Нашрияи Омӯзгор

Роҳҳои ҷалби волидайн дар тарбияи фарзанд ва мактаб

Сана: 2020-12-25        Дида шуд: 56        Шарҳ: 0

Волидайн ҳар рӯзи корӣ ду маротиба - саҳар барои бурда расондан ва бегоҳ баҳри гирифтани тифлашон ба кӯдакистон мераванд ва бо мураббиёни фарзандашон суҳбат мекунанд. Суоле ба миён меояд, ки барои чӣ вақте ҳамон фарзанд ба мактаб фаро гирифта шуд, дар синфи якум танҳо рӯзи ба мактаб омадан ва рӯзи иди «Алифбо» волидон меоянду дар дигар рӯзҳо мисли кӯдакистон не? Ақаллан рӯзе ду маротиба не, балки ҳафтае як маротиба аз мактаб дидан карда, аз таҳсили фарзандашон огаҳ шаванд, магар бад аст? Шояд хонандаи азиз суол диҳад, ки вақти ба кӯдакистон бурдан тифл вай хурд буд? Дуруст, ки тифл хурд аст, лекин вақте ӯ калон ва мактабхон шуд, назорати ӯ ҳатмист. Агар волидайн ҳафтае як маротиба ба мактаб рафта, аз  вазъи  таълиму тарбияи  фарзандашон огоҳ шаванд, таъсири  хубе ба пешрафти  ӯ мерасонад. 
Ташкили дафтари иштироки волидон ба дарсҳо дар мактаб зарур аст.
Дар мактаб ташкили гӯшаи кор бо волидайн ва дар он гӯшаи деворӣ ҷой додани расму дастовардҳои беҳтарини фарзандони волидайни беҳтарин ба суди кор аст. Ҳатто тахтаи фахрӣ ташкил карда, метавон дар он расмҳои волидайни намунавӣ ва фаъолро насб кард. 
Волидайни бепарво дар ҳама давру замонҳо буданду ҳастанд. Барои аз байн бурдан ва ақаллан кам кардани шумораи чунин волидайн, мо нақшаи моҳонаи иштироки волидайни синфро бояд ташкил намоем. Агар дар синф 25 -30 хонанда бошад, мувофиқи ҷадвал ҳар рӯз волидайн, якнафарӣ ба дарси муаллими синфе, ки фарзандаш таҳсил мекунад, иштирок мекунанд. Агар дар рӯзи муайянгардида падару модарон ба мактаб наомаданд, дар маҷлиси синфии падару модарон ва умумимактабӣ чунин волидайн танқид карда мешаванд. Чунин тарзи кор алоқаи волидайнро ба мактаб зичтар мекунад ва ба сифати таълим низ дар мактаб таъсиргузор мешавад. Озмуни «Беҳтарин волидайн»-ро дар байни синфҳо ва баъдан дар мактаб ташкил карда,  ғолибонро бо ифтихорнома ва ягон китоби бадеӣ метавон дар ҷамъомади умумии волидон тақдим кард.

Ҳанифа РОЗИҚОВА, 
омӯзгори синфҳои
ибтидоии  мактаби №53, шаҳри Кӯлоб    

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бузургон ҳеҷ гоҳ носипос набудаанд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш