Нашрияи Омӯзгор

Иқдоми соҳибкорон

Сана: 2020-10-15        Дида шуд: 15        Шарҳ: 0

 

Солҳои охир сохтмон ва азнавсозии муассисаҳои таълимӣ аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ дар ноҳияи Восеъ вусъат ёфт. Як қисмати биноҳои муассисаҳои таълимӣ аз нав сохта шуда, дар аксарияти таълимгоҳҳо синфхонаҳои иловагӣ низ бунёд ёфтанд. Тавре ки мудири шуъбаи маорифи ноҳия М. Орифзода иброз намуд, дар давоми се соли охир аз ҳисоби маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо ҷалби соҳибкорону тоҷирони олиҳиммати маҳаллӣ, ассотсиатсияи волидону омӯзгорон 8 муассисаи таълимӣ ва 28 синфхонаи иловагӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Аз ҷумла, дар соли 2017 бунёди муассисаҳои таълимии №51-и ҷамоати деҳоти ба номи А. Рӯдакӣ бо ширкати Пешвои муаззами миллат ифтитоҳ ёфта,ба фаъолият оғоз намуд.Худи ҳамин сол муассисаи таълимии №65-и деҳаи Заркорони Ҷамоати деҳоти М. Вайсов аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Назар Қосимов сохта ба истифода дода шуд. Дар соли 2019 бошад, бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бинои муассисаи таълимии №6 дар Ҷамоати деҳоти М. Вайсов мавриди истифода қарор дода шуд. Бо маблағгузории соҳибкори муассисаи таълимии №52-и деҳаи Гулдараи Ҷамоати деҳоти ба номи М. Маҳмадалиев ба фаъолият оғоз намуд. Бояд тазаккур дод, ки дар давоми солҳои 2019-2020 мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҳамкорӣ бо шуъбаи маориф, тибқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида, корҳои муайянеро ба сомон расонида, дар ноҳия ҳаракати сарпарастии соҳибкорони маҳаллӣ созмон ёфт, ки дар сохтмони муассисаҳои таълимӣ ва баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия саҳми босазо гузошта истодаанд. Бояд қайд намуд, ки тайи солҳои охир хатмкунандагони солҳои пешини шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб бо иқдоми неки хайрхоҳона барои таъмиру барқарорсозии муассисаҳои таълимӣ баромада, аксарияти муассисаҳои таълимиро азнавсозӣ намуданд. Дар соли хониши 2020-2021 мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва шуъбаи маориф дар ҳамкорӣ бо ҷалби соҳибкорон ва мардуми саховатпешаи ноҳия бунёди 50 синфхонаи иловагиро дар назди муассисаҳои таълимӣ ба анҷом расониданд. Аз ҷумла, 10 синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаи таълимии №53-и шаҳраки Ҳулбук, 10 синфхона дар назди муассисаи таълимии №23-и Ҷамоати деҳоти Х. Раҷабов, 8 синфхона дар назди муассисаи таълимии №37-и Ҷамоати деҳоти Гулистон, 4 синфхона дар назди муассисаи таълимии №4-и Ҷамоати деҳоти Гулистон ва 2 синфхонаи дигар дар назди муассисаи таълимии №35, Ҷамоати деҳоти Гулистон то оғози соли нави хониш мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Айни ҳол соҳибкори маҳаллӣ М. Абдулҳаева сохтмони боғчаи хусусӣ барои 120 нафар кӯдак дар Ҷамоати деҳоти Рӯдакӣ  ба нақша гирифтааст, ки дар арафаи анҷомёбист. Дар назди муассисаҳои таълимии №№ 20,10,40,54,55 ва 59 бо ташаббуси АВО-и муассисаҳои таълимӣ ва хатмкунандагони солҳои пеш, сохтмони синфхонаҳои иловагӣ, толори варзишӣ ва ошхонаи мактабӣ оғоз гардидааст. Мавриди зикр аст, ки дар ду соли охир дар ноҳия шумораи муассисаҳои томактабӣ ба 8 адад расонида шуда, фарогирии кӯдакон аз 204 нафар кӯдак ба 603 нафар расид. Дар давоми соли таҳсили 2019-2020 15 адад тахтаи электронӣ, 15 адад видеопроектор , 45 адад компютер ва 15 адад мизу курсии махсуси компютерӣ аз ҳисоби буҷаи ҳокимияти маҳаллӣ ва шахсони саховатпеша харидорӣ шуда, ба муассисаҳои таълимӣ туҳфа карда шудааст. Дар ноҳия раванди компютеркунонии муассисаҳои таълимӣ давом дорад. Бояд тазаккур дод, ки корҳои лоиҳакашии бинои нави муассисаҳои таълимии №№ 11,47,49,54,56,59 ва деҳаи навбунёди Ибрат барои 200 ҷойи нишаст аз тарафи Фонди рушди Саудӣ дар марҳилаи омодагӣ қарор дошта, то рӯзи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор хоҳанд гирифт.

 

Шариф АБДУЛҲАМИД,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш