Нашрияи Омӯзгор

Мушкилот дар таъмини китобҳои дарсӣ

Сана: 2020-11-19        Дида шуд: 39        Шарҳ: 0

Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Кӯлоб дар самти таъмини муассисаҳои таълимӣ бо китобҳои дарсӣ мушкилоти зиёде вуҷуд дорад. Мушовири бахши китобҳои дарсии иҷоравии раёсати маорифи шаҳр Амиралӣ Ҳамоилов иброз дошт, ки дар соли таҳсили 2020-2021 раёсати мазкур 29 номгӯи китобҳои дарсии навро ба миқдори 75808 нусха, ки як миллиону180 ҳазору 743 сомониро ташкил мекунад, дастраси китобхонаҳои муассисаҳои таълимӣ гардонидааст.

Ҳамчунин, 8758 номгӯи китобҳои бадеиро харидорӣ намуда, тибқи мактуби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра ба китобхонаҳои муассисаҳои таълимии шаҳр интиқол додааст. Бо маблағи 44120 сомонӣ дастуру маводи методӣ, журналу рӯзномаҳои хонандагон харидорӣ шудааст. Айни замон 20-25%-и номгӯй китобҳои дарсӣ дар муассисаҳои таълимӣ намерасанд. Аз ҷумла, китобҳои забони модарӣ, синфи 2, физикаи синфи 8, таърихи умумӣ, синфҳои 8-9, забони русӣ, синфҳои 3, 4, 5, 6, ботаника, синфи 6, забони англисӣ, синфи 4 намерасанд. Барои сари вақт дастрас намудан ва пардохти иҷораи китобҳои дарсӣ дар аксарияти муассисаҳои таълимии шаҳр комиссияи тақсимот ва қабули китобҳои дарсӣ ва бадеӣ фаъолият доранд. Муассисаи таълимии №4 яке аз калонтарин муассисаҳои таълимӣ дар Ҷамоати деҳоти Зарбдор буда, дорои китобхона, толори қироат ва утоқи нигоҳдории китобҳо мебошад. Китобдори муассиса Заррина Аламова иброз дошт, ки фонди умумии китобҳои дарсӣ ва бадеӣ 15 180 ададро ташкил мекунад, ки аз ин шумора 1500 адад китоби бадеӣ мебошад. Дар 4 соли охир аз ҳисоби фонди муассиса ягон адад китобҳои нави бадеӣ харидорӣ нашудааст. Дар соли 2020 танҳо 6 адад китоби бадеӣ ба китобхона ворид шудааст. Имрӯз китобхона 100 нафар аъзои доимӣ дорад, ки 10%-и шумораи умумии хонандагонро ташкил мекунад. Дар маблағҳои сарикасии муассиса барои харидорӣ намудани китобҳои бадеӣ маблағи муайян пешбинӣ нагардидааст. Шумораи китобҳои бадеӣ дархосту талаботи хонандагони муассисаро қонеъ карда наметавонад. Дар китобхона варақаи китобхонии хонандагон ташкил карда шуда, қайди китобҳои бадеӣ кам дида мешавад, ки аз каммутолиагии хонандагон гувоҳӣ медихад. Дар соли таҳсили 2019-2020 китобдори мактаб 22 500 сомонӣ маблағи иҷораи китобҳои дарсиро пурра пардохт намудааст. Китобхонаи муассиса аз маблағи иҷрои китобҳои дарсӣ аз раёсати маорифи шаҳр қарздор нест. Дар соли таҳсили 2020-2021 аз анбори раёсати маорифи шаҳр 1175 адад китоби дарсиро бо маблағи 20 130 сомонӣ дастрас намудаанд. Дар муассиса норасоии китобҳои дарсӣ дида мешавад. Аз ҷумла, забони модарӣ, синфи 2, физикаи синфи 8,42 адад, таърихи умумӣ, синфи 8,60 адад, синфи 9, 70 адад, забони русӣ, синфи 3,120 адад, синфи 4,80 адад намерасад. 
Муассисаи таълимии №14 (директораш З. Шомадова) дар деҳаи Панҷосиёби Ҷамоати деҳоти Зарбдор воқеъ гардидааст. Ҷонишини директор оид ба таълиму тарбия М. Исмоилов моро бо вазъи китобхона ва мудири он Исмоил Мӯсоев шинос намуд. Дохили бинои китобхона тангу торик буда, ба анбори захираи китобҳо монанд аст. Китобҳои бадеӣ ва дарсӣ болои ҳам паҳну парешон хобидааст. Кас аз бетартиб ҷойгиршавии китобҳо сару калобаашро гум мекунад. Мудири китобхона ҳисоботи аниқ дар даст надорад. Шумораи умумии китобҳои дарсӣ ва бадеӣ 8245 ададро ташкил медиҳад, ки аз он 3077 адад китоби бадеӣ мебошад. Дар соли хониши 2019-2020 маблағи иҷораи китобҳои дарсӣ 31 020 сомониро ташкил мекунад, ки пурра пардохт шудааст. Ҳамчунин, дар соли 2020 аз ҳисоби раёсати маорифи шаҳр 185 адад китоби бадеӣ ба мактаб ворид шудааст. Дар соли нави хониш аз анбори раёсати маорифи шаҳр 1343 адад китоби дарсиро бо маблағи 21529 сомонӣ дастрас намудаанд. Дар муассиса имрӯз 1493 адад китоби дарсӣ намерасад. Китобдори муассиса аз шароити нохуби китобхона, нарасидани китобҳои бадеӣ, набудани варақаи бақайдгирии китобҳо ва рафҳои китобмонӣ шикоят намуд. Дар китобхонаи муассисаи таълимии № 27(директораш З. Ёрмадова) 15643 нусха китоби дарсӣ мавҷуд аст. Шумораи аъзои китобхона 357 нафар буда, ҳамаи аъзои он бо варақаи китобхонӣ таъмин мебошанд. Дар соли таҳсили 2019-2020 китобдор маблағи иҷораи китобҳои дарсиро, ки 32458 сомониро ташкил мекунад, пурра пардохт намудааст. Дар соли хониши нав 2200 китоби дарсӣ ба китобхонаи мактаб ворид шудааст. Айни ҳол нарасидани китобҳои дарсию бадеӣ ва дастурҳои методӣ дида мешавад. Дар муассисаи таълимии №51 (директораш Н. Ҳақназаров) ба фаъолияти китобдори муассиса З. Азизова аз тарафи маъмурияти муассиса аҳамияти лозимӣ дода мешавад. Аз инҷост, ки китобхонаи муассиса дар ҳолати хуб қарор дошта, китобҳои бадеӣ бо фаслҳо ҷудо карда шуда, бо тартиби алфавит гузошта шудааст. Фонди умумии китобҳои дарсӣ ва бадеӣ 11010 ададро ташкил мекунад. Аз шумораи умуми китобҳои воридгардида дар соли хониши 2019-2020 383 адад китоби бадеӣ мебошад. Аз маблағи даромади боғи муассиса дар соли 2020 100 адад китоби бадеӣ харидорӣ шудааст. Шумораи аъзои доимии китобхона аз ҳисоби омӯзгорон 25 нафар ва хонандагон 600 нафарро ташкил мекунад. Маблағи умумии иҷораи китобҳои дарсӣ дар соли хониши 2019-2020 9984 сомониро ташкил мекунад, ки пурра пардохт шудааст. Дар соли нави хониш маблағи иҷораи китобҳо 30 ҳазор сомонӣ мебошад, ки айни ҳол 15 ҳазор сомонӣ пардохт шудааст. Дар муассиса норасоии китобҳои дарсӣ дида мешавад. Аз ҷумла, забони модарӣ, синфи 2, физикаи синфи 8, 100 адад, таърихи умумӣ, синфи 5, 80 адад, синфи 8, 70 адад, забони русӣ, синфи 3, 40 адад, ботаника, синфи 6, 100 адад, забони англисӣ, синфи 4, 50 адад намерасанд. 

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар табиат мавҷуде ваҳшитару дурушттар аз инсони бекор нест.
Ҳессе

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш