Нашрияи Омӯзгор

Омили такмили сифати таълим

Сана: 2020-11-27        Дида шуд: 44        Шарҳ: 0

Соҳаи маориф дар кишвари азизамон мунтазам рушду инкишоф меёбад ва сатҳу сифати таълим дар муассисаҳои таълимӣ баланд мегардад. Ҳамин аст, ки дар мамлакатамон ҳадафаи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар эълон гардидаву дар ин самт корҳо бомаром идома доранд ва тайёр намудан мутахассисони  до-рои тафакккури техникӣ аз ҳадафҳои муҳими Ҳукумати ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин замина, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (26.12.2019) таъкид доштанд, ки «…ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020  2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон карда шаванд». Воқеан, ин пешниҳод саривақтию муҳим мебошад, зеро бе рушди илмҳои дақиқ наметавон ба дастовардҳои иқтисодию иҷтимоӣ ноил гардид. Бо ҳамин мақсад муассисаҳои таълимӣ бо техникаву технологияи замонавӣ тадриҷан таъмин гардида истодаанд ва дар ин ҷода барномаи давлатии муҷаҳҳазгардонии муассисаҳои таълимӣ бо озмоишгоҳҳои фаннӣ қабул гардидааст. Дар ин масъала, аввалан, бояд шавқу рағбати хонандагонро ба омӯзиши илмҳои дақиқ зиёд намуд, аз ҷониби дигар, ҷанбаҳои амалии дарсҳоро бояд қавӣ гардонд, чун фанҳои мазкур ба ҳаёти инсон иртиботи қавӣ доранд. Ба ҷиҳати амалии дарсҳои фанҳои мазкур дар зинаҳои поёнии мактабӣ таваҷҷуҳ кардан зарур аст. Аз ин рӯ, нақши омӯзгорон дар шавқманд гардонидани хонандагон ба фанҳои мазкур бузург мебошад, зеро имӯз имконоти фаровон барои рангину ҷолиб гузаронидани дарсҳо дар муассисаҳои таълимӣ мавҷуд аст ва аз воситаҳои техникиву технологияи муосир ҳадафмандона истифода бояд кард. Боиси қаноатмандист, ки соли равон бори аввал олимпиадаҳо оид ба илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот баргузор гардида истодааст, ки гумон мекунам, ки ба рушди бештари илмҳои мазкур мусоидат хоҳанд кард.

Рухшона ХОЛИНОВА,

омӯзгори синфҳои ибтидоии мактаби №52-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Тарс афродеро, ки метавонанд дӯстат бошанд, бегона месозад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш