Нашрияи Омӯзгор

Иқдоми наҷиби соҳибкор

Сана: 2020-12-10        Дида шуд: 22        Шарҳ: 0

Дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №18-и деҳаи Деҳҳавзи Ҷамоати деҳоти Лангар мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Бунёди ин иншоот тибқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдоми ватандӯстонаи соҳибкор Фаррух Амонов сурат гирифт. Бинои нави таълимӣ дорои 6 синфхона бо 110 ҷойи нишаст ва 2 ҳуҷраи корӣ барои омӯзгорон буда, бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ таъмин гардидааст.

Раиси ноҳия Хайрулло Бобозода зимни ифтитоҳи муассисаи таълимӣ ба соҳибкор, роҳбари ҶДММ «Роҳи Сомон» Фаррух Амонов барои бунёди бинои нав изҳори сипос намуд.

Бинои нави мактаб дар доираи бунёдкориҳо ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шуда, ба ин васила, яке аз дурдасттарин деҳаҳои ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ соҳиби муассисаи нави таълимӣ гардид.


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бисёр вақт зиндагии воқеии инсон он чизе нест, ки ӯ дар пайи ба даст оварданаш мебошад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш