Нашрияи Омӯзгор

Риёзидон бояд ҳамадон бошад

Сана: 2021-01-08        Дида шуд: 28        Шарҳ: 0

Омода намудани омӯзгор нисбат ба муҳандис, иқтисодчӣ, агроном ва дигар касбҳо басо мураккаб аст. Ин ҳолатро то ҳанӯз на ҳама дуруст дарк кардаанд. Тайёрии хуби донишҷӯён-муаллимони риёзии оянда дар мактабҳои олии омӯзгорӣ аз ҳалли бисёр проблемаҳо вобастагӣ дорад. Яке аз ин гуна проблемаҳо масоили мутассил такмил додани нақшаҳо ва барномаҳои таълимӣ аз рӯи тахассуси донишҷӯ ҳисоб меёбад. Ба андешаи мо, норасоии асосиро дар тайёрии муаллимони оянда, қабл аз ҳама, дар мавҷуд набудани нақшаҳо ва барномаҳои таълимии бардавом ҷустан лозим аст. Нақшаҳои таълимӣ зуд-зуд тағйир меёбанд. Дар таҳияи онҳо принсипи бардавомӣ ба назар гирифта намешавад. Дар давоми беш аз 20 соли охир нақшаҳои таълимӣ чандин бор иваз шуданд. Солҳои пешин ягон хатмкунандае набуд, ки аз дохилшавӣ то тамомкунӣ бо як нақша мактаби олиро ба анҷом расонида бошад. Муқоисаи нимасраи нақшаҳои таълимӣ аз математика барои ихтисоси омӯзгорӣ аз рӯи маълумоти сардори мактабҳои олии Вазорати маорифи собиқ ИҶШС В.К.Розов (Пути совершенствования подготовки учителей математики в педагогических институтах. Ж-.л. «Математика в школе», №5,1970) ва соли 2018-и Вазорати маориф ва илми ҶТ нишон медиҳанд, ки миқдори фанҳои тахассусӣ рӯ ба камшавӣ ниҳодааст. Тафовути соатҳо бе шарҳи муфассал аён аст. Камбудии дигари нақшаи таълимӣ аз бисёрфаннии он дар бахши I-фанҳои гуманитарӣ ва бахши II-фанҳои табиӣ-риёзӣ ва иқтисодӣ иборат мебошад. Дар ин хусус фикру андеша бояд кард! Дар аҳди Шуравӣ ҳар сари чанд вақт оид ба масъалаҳои модел (аз фр. Modele-намуна, хел)-и мутахассис, принсипҳои методологӣ, методикаи мушаххаси муайян кардани мазмун ва беҳтар намудани нақшаҳои таълимӣ мунозираҳо барпо мегардид. Аммо, бояд қайд кард, ки ҳар чӣ қадар нақшаҳо ва барномаҳои таълимии мукаммал тартиб дода нашавад, сифати тайёрии муаллимони оянда дар охир аз омодагии касбии онҳо вобастагӣ дорад. Мушоҳидаҳои солҳои охир нишон медиҳанд, ки қисми зиёди хатмкунандагон дар ҷараёни таълим тайёрии илмӣназариявии амиқ намегиранд, аз рӯи соҳаи муҳимми ихтисосматематикаи мактабӣ тайёрии суст доранд, китобҳои дарсиро хуб намедонанд, аз барномаҳои таълимӣ воқиф нестанд. Гузориши машғулиятҳои фанҳои тахассусӣ (бахши IV, нақшаи таълимӣ) асосан ба тайёрии умумии донишҷӯ, бе назардошти ихтисоси омӯзгории ояндаи ӯ нигаронида шудааст. Аз ин рӯ, нақшаҳои таълимии солҳои охир аз рӯи ихтисоси «Математика», «Математика ва физика» тайёрии кифояи ихтисоси муаллимони мактабро таъмин карда наметавонад. Ба андешаи мо, таълими фанҳои математикӣ бояд ба ихтисоси ояндаи омӯзгор ба курси математикаи мактабӣ (КММ) бояд алоқаи зич дошта бошад. Ин алоқамандиро бо самтҳои мухталиф ба амал овардан мумкин аст. Онҳоро баён мекунем. 1.Дар нақшаҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ (равияи омӯзгорӣ) солҳои гуногун мақсад ва вазифаҳои КММ (бо унвони математикаи элементарӣ: алгебраи элементарӣ ва геометрияи элементарӣ) бо тарзҳои мухталиф муайян гардида, ҳамаи онҳо як мақсад доштанд: курс вазифадор буд, ки донишҷӯро бевосита ба таълими математикаи мактабӣ тайёр ва аз тарафи дигар, ба фанҳои математикӣ хизмати бебаҳо кунад. Масалан, дар нақшаи таълимии солҳои 60уми асри ХХ барои донишҷӯёни курси I, шуъбаи физикаю математика ба мақсади омӯхтани алгебраи элементарӣ 30 соат лексия ва 90 соат корҳои амалӣ ҷудо гардида буд. Бинобар ин, яке аз сабабҳои муҳимми тайёрии нокифояи касбии муаллимони математика-ин ҷой доштани норасоиҳо дар мазмуни маълумоти математикии мактаби олии омӯзгорӣ мебошад. Ин камбудӣ то ҳанӯз бартараф нагардидааст. Маълум аст, ки асоси илмии курси мактаби (аз синфи 1 то 11)-ро мафҳуми адад ва намудҳои он ташкил медиҳад. Адад муъҷизаи математика аст. Ҳамаи назарияҳо, мафҳумҳо, таърифҳо, тасдиқҳо ба адад асос меёбанд, аз он ба амал меоянд. Аммо курсе, ки асоси илмии назарияи ададҳоро ба муаллими оянда меомӯзонад («Системаҳои ададӣ»), аз нақшаи таълимии соли 2018 берун мондааст (ДДК ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ) ва ё ҳамчун фанни интихобӣ дар ҳаҷми чор кредит (ДДОТ ба номи С.Айнӣ) омӯхтани он дар назар дошта шудааст. Чаро ҳатмӣ нею интихобӣ?! Оё бе таҳкурсӣ биноро сохтан мумкин аст? Ё магар «Асосҳои математикаи мактабӣ» (ба ҷойи «Асосҳои илмии курси математикаи мактабӣ» ивази ном шудааст)-ро бо 3 кредит комилан таълим додан имкон дорад? 2. Ба устодони мактаби олии омӯзгорӣ маълум аст, ки дар ҳамаи фанҳои тахассусӣ қисмҳое ҳастанд, ки бевосита ба КММ алоқаманданд. Масалан, ҳангоми таълими «Алгебра ва назарияи ададҳо» аз қисмҳои гуногуни ин курс ба назарияи муқоисаҳо аҳамияти калон додан лозим аст. Бо ёрии муқоиса метод (нишона)-и умумии тақсимшавии ададҳо исбот карда мешавад. Ба манфиати муаллимони оянда мебуд, агар натиҷаҳои ин нишона ба методҳо (тарзҳои)-и хусусие, ки дар КММ истифода бурда мешаванд, муқоиса карда шаванд. Ин тасдиқро нисбат ба таҳлили математикӣ ва геометрия низ гуфта метавонем. Ба ин восита далелҳо ва мафҳумҳое, ки дар КММ омӯзонида мешаванд, илмӣ асоснок мегарданд. Ин хеле муҳим аст, зеро таълими фанҳои тахассусӣ ба тайёрии касбии донишҷӯён нигаронида мешавад. Бинобар ин, айни замон қайд ва мухтасар баён намудани мавқеи касбии маводи математикӣ талаботи асосии машғулиятҳои аудиторӣ бояд бошад. Имрӯзҳо ҳадафи чоруми Ҳукумати кишварамон-саноатикунонии босуръати мамлакат мебошад. Солҳои 60-70уми асри гузашта муаллимони оянда (ба вижа, донишҷӯёни шуъбаи физикаю математика) малакаҳои политехникиро ҳангоми омӯзиши сохти автомобил, коркарди металл, чӯб ва ғайра барои сохтани асбобҳои гуногун дар дастгоҳҳои корхонаи донишкада азбар мекарданд. Муҳиммаш он, ки дар курси охирин практикуми «Ченкуниҳо дар маҳал» ҷорӣ буд. Дар ин курс донишҷӯён мафҳумҳои зиёди геометрӣ (секунҷаҳои монанд, аломатҳои баробарии секунҷаҳо, теоремаҳои синусҳою косинусҳо ва ғ.)ро дар вақти чен кардани масофаҳои дастнорас бо ёрии асбобҳои ченкунанда (рулетка, ресмони ченакдор, паргори саҳроӣ, астролябия, мензула, эклиметр, теодолит ва ҳоказо) аз худ менамуданд. Ҳамон солҳо ба ёрии муаллимони синфҳои V-VII дастури методии Ҳ. Асадов-«Гузаронидани корҳои ченкунӣ дар маҳал» низ чоп шуда буд. Чӣ тавре ки мебинем, курси зикршуда ба политехниконӣ дахлдор буда, ҳоло аз нақшаи таълимӣ гирифта шудааст. Ин боиси таассуф аст, зеро пешрафти техникӣ, кори мошину механизмҳо аз воситаҳои ченкунанда вобастагӣ дорад. 3.Ворид намудани тағйирот дар мазмуни нақшаҳои таълимӣ барои тайёрии мукаммали касбии муаллимони математика ҳанӯз кифоя нест. Ҳоло донишҷӯён аз рӯи системаи тестӣ таълим мегиранд, ки он ба фаъолияти мустақилонаи онҳо вобастагӣ дорад. Бинобар ин, барои баланд бардоштани қобилияти мустақилонаи донишҷӯён зарур аст, ки методҳои таълим ҳаматарафа такмил дода шаванд, зеро камбудиҳое, ки дар ташкил ва гузаронидани машғулиятҳо ҷой доранд, боиси тайёрии сустии муаллимони математика мегарданд. Масъалаи корҳои мустақилонаи донишҷӯён вақтҳои охир ба проблемаи ногузир ва аҳамиятнок табдил ёфтааст. Тадқиқотҳои зиёд ба вуҷуд омадаанд, рисолаҳои бисёри илмӣ ҳимоя карда шудаанд, вале корҳои мустақилона бештар аз назари умумидидактикӣ дида баромада мешаванд. Ҳамин аст баъзе масъалаҳое, ки таваҷҷуҳ ба ҳалли онҳо, бешубҳа, барои баланд бардоштани сифати тайёрии касбии муаллимони математика дар мактабҳои олии омӯзгории Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат хоҳанд кард.

Ислом ҒУЛОМОВ,

доктори илмҳои педагогӣ, профессори кафедраи математика

ва методикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар табиат мавҷуде ваҳшитару дурушттар аз инсони бекор нест.
Ҳессе

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш