Нашрияи Омӯзгор

Мояи ифтихори миллӣ

Сана: 2020-11-19        Дида шуд: 31        Шарҳ: 0

24 ноябри соли 2010 дар маркази шаҳри Душанбе бо иштироки Пешвои миллат сохтмони пояи боҳашамати Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Сиюми августи соли 2011 бо иштироки Сарвари давлат маросими бардоштани Парчами давлатии 165  метраи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҷаҳон баландтарин буда, ба китоби рекордҳои Гиннес дохил шудааст, баргузор шуд.  «Парчам» вожаи суғдист. Ин вожа бо мурури замон аз забони суғдӣ ба забони туркӣ ва пасон ба забони форсӣ гузашта, ҳамчун «дирафш» шуҳратёр шуд. Бори нахуст вожаи «дирафш» дар замони давлатдории ориёиҳо дар қадимтарин осори адабиёти тоҷику форс, китоби муқаддаси халқҳои эронинажоди қадим «Авасто» зикр шудааст. Мувофиқи маълумоти сарчашмаҳои таърихӣ дар амалиёти ҳарбии байни юнониҳову форсҳо (асри 5 – и то милод) парчам ҳамчун рамзи иттиҳоду давлатдорӣ арзёбӣ гардидааст. Мафҳуми «Дирафши ковиёнӣ» ҳамчун рамзи парчам ва тимсоли давлатдории ниёгонамон бо номи «Ахтари ковиёнӣ» низ ёдовар мешавад. Парчам ифодагари иттиҳоду муттаҳидии халқу миллатҳо буда, тӯли ин солҳо онҳоро ба ҳам қарину дӯст ва ҳамдилу ҳамроз кардааст. Таърихи парчамдории тоҷикон хеле рангин аст. «Дирафши ковиёнӣ» ва ё «Ахтари ковиёнӣ» агар ҳамчун нахустин рамзу тимсоли давлатдории ниёгонамон дар давоми ин ҳазорсолаҳо дар шаклҳои гуногун рамзофарӣ карда бошад, пас дар давоми танҳо сад соли охир (аз соли 1920 инҷониб) гузаштагонамон бо сабабҳои маълуми сиёсиву таърихӣ давлатдорию иттиҳоди худро зери парафшонии 11 парчами бо тарҳу шаклҳои гуногун, вале рамзу асолати миллию давлати дошта таҷассум намудаанд. Парчам на танҳо рамзи давлатдорию ифтихори ватандорӣ, балки рамзи ватандӯстию худшиносиву худогоҳӣ, андешаву асолати миллӣ, пирӯзиву сарфарозӣ ва ҳувияти миллии мардуми тамаддунофарамон маҳсуб меёбад.

Райҳона СУЛАМАЕВА,

омӯзгори таърих ва ҳуқуқ 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш