Нашрияи Омӯзгор

Чун гуле дар байни дафтар

Сана: 2020-11-11        Дида шуд: 34        Шарҳ: 0

- Вақте тасмим гирифтем, ки ҷияни аз навозиши модар маҳрумшудаамон Маҳкамтош ба омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Панҷакент дохил шавад, барои ба шаҳр рафтан на ӯ, на ман ба ғайр аз як шалвори бобоиву ҷелаки фарсуда дар тан либоси дигар надоштем. Ба хонаи акои Муродқул, ки дар мағоза кор мекарду ба гуфти мардуми деҳа «эшчӣ » буданд, бо умеди дарёфти ягон либоси барои ба шаҳр пӯшида рафтан мувофиқ рафтем. 

Завҷаи он кас гуфт, ки шавҳараш сарутани изофагӣ надорад, вале дар коҳдон як либоси кориашон ҳаст. Агар маъқул шаваду мувофиқ ояд, ҳамонро гирем. Дар кодоки коҳдон шиму куртаи ғиҷимшудаву кулӯлапечеро ёфтем, ки соҳибаш ҳангоми ҷамъоварии комот ном гиёҳи бадбӯи ширадор ба бар намуда буд. Ҳамонро ба Маҳкамтош пӯшонида, худ бо шалвори бобоӣ ба шаҳр рафтам. Писари аммаатон бо оби шикам, яъне нимсеру нимгурусна хонд, соҳибкасб шуд, ҷойгоҳи худро дар ҷомеа пайдо кард, вале аз роҳи интихобнамудааш пас нагашт,ёдовар шуда буд падари шодравонам, усто Ҳоҷӣ Қурбонов ҳангоми насиҳати мо, писаронашон.  Ҳеҷ аз хотирам намеравад, ки бо овардани ин мисол чашмони қиблагоҳ пуроб шуданд. Таъкид карданд, ки мо ба қадри тинҷиву амонӣ ва серию пурӣ расем. Дар вақти мушкилиҳо ва санҷишҳои зиндагӣ сабру тоқатро пеша намоем. Имрӯз Маҳкамтош Саидов яке аз намоёнтарин шахсони деҳа буда, ба чунин мартабаи баланд ба туфайли меҳнатдӯстӣ, масъулиятшиносӣ, азму талош ҷиҳати ноил гардидан ба мақсади хеш расидаанд. Маҳкамтош Саидов аз сокинони деҳаи Рашнаи Поёни шаҳри Панҷакент, нахустин омӯзгори маълумоти олидор мебошад. Баъди хатми омӯзишгоҳи омӯзгорӣ Донишкадаи омӯзгорӣ (ҳоло ДДОТ ба номи С.Айнӣ)–ро ҳам ба итмом расонид. Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №62 давоми даҳсолаҳо дар дарсҳои забону адабиёт асбобҳои аёние истифода мешуданд, ки дар вақташ он кас сохта буд. Бо назардошти танқисӣ ва мушкилоти солҳои 50­уму 60уми асри гузашта дар сохтани онҳо коғази зарди лингаҳои коғазиро, ки нисбатан бадошттар мебошад, истифода бурдаанд. Барои пурра кушода шудани овеза қисмати болоӣ ва поёнии он дар байни навдаи аз миёнааш дукафоншудаи дарахти сафедору бед ё тут гирифта шудааст. Худ ба худ тасаввур кунед заҳмати аз миёнааш баробар дукафон намудани навдаеро, ки қариб як метр дарозӣ дорад. Вақте мо дар оғози солҳои 70уми асри гузашта қадам ба остонаи мактаб мондем, устод Маҳкамтош Саидов вазифаи муовини директор оид ба таълиму тарбия, ҳамзамон раиси иттифоқи касабаи муассисаро ба зимма дошт. Он айём дар муассисаҳои 
таълимӣ, аз ҷумла, дар дабистони мо як нафари алоҳида вазифаи мудири хоҷагӣ ва хазиначиро ба ҷо меовард. Вале ба назар чунин менамуд, ки соҳиби мактаб маҳз Маҳкамтош Саидов мебошад. Дар вақти таътили тобистона ҳам пояшон аз ин даргоҳ ва боғи ёрирасонаш канда набуд. На танҳо раванди таълиму тарбия, балки тамоми корҳои ташкилӣ, таъмиру тармим, гармкунии синфхонаҳо дар мавсими тирамоҳу зимистон, хулоса, корҳои ба фаъолияти мактаб алоқамандро таҳти назорат қарор медод. Ташаббускор ва бунёдкунандаи синфхонаҳои иловагӣ, васеъ намудани майдончаи варзишӣ, ташкилкунандаи кабинетҳои фаннӣ низ буд. Дарсҳо дар кабинетҳои фаннӣ мегузашт, устохонаи мактабӣ кор мекард. Чунин шароит ҳатто дар мактабҳои маркази ноҳия набуд. Агар бо як ҷумла ифода намоем, устод дар қалби садҳо нафар шамъи маърифатро фурӯзон намуда, дар байни аҳли ҷомеа ба ҳайси роҳнамову маслиҳатчӣ шинохта шудаанд. Маҳз бо ҳидоят ва роҳнамоии Маҳкамтош Саидов шогирдони зиёдашон қадам ба ҷодаи омӯзгорӣ ниҳода, аз байни онҳо як нафар ба дарёфти унвони илмии доктори илм, се нафар ба дарёфти нишони «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» шарафёб гардидаанд. Агар то ибтидои солҳои 90­уми асри гузашта ба хонандагон омӯзгорон аз дигар деҳоти гирду атроф омада таълим диҳанд, айни замон мактаби №62 пурра бо кадрҳои омӯзгории маҳаллӣ таъмин аст. Устод Маҳкамтош Саидов зиёда аз 50 соли умри худро сарфи таълиму тарбияи насли наврас намудаанд. Дастоварду муваффақиятҳои зиёда аз сисолаи мактаби №62 ба ному фаъолияти он кас вобастагӣ дорад. Дар замони соҳибистиқлолӣ ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мактаби №62 дигаргуниҳои зиёд рух дод, насли нави омӯзгорон сари кор омаданд. Аммо ҷойгоҳ ва мақому мартабаи Маҳкамтош Саидов ба ҳайси нахустмуаллими деҳа ва устоди устодон хоса аст. Тавре шоир мегӯяд:

То бувад фарҳанги тоҷик,

Номи ӯ монад муқаррар.

Не дар аввал, не дар охир,

Чун гуле дар байни дафтар.

 

Мардон ҚУРБОНОВ, корманди нашрияи «Маорифи Суғд»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳеҷ инсоне он қадар сарватманд нест, ки гузаштаашро бихарад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш