Нашрияи Омӯзгор

Шакли электронии китоби «Тоҷикон» дар сомонаи АМИТ

Сана: 2020-12-18        Дида шуд: 26        Шарҳ: 0

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон нодиртарин китоби муаррифи тоҷикон — шоҳасари Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон»-ро  (Душанбе, «Ирфон», 1983-1985, иборат аз ду ҷилд)  дар ҳамаи сомонаҳояш интишор намудааст. Хоҳишмандон метавонанд аз тариқи ин сомонаҳо бо муҳтавои китоби мазкур шинос шаванд.
Дар китоби «Тоҷикон» академик Бобоҷон Ғафуров таърихи тоҷиконро аз  давраҳои қадимтарин, қадим ва асрҳои миёна баррасӣ намудааст. Ин китоб нимаи дувуми садаи гузашта ба табъ расида бошад ҳам, то кунун аҳамияти илмии худро гум накарда, рӯз аз рӯз эътибораш меафзояд.
Ибтикори ҷавонмардонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар бораи ба ҳар хонадон тақдим намудани китоби «Тоҷикон» тадбири муҳим баҳри худшиносии миллӣ ва воқиф гаштани шаҳрвандон аз таърихи ниёгон мебошад.
Ёдовар мешавем, ки китоби «Тоҷикон» бори нахуст солҳои 1983-1985 ба забони тоҷикӣ интишор гардид ва айни замон матни тарҷумаи англисии он низ аз ҷониби олимони АМИТ анҷом пазируфтааст.

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Он чӣ аз дӯсти ҳамфикр дармеёбем, тақрибан ҳамонест, ки худ дармеёфтем.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш