Нашрияи Омӯзгор

Агар дубора ба дунё оям, боз омӯзгор хоҳам шуд

Сана: 2020-11-12        Дида шуд: 40        Шарҳ: 0

Ҳамеша ин субҳро барои ному ёди падар мунтазирем. Замоне буд, ки баробари кафидани чашми рӯз ба қавли модарам, мо ҳама барои муборакбодии қиблагоҳ саф мекашидем ва рӯзгоре буд, ки  дур аз деҳа дар шаҳр то замони сафар ба сӯи коргаҳ паёми тилфунии табрикот мефиристодем. Падарам боз ҳам ҳамеша дар посухи “зодрӯз муборак бод, падарҷон”­и мо дуоямон мекард: Илоҳо, барака ёбӣ писарам. Дар мусофириҳо сиҳату саломат бошӣ. Ҳузури мунаввари падар барҳақ мояи ифтихорамон буд. Устод Ҷӯрабек Муродов дар маҷлису маъракаҳо “устоди ман Менделееви водии Зарафшон ҳастанд» мегуфтанд бо эҳтирому садоқат. Табибони зиёде шогирдони падарам буданду ҳастанд, чун устоди кимиё буданду рустанишиносӣ. Шогирдони азизи падар фанҳои мазкурро дар мактабҳои рақами 1, 3 ва 13 ­и ноҳияи Айнӣ аз баракоти дарсҳои аҷибу наҷиби падари омӯзгори мо азбар кардаанд. Онҳо борҳо бо тафохур ёд овардаанд, ки устоди мо аз ҷумлаи омӯзгорони кимиё дар замони Шуравӣ дар водии Зарафшон ба шумор мерафтанд, ки ба нишони “Аълочии маорифи Иттиҳоди Шӯравӣ” мушарраф гардидаанд. Дар бойгонии падар имрӯз номаҳои фаровоне ҳастанд, ки аз гӯшаву канори собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ расидаанд ва ҳамаи ин паёмҳо аз баракоти мақолаву навиштаҳояшон буд, ки дар бонуфузтарин маҷаллаҳои илмии Шӯравӣ – аз ҷумла, “Химия в школе”, “Биология в школе”, нашрияҳои маъруфи “Правда”, “Аргументы и факты” ва инчунин, маҷаллаву нашрияҳои зиёди Тоҷикистон интишор ёфтаанд. Ҳатто дар махзани китобхонаи падар, ки имрӯз дар ихтиёри мост, китобе маҳфуз аст, ки бар асоси як номаи ба унвони сардабири “Маҷаллаи ҳарбӣтаърихӣ” “(Военно – исторический журнал”) иншо гардида, тариқи он ба маршали Иттиҳоди Шӯравӣ Г.К. Жуков расидааст ва аз ҷониби муаллифи он бо имзои ӯ тақдим шудааст. Ин китоби “Ёддоштҳо ва андешаҳо ”­и Г.К. Жуков аст, ки соли 1969 бо забони русӣ нашр гардидааст.  Ҳанӯз солҳои шастумҳаштодуми асри гузашта буд, ки меҳмонхонаи мо китобхона буд ва дар аксари тоқҳои манзиламон осори мухталиф бо забонҳои тоҷикиву русӣ ҷой доштанд. Хонандаҳои мактаб ба китобхонаи шахсии падарам обуна шудаву барои хондан бо худ мебурданд. Аз ин китобхонаи падар барои он ёд кардам, ки боре падар ба назди чойхонаи деҳа меоянд, ки чанд мусофир аз навоҳии атроф он ҷо мунтазири мошинанд. Он солҳо кам андар кам мошинҳо ба самти боолоби Зарафшон ҳаракат мекарданд. Агар буданд, бештарашон мошинҳои боркаш буданд. Чун шом фаро мерасид, падарам меҳмононро ба хона даъват мекунанд, то шабро ба сар кунанд ва субҳи барвақт ба роҳ бароянд. Хушсуҳбатӣ, сухандониву суханварии падарро ҳамеша дӯстону шогирдонашон ёд мекунанд ва худам ҳам ҳар гоҳ ба ёди он суханони гуворову ширину олимон меафтам, дилам гум мезанад. Бо ҳамин шеваи хушсуханиву хушсуҳбатӣ бо меҳмонон то дергоҳи шаб суҳбат мекунанд ва субҳ бо хотироти ҷаззобу таассуроти аҷиб сафари хешро ба самти Кӯҳистони Мастчоҳ оғоз мекунанд. Ин нафарон, ки дигар пас аз он суҳбат бо падар дӯсту рафиқи шафиқ гашта буданд, моҳҳо аз ин суҳбати самимӣ ёд мекунанд. Ҷое зимни нишасте яке аз ин дӯстони аз камоли хоксории падар ёдовар шуда таъкид мекунад, ки муаллим бисёр одами донишманд, вале хеле хоксор буданд. Манзилашон ҳам хоксорона будааст, ба ҳадде ки чун меҳмонхона надоштаанд, моро шаб дар китобхонаашон ҷой карданд. Воқеан, ин ҳама сифоти наҷибу наку, ки дар оинаи вуҷуди падар таҷаллӣ дошт, барои мо меъёри зиндагӣ буду ҳаст. Ин фазилатҳои наҷиб ҳамеша ҳидоят мекард, ки ба кучактарин иштибоҳ бояд раҳ надиҳем, чун ба худ шиор доштем, ки фарзанди чунин инсони наҷиб, яъне фарзанди муаллим набояд аз роҳи ахлоқи наку берун равад. Ҳамеша ин андеша моро ҳамроҳ буд, ки агар иштибоҳе кунем, мардум айб мекунанд, ки чаро фарзанди муаллим чунин рафтор карда. Агар гоҳе аз роҳи ахлоқу одоб берун рафтаем, танҳо суханашон ин буд: Садқаи одам шав! Ту фарзанди муаллим ҳастӣ, набояд чунин рафтор кунӣ. Ин андарзи бузурги падар ҳамеша шиори зиндагии мо буду ҳасту хоҳад монд, яъне фарзанди муаллим будан рисолати бузург аст. Падарам боре дар як нишасти мактаб гуфтанд, ки агар ман  бори дигар таваллуд шавам, боз ҳам муаллим мешавам. Ҳикмати ин суханро ҳамеша ҳини сафарҳоям ба шаҳру навоҳии вилоят эҳсос мекунам, зеро беш аз 20 сол аст дар донишгоҳ омӯзгор ҳастам. Вақте дар макотиби таҳсилоти умумии шаҳру навоҳии вилоят, мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ, муассисаву ташкилотҳои дигар бо шогирдон дучор меоям, ки бо камоли муҳаббат устод мегӯянд, ё бештари фурсатҳо дар ҷашну идҳо занг мезананд ё бо паёмакҳо аз тариқи телефон, шабакаҳои иҷтимоӣ табрик мекунанду гоҳ аз айёми таҳсили хеш ёд менамоянд, ҳикмати ин сухани бузурги падарро дарк мекунам. Ман ҳам бо ифтихор аз сухани падар ва идомаи роҳи ӯ дар ҷодаи омӯзгорӣ мегӯям, ки пеш аз ҳама, муаллим ҳастам. Агар заррае дар ин роҳи пуршарафи падар корномаҳои ӯро тавонистаам идома диҳам, худро муаллими хушбахт эҳсос мекунам Падарам ҳанӯз дар қайди ҳаёт буданд, ки ду фарзанди акои бузургам Фахриддин – Маҳбуб ва Бобоҷони Нормуҳаммад дар зодрӯзашон ба дунё омаданд. Тасмим гирифтанд, ки номи хешро ба фарзанди дувумии акои бузургам диҳанд ва имрӯз Бобоҷони Нормуҳаммад дар мактаби Президентии шаҳри Бӯстон ба ҳайси омӯзгор фаъолият дорад. Падарам шоистагии онро доранд, ки садҳо сафҳаву даҳҳо ҷилд китоб барояшон нависам, чун тамоми рӯзгорашон номаи ҳидоят, ибрат, омӯзиш, маърифат аст. Чанд сол қабл достоне ба номи азизашон зери унвони “Як чаман хотираи боғи падар” ҳам навишта будам, ки тафсири як лаҳзаи ҳамсафарӣ ё ба қавли худашон, “ҳамраҳи гап будан”­и мани хурдсол ба шумор меравад. 

Нуралӣ НУРЗОД


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш