Нашрияи Омӯзгор

Робитаҳо тақвият мехоҳанд

Сана: 2021-01-13        Дида шуд: 18        Шарҳ: 0

Ҳар як фард дар оила тарбия ёфта, ба воя мерасад. Оила мактабест, ки бо хусусиятҳои хоси худ метавонад дар тарбияи ахлоқию зеҳнӣ ва ҷисмонии насли наврас нақши муҳимеро ба ҷо орад. Аммо ҳаёт шоҳиди он аст, ки калонсолони хонавода худашон дар тарбияи аҳли оила саҳлангорӣ мекунанд. Муошират, муомила, хулқу атвор, муносибатҳои хонаводагӣ, гуфтугузори ҳамешагии падару модар дар ҳузури аҳли оила, ба зеҳну тафаккури фарзандон нақши худро мегузорад. Ҳатто онҳо рафтору кирдори волидайнро ба мерос мегиранд. Масъулияти ин ҳама нобасомониҳо боз ҳам ба дӯши волидайн меафтад, ки баъзеашон аз фарҳанги оиладорӣ огоҳӣ надоранд. Аз ин лиҳоз, баҳри мустаҳкам намудани оила аз ҳар гуна имконият бояд истифода бурд. Агар мо ғами фарзандони худро хӯрда, барои таҳсили хубашон мусоидат намоем, тартибу интизомашон низ хуб мешавад. Хониши хуби фарзандон низ дар натиҷаи назорати доимии сарварони оила ва алоқаи мустаҳкам бо муассисаи таълимӣ зоҳир мегардад. Падару модарон дар тарбияи фарзандони худ бепарвоӣ мекунанд. Натиҷа ҳамин аст, ки фарзандони онҳо даст ба амалҳои ношоиста зада, ҷиноятҳои гуногун зоҳир мекунанд. Сабаби паст будани донишу ҷаҳонбинӣ ва фаҳмиши хонандагон истифодаи бемавқеи телефонҳои мобилӣ, тамошои филмҳои моҷароҷӯёнаю саргармкунанда ва дар кӯчаю роҳҳо беҳуда гашту гузор кардани онҳо мебошад. Алоқаи падару модарон ба муассисаи таълимӣ суст ба роҳ монда шуда, волидон аз донишомӯзии фарзандон огаҳии амиқ надоранд. Рӯзномаю дафтарҳои кории фарзандонро аз назар намегузаронанд, мутаассифона, падару модароне ёфт мешаванд, ки ҳатто намедонанд писар ё духтараш дар кадом синф таҳсил мекунад, роҳбари синфаш кадом омӯзгор аст, ки ин боиси ташвиш ва нигаронӣ аст. Ҳар гуна ноҷӯриҳои зиндагӣ (хонаводагӣ), аз қабили рашку ҳасад, ранҷу шиканҷа набояд монеи таълиму тарбияи хуби насли наврас гардад. Агар ҳар як падару модар бомаърифату фарҳанг бошад, ҳамон қадар бештар дар замири фарзанд саводу дониш, ақлу тамиз, меҳру муҳаббат ба наздикон ва атрофиёнро тарбия кардан мусоидтар аст. Омӯзгор кӯдаконро бо меъёри кории мактаб шинос менамояд, онҳоро бо шароит ошно сохта, дилашонро ба таълим гарм мекунад. Дар муассисаҳои таълимӣ тибқи нақша ҳафтае як маротиба роҳбари синф машғулияти тарбиявӣ мегузаронад. Аз ин лиҳоз, волидайн бояд бо роҳбари синф ҳамкорӣ намуда, дар машғулиятҳои тарбиявии синфҳое, ки фарзандҳояшон мехонанд, иштирок намоянд. Роҳбари синф вазифадор аст, ки дар мавридҳои зарурӣ бо ҳамсинфони фарзандҳояшон суҳбатҳо гузаронад. Мутаассифона, агар баъди хатми муассиса фарзандашон ба ягон донишкада ё худ омӯзишгоҳ дохил нагардид, бевосита омӯзгору мактабро гунаҳгор меҳисобанд. Билохир, бояд коре кард, ки фарзанд боодоб, меҳнатдӯст, ба мардум нафъовару дорои эҳсоси баланди ватанпарварӣ буда, сазовори номи неки падар ва модари худ гардад. Барои ба ин мақсад расидан бояд худи падару модар дар назди фарзандонаш обрӯю эътибор, ҷавҳари падарӣ ва модарӣ дошта, хушгуфтору инсондӯст ва ростқавл бошанд. Муҳити тарбия, ҷаҳонбинӣ, ақлу одоб ва дунёи маънавии падару модар омилҳоеанд, ки кӯдак аз он ғизои маънавӣ мегирад. 

Ҷумахон ҶӮРАЕВ,

муовини директори мактаби №41-и шахри Кӯлоб


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин вазифаи мо дар назди мардумон ростӣ дар гуфтору кирдор аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш