Нашрияи Омӯзгор

Оғози сохтмони мактаби нав

Сана: 2020-12-18        Дида шуд: 18        Шарҳ: 0

Дар муассисаи таълимии №15-и деҳаи Маданияти шаҳри Конибодом сохтмони бинои нави таълимӣ оғоз гардид.
Бинои мактаби мазкур дар ҳолати садамавӣ қарор дошта, масъалаи азнавсозии он ба нақшаи сохтмонии раёсати маориф ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дохил карда шуда буд. Ҷавобан ба дастуру супоришҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии соҳаи маориф, соҳибкори маҳаллӣ Анварҷон Ибрагимов, ки дастпарвари ҳамин муассиса мебошад, ташаббус нишон дода, сохтани бинои навро ба уҳда гирифт. Лоиҳаи бинои нави таълимии муассиса барои 320 нафар дар як баст буда, бинои дуошёнаи иборат аз 12 синфхона ва кабинетҳои маъмурӣ бунёд хоҳад шуд. Санги асоси бино бо иштироки раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода  гузошта шуд. Умед аст, ки дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ хонандагони мактаби №15 таҳсилро дар бинои нав оғоз менамоянд.  Ҳамчунин, бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва соҳибкорони маҳалливу падару модарон дигар корҳои ободонӣ дар як қатор муассисаҳои таълимии шаҳр идома доранд. Оғоз гардидани корҳои лоиҳакашии бинои нав барои  320 нафар хонанда дар як баст дар мактаби №21 (воқеъ дар деҳаи Патар), ки дар ҳолати садамавӣ аст, пурра мумфарш карда шудани саҳни муассисаи таълимии №11 –и деҳаи Кӯшкак, ривоҷи корҳои сохтмонӣ барои бунёди чор синфхонаи иловагӣ дар муассисаи таълимии №13-и деҳаи Хамирҷӯй ва ду синфхонаи иловагӣ дар муассисаи таълимии №35, воқеъ дар деҳаи Сафедорак аз зумраи чунин иқдомҳои нек аст, ки туҳфаи ҷашнӣ ба пешвози санаи муҳим – 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Манзура МИРЗОСАИДОВА, 
мутахассиси пешбари 
раёсати маорифи 
шаҳри Конибодом 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш