданд. Чунин тарзи гурӯҳбандӣ имконият медиҳад, ки фаъолнокии хонандагон беҳтар гардида, бештар худро мустақил ҳисобанд, дар давоми таҳсил сафи сустхонҳо кам шавад, зеро ҳар аъзои гурӯҳ кӯшиш мекунад, ба монанди сарвари худ соҳиби дониши баланд ва ба боварии омӯзгор сазовор гардад. Ҳоло ин тарзи гурӯҳбандӣ ва усулеро бо номи “Санҷиш”, ки аз тарафи хонандамеҳварони гурӯҳҳо ҳангоми гузаронидани кори мустақилона аз фанни математика ба ҷо оварда мешавад, тавзеҳе мебахшем. Баъди ба синф ворид шудани хонандагон бо мақсади мустаҳкам намудани амали ҷамъ ва тарҳи аз даҳӣ боло ва мукаммал шудани фаҳмиши онҳо оид ба рамзҳои “калон”, “хурд”, “баробар” дарсро аз ташкили кори мустақилона оғоз менамоям.  Дар синф тахтаи магнитии махсус барои арзёбии хонандагон бо ному насаби хонандагон ташкил карда шудааст. Рафти кори мустақилона ба хонандагон шарҳ дода мешавад: 1. (Гурӯҳи “Росткунҷа”). Аз ададҳои дар экран буда оид ба амали ҷамъ ва тарҳ мисолҳо тартиб дода, ҳал кунед. 2. (Гурӯҳи “Квадрат”). Кор аз рӯйи варақа: Ба ҷойи ситорачаҳо рамзҳои мувофиқ гузоред . 3. (Гурӯҳи “Секунҷа”). Иҷрои диктанти математикӣ. 4. (Гурӯҳи “Давра”). Тартиб додани масъала ва ҳалли он оид ба амали ҷамъ. 5. Хонандагон баъди гирифтани супориш ба иҷрои кор шурӯъ мекунанд. Баъди ба итмом расонидани супориш ва иҷрои он навбати ислоҳи камбудиҳо бо номи “Санҷиш” оғоз меёбад. Хонандамеҳварони гурӯҳҳо кори ҳамгурӯҳашонро тафтиш намуда, он хонандагоне, ки ба хатоӣ роҳ доданд, тугмачаи магнитии сабз ва он хонандагоне, ки супоришро дуруст иҷро намудаанд, тугмачаи ранги сурхро дар назди ному насабҳое, ки дар тахтаи махсуси магнитӣ навишта шудааст, мегузоранд. Ба ин восита, ба ман маълум мегардад, ки кадом хонанда хато кардааст. Пас, ман номи он хонандаро гирифта, ба назди тахтаи синф даъват намуда, иҷрои супоришро месанҷам. Баъзан даъват накарда, ба назди ӯ меравам ва ба ӯ ёрӣ мерасонам.  

Заррина ВАҲОБҶОНОВА,

омӯзгори синфҳои ибтидоии мактаби № 25, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш