Нашрияи Омӯзгор

Китоби дарсӣ барои кӣ навишта мешавад?

Сана: 2020-12-19        Дида шуд: 40        Шарҳ: 0

Дар радифи масъалаҳои ҳалталабе, ки дар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ ба назар мерасанд, масъалаи таълиф ва нашри китобҳои дарсӣ таваҷҷуҳи бештареро тақозо менамояд, зеро китобҳои дарсӣ яке аз унсурҳои муҳим ва калидии раванди таълиму тарбия ба ҳисоб рафта, дар байни дигар компонентҳои низоми таҳсилот аз назари мақому вазифа, таъсиргузорӣ ба омӯзгору хонанда  ва сифату самараи раванди таълим ҷойгоҳи махсусеро дорост. 
Таваҷҷуҳи мутахассисони соҳа, омӯзгорон ва аҳли ҷомеа ба сохтор, мазмуну муҳтавои китобҳои дарсӣ, шаклу ороиши он, мавзӯъҳои баррасишаванда, пайдарҳамӣ ва алоқамандии мавзӯъҳо, масъалагузорӣ ва роҳҳои ҳалли масъалаҳо шаҳодати он аст, ки воқеан, китоби дарсӣ сарчашмаи дониш, воситаи асосии аз худ намудани мазмуни таҳсилот ва маърифатнокии хонанда мебошад.  
Яке аз масъалаҳои муҳим ва баҳсталабе, ки имрӯз сари таъйинот ва вазифаҳои китобҳои дарсӣ меравад ва атрофи он андешаҳои гуногун иброз мегардад, суолест, ки китоби дарсӣ барои кӣ навишта мешавад? Барои муаллим ва ё барои хонанда? Функсияҳо ва ё вазифаҳои асосии китоби дарсӣ аз чӣ иборат аст? Китоби дарсӣ бояд чӣ гуна таълиф шавад? Кадом принсипҳои умумӣ ва ё талаботи ягона дар таълифи китобҳои дарсӣ мавҷуданд ва монанди инҳо даҳҳо суоли дигар. 
Назари бархе аз мутахассисон бар он аст, ки китоби дарсӣ барои омӯзгор навишта мешавад. Ин ки рӯи мизи ҳар як хонанда китоби дарсӣ меистад, ҳанӯз шаҳодати он нест, ки китоби дарсӣ барои хонанда навишта шуда бошад. Китоби дарсӣ ба омӯзгор нигаронида шудааст, ки ӯ метавонд, мавзӯоти дар китоб дарҷшударо, ки дар шакли маълумоти умумӣ пешниҳод шудааст, пурраю  васеъ намояд ва дар шакли марғуб, фаҳмо ва дастрас, ки барои хонандагон дарки он осон аст, пешниҳод намояд. Яъне дар раванди таълим китоб ҳамчун воситаи тақвиятдиҳандаи методии раванди таълим хизмат мекунад. Хонандагон бо супориши омӯзгор ҳамчун воситаи азхудкунии иттилоот ва ба хотироварию такрор ба мавзӯе, ки омӯзгор ишора мекунад, муроҷиат менамоянд. 
Шояд ин ақида то андозае дуруст ҳам бошад, вале аз назари мо саҳеҳтар мебуд, агар гӯем, ки китоби дарсӣ ҳам барои омӯзгор ва ҳам барои хонанда навишта мешавад. Зеро китоби дарсӣ барои омӯзгор ҳамчун раҳнамои ташкили раванди таълим ва барои хонанда ҳамчун сарчашма, ҳамчун воситаи азхудкунии маводи дониш ва дар маҷмӯъ, маводи таълим хизмат мекунад.
Маҳз тавассути китоби дарсӣ дар шакли бисёр дастрас ва содаю фаҳмо асосҳои умумии фан, мафҳумҳои илмӣ, ки дар барномаи таълим пешбинӣ шудаанд, пешниҳоди хонанда мегардад ва донишҳои аввалияи хонанда дар бораи ҳодисаҳои табиат, ҷамъият ва дигар равандҳои иҷтимоӣ ташаккул  ва рушд меёбад.
 Аз ҷониби дигар, китоби дарсӣ дар як шакл ва сохтори муайян ифода меёбад, ки он бо мазмуни таҳсилот ва раванди  натиҷаи азхудкунии мавзӯъҳо сахт алоқаманд мебошад, ки ин аз муаллифи китоб, ороишгар, рассом  ва муҳаррир муносибати ҷиддиро тақозо менамояд.
Таъмини хонандагону донишҷӯён ва омӯзгорон бо китобҳои дарсӣ яке аз омилҳои асосии солим нигоҳ доштани фазои ягонаи таҳсилот дар кишвар, беҳтар намудани сифати таълиму тарбия ва баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаю маҳорати хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таълимӣ мебошад. 
Бо вуҷуди мушкилот ва камбудиҳое, ки дар самти таълифи китобҳои дарсӣ ба назар мерасад, бояд воқебинона изҳор дошт, ки солҳои охир ба масъалаи таълифи китобҳои дарсӣ талабот ва таваҷҷуҳи бештаре дода мешавад, ки интиқоду пешниҳодот дар мавриди таълифи китобҳои дарсӣ, ошкор намудани камбудиҳои мавҷуда, баёнгари таваҷҷуҳи ҷомеа ба ин масъала мебошад. 
Маҳз ҳамин  таваҷҷуҳи ҷомеа тақозо менамояд, ки дар таълифи китобҳои дарсӣ як муносибати бонизом ва талаботи мушаххас  вуҷуд дошта бошад. Яъне зарур аст, ки Консепсияи таълифи китобҳои насли нав  қабул карда шавад, ки дар он методологияи таълифи китобҳои дарсӣ, мазмуну муҳтаво, вазифаҳои асосӣ ва сохтори китобҳои дарсӣ, забон ва талаботи дидактикию беҳдоштӣ нисбат ба китобҳои дарсӣ  дар заминаи давлатдории навини миллӣ  ва манфиатҳои умумидавлатӣ инъикос ёбанд.
 Агарчи мушкилоти таъмин ва таълифи китобҳои дарсӣ дар ҳама зинаҳои таҳсилот эҳсос мегардад, вале неруи зеҳнии муассисаҳои таҳсилоти олӣ имкон медиҳад, ки мушкилот дар ин зина тавассути устодони муҳтарам, ки аксарият таҷрибаи навиштани китобҳои таълимиро доранд, ба зудӣ ҳаллу фасл гардад, вале дар самти муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва ибтидоию миёнаи касбӣ ҳалли масъалаи мазкур заҳмати бештареро тақозо менамояд. Албатта, гап сари таълифи китобҳои дарсии насли нав меравад.  Ин китобҳо набояд тарҷума ва нусхабардори китобҳои пешин бошанд. Яъне китобҳо бояд куллан бо диди нав, дар пояи манфиатҳои миллию фарҳангӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи ҷаҳони муосир таълиф гарданд. 
Солҳои охир таҷрибаи хуби ҷалби омӯзгорони ботаҷриба  аз муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ба навиштани китобҳои дарсӣ ба роҳ монда шудааст, ки ин барои истифодаи таҷрибаи амалии омӯзгорони ин муассисаҳои таълимӣ дар таҳияи китобҳои дарсӣ ва ҳавасмандию ҷалби бештари онҳо ба таълифи китобҳои пурмуҳтаво ва ҷавобгӯ ба талаботи психологию равонӣ ва синнусолии хонандагон мусоидат менамоянд.
Омили асосие, ки сохтори дохилии китоби дарсиро ташкил медиҳад, ин мазмуни таҳсилот аст, ки тавассути нақша ва барномаҳои таълимӣ амалӣ карда мешавад. Яъне дар нақшаҳои таълимӣ номгӯи фанҳои таълимӣ, буҷаи вақт барои омӯзиши ин ё он фан дар давоми хафта, нимсола ва сол нишон дода шудааст. Мувофиқ ба соатҳои ҷудошудаи нақшаи таълимӣ, барномаҳои таълимӣ тартиб дода мешаванд, ки ҳангоми тартиб додани он бояд муттасилӣ, пайдарҳамии мантиқии омӯзиши фанҳо ва алоқамандии онҳо ба назар гирифта шавад. Ба назари мо, мушкилоти асосие, ки дар таълифи китобҳои дарсӣ вуҷуд дорад, риоя нагардидани ҳамин принсип мебошад. Яъне дар навишти китоб чунин ба назар мерасад, ки байни муаллифон ҳамоҳангӣ вуҷуд надорад. Барои он, ки гуфтаҳоямон бе далел набошад, рӯ меоварем ба чанд мисол:
Дар китоби забони тоҷикӣ барои синфи 2 (саҳ.59, муаллифон Лутфуллоев М, Шарифзода Ф. ва дигарон) матни “Ҷони нодон дар азоб” оварда шудааст, ки ҳамин матн дар китоби забони тоҷикӣ барои синфи 3 (саҳ.65, муаллифон Абдуллоев И., Абдуллоев З. ва дигарон) такрор шудааст. Дар ҳамин китобҳо матни “Сухани сеҳрнок”, синфи 2 (саҳ.171) такрор дар синфи 3 (саҳ.64), матни “Чаро ранги Собира канд” синфи 2 (саҳ.269) бо иваз кардани номи Собира ба Собирҷон такроран дар синфи 3 оварда шудааст. Дар китоби забони тоҷикӣ синфи 2 шеъри Нуъмон Розиқ “Базми лола”ду маротиба такрор шудааст (саҳ.196 ва 214), дар ҳамин китоб расме, ки дар саҳ. 106 чоп шудааст, такроран дар саҳ. 228 чоп шудааст ва монанди ин даҳҳо мисол метавон овард.
Ҳамин гуна камбудиҳо дар китоби адабиёти тоҷик барои синфи  5 (муаллифон Т. Мирзод, Р.Ҳомидов, М. Пирзод) мушоҳида мешавад. Аксаран мавзӯъҳои ҷудошуда ба синну соли хонандагон мувофиқ набуда, қисме аз онҳо оҳанги динӣ- тасаввуфӣ доранд. Порчаҳои шеърӣ ва панду ҳикояҳое, ки аз эҷодиёти Саъдуддини Варовонӣ, Абулфайзи Майбадӣ, Аҳмади Ҷомӣ, Имом Ғазолӣ, Шайх Аттор оварда шудааст, оҳанги рӯҳафтодагию дунёбезорӣ ва тарғиби корнамоиҳои Султон Маҳмуди турку дигар намояндагони миллатҳои ғайр иборат буда, ба принсипҳои асосии тарбияи ватандӯстию хештаншиносӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллию фарҳангӣ созгор нестанд. 
Дар баробари ин, таҳлили нақшаҳои таълимӣ собит месозанд, ки мутаассифона, дар чанд соли охир камшавии соатҳои таълимӣ ба назар мерасад. Масалан, дар нақшаи таълимии солҳои хониши 1988-1989 барои омӯзиши фанҳо дар як ҳафта 328 соат (мактаби 10 - сола), солҳои   1989-1990 барои омӯзиши фанҳо дар як ҳафта 349 соат, солҳои хониши 1990-1991  349 соат, айни замон барои омӯзиши фанҳо 302 соат дар як ҳафта ҷудо карда шудааст. Албатта, чунин ҳолат дар таълифи китобҳои дарсӣ мушкилоти муайянеро ба бор меорад.  Ҳаҷми соатҳои таълимӣ, ки барои омӯзиши  фанҳо ҷудо шудааст, кам мешаванд, аммо худи фанҳо рушд меёбанд, доираи маълумот васеъ, факту рақамҳо ва мафҳумҳои нав ворид мешаванд. Дар илм ва истеҳсолот навгониҳо ба амал мепайвандад, ки шарҳу тафсири бештареро тақозо менамояд. Аммо ҳаҷми китобҳои дарсӣ, яъне миқдори саҳифаҳо маҳдуд аст. Китоби дарсӣ бояд дар доираи меъёр ва ё қоидаҳое, ки бояд аз тарафи идораи санэпидемиологӣ муайян карда шудааст вобаста ба талаботи синну сол таълиф гардад.  Суоли матраҳ ин аст, ки дар ин маврид чӣ бояд кард? Яъне мо саҳифаҳои китобро зиёд накарда, бояд мазмуну муҳтавои китобро ғанӣ гардонем. 
Аксаран мутахассисон ва таҳлилгароне, ки бевосита ба таҳия ва таҳлили китобҳои дарсӣ машғуланд, бар ин ақидаанд, ки яке аз роҳҳои расидан ба ин ҳадаф фаровон истифода намудан аз ороиши китоб мебошад. Зеро расмҳои мухталифи ранга ва  албатта, мувофиқ ба мавзӯъ, барои кушода додани мавзӯи дарсӣ  имконоти бештаре дорад. Яъне забони расмҳо нисбат ба забони матн ғанитар ва самараноктар мебошад. Бештар истифодаи расмҳо дар китобҳои синфҳои ибтидоӣ, биология, химия, физика, астрономия ва экология манфиатбахш мебошад.
Агар мо мазмуни таҳсилотро дар сатҳи фанни таълимӣ баррасӣ намоем, мебинем, ки дар ин сатҳ шакли амалӣ намудани мазмуни таҳсилот барномаҳои таълимӣ мебошанд.  Дар барнома масъалаҳои асосии китоби дарсӣ дар доираи соатҳои ҷудошуда, самтҳои асосӣ ва ҳаҷми маълумот, ки бояд дар китоби дарсӣ кушода дода шавад, дарҷ мегардад. 
Китоби дарсӣ барои омӯзгор ҳамчун раҳнамои ташкили раванди таълим ва барои хонанда ҳамчун сарчашма ва воситаи азхудкунии маводи таълим хизмат мекунад.
Бар асоси андешаи аксарияти мутахассисони соҳаи педагогика метавон вазифаҳои зерини китоби дарсиро ёдовар шуд:
- тавассути матни таълимӣ дар хонанда ташаккул додани қобилияти худомӯзӣ. 
- рушди фаъолияти дарккунии хонанда ва муҳайё намудани шароит барои фаъолияти эҷодӣ ва илмӣ - таҳқиқотӣ;
- дар шакли нисбатан марғуб ва содаю фаҳмо ба хонанда пешниҳод намудани мазмуни донишу малакаҳое, ки дар мавзӯъҳои дарсӣ пешбинӣ шудаанд;
- муҳайё намудани шароити мусоид барои ҳавасмандии фаъолнокии ақлонии хонандагон;
-  пешниҳоди маводи абстрактӣ дар шакли расмҳо;
- пешниҳоди маводи таълимии мувофиқ ба синну сол, хусусиятҳои психологию равонии хонандагон (дар баробари ин бояд маводе пешниҳод шавад, ки азхудкунии он  набояд аз ҳад осон бошад);
-ҳавасманд гардонидани хонанда барои мустақилона аз худ намудани донишҳо; 
Яке аз масъалаҳои асосие, ки имрӯз ҷомеаро ба ташвиш овардааст, коста гардидани арзишҳои ахлоқии ҷомеа мебошад. Аз ин рӯ, баланд бардоштани нақши тарбиявии китобҳои таълимӣ, афзалият додан ба волоияти арзишҳои миллӣ, забон, фарҳанг ва ифтихори ватандорӣ яке аз масъалаҳои аввалиндараҷа ба ҳисоб меравад, ки бояд дар китобҳои дарсӣ ба таври ҳатмӣ инъикоси худро ёбад.. 
Аз ин рӯ, китоби дарсӣ, ки вазифаи муайяни таълимию тарбиявиро амалӣ менамояд, бояд бо дарназардошти паҳлуҳои психологӣ-педагогӣ, арзишҳои миллию умумибашарӣ ва хусусиятҳои хоси таълимӣ таҳия шавад ва муҳтавои китоб ба хонанда ва хусусиятҳои  фаъолияти таълимии ӯ нигаронида шуда бошад. 
      
Ш. Ёрмуҳаммадзода,
директори Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илм 

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Одам будан мубориз будан аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш