Нашрияи Омӯзгор

Фанҳои дақиқ ва пешрафти ҷомеа

Сана: 2020-12-24        Дида шуд: 38        Шарҳ: 0

Ҳоло дар назди аҳли маорифи кишвар вазифаи пурмасъулият - баланд бардоштани сатҳ ва сифату самаранокии таҳсил дар мутобиқат бо меъёрҳои ҷаҳонӣ истодааст.
Дуруст аст, ки замон замони пешрафти техника мебошад ва бе азхудкунии илмҳои дақиқ иқтидори иқтисодии мамлакат ниёзи моддии мардумро баровардан имкон надорад. Омӯзиши илмҳои гуманитарӣ низ ҳаргиз садди рӯ овардан ба омӯзиши илмҳои дақиқ гашта наметавонанд. Донистани забон, адабиёт ва таърихи миллат барои ҳар соҳибватан шарту ҳатмист. Кам андар кам вомехӯранд намояндагони касбу корҳои дигар, ки ба осори гаронбаҳои  классикони форс – тоҷик, ба таърихи гузаштаи миллат муҳаббату завқ надошта бошанд. Зиёд аз гузаштагони илму адаб дар аҳди худ тавонистаанд, ки ҳам дар бахши илм ва ҳам адабиёт ҷойгоҳи намоёни худро дошта бошанд. Фурсати он расидааст, ки баъди ҳалли муваффақонаи вазифаҳои таъхирнопазири сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ дар кишвар, кормандони соҳаи маориф таваҷҷуҳи ҷавононро ба азхудкунии донишҳои замонавӣ, мутолиаи бештари китобҳои бадеиву илмӣ, омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ҷалб намоянд. 
Бо мақсади тавсеаи тафаккури техникии насли наврас эълон гардидани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маорифи кишвар» ҳам ифодагари ҳамин ормонҳои миллӣ мебошад. 
Мавриди ба таври мақсаднок ба роҳ мондани омӯзиши васеи илмҳои дақиқ, табиатшиносӣ ва риёзӣ дар гузаштаи наздик таҷрибаи хубе дар ҷумҳурӣ доштем, ки дар чанд донишкада ва донишгоҳҳои ҷумҳурӣ роҳандозӣ гардида буд. Беҳтарин мутахассисон аз ин фанҳо омода гардида, дар макотиби кишвар фаъолияти худро роҳандозӣ менамуданд. Имрӯз ҳам мутахассисони ҷавонеро дар ихтиёр дорем, ки метавонанд идомабахши анъанаҳои неки гузаштаи миллат бошанд. Зеро мо, тоҷикон, ба ҷуз ба ояндаи худ бо дилпурӣ ва умедҳои нек назар кардан илоҷи дигаре надорем. Муҳимтар аз ҳама, барои ба давлати мутараққӣ табдил додани Тоҷикистони азиз, ки фоизи зиёди аҳолиашро ҷавонон ташкил медиҳанд ва иқлим, замину обу хок, захираҳои зиёди канданиҳои фоиданокро дар ихтиёр дорад, ҳамаи шароиту имконот мавҷуд аст.

 

Сайлигул ҲАМИДОВА,
омӯзгори математика 

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Он чӣ аз дӯсти ҳамфикр дармеёбем, тақрибан ҳамонест, ки худ дармеёфтем.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш