Нашрияи Омӯзгор

Дастоварди навини геологҳои тоҷик

Сана: 2020-10-15        Дида шуд: 12        Шарҳ: 0

 

Дар ҷаҳон бори аввал дар ҳудуди Тоҷикистон мавҷуд будани маъданҳои шаҳдараит ва ҳасановит исбот шуд.

Ин ду маъдан, ки дар ҷаҳон маълум набуданд, бинобар пажӯҳиши олимони маъданшинос аз ҷониби Комиссияи байналмилалии маъданшиносӣ ба расмият шинохта, тасдиқ ва эътироф намуданд.

Ба истилои роҳбари гурӯҳи таҳлили усулҳои физикӣ-кимиёвии Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Манучеҳр Шодибек, маъдани шаҳдараит дар ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ аз ҷониби олимони тоҷик Л. Паутов, М.Мираков, Е.Соколова, М.Дей  Ф.Хоторн, М.Шодибеков, Саймудасири Маҳмадшариф, В.Карпенко ва А. Файзиев дар якҷоягӣ бо олимони Федератсияи Россия ва Канада кашф гардид. Маъдани ҳасановит дар рустои Равати ноҳияи Айнӣ ошкор карда шуда, ҷиҳати пажӯҳиши ин маъдан олимони тоҷик – М.Мираков, Л.Паутов, О.Сийдра, П.Плечов ва дигарон машғули коранд.

«Маъданҳои дастрасшуда метавонанд барои иқтисоди ҷумҳурии мо манфиати амалӣ дошта бошанд», — гуфт номбурда.

Шаҳдараит вобаста ба ҷойи пайдоиш ва ҳасановит бо исми яке аз профессорони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ҳасан Сайфуллоев, ки дар соҳаи геология-петрография саҳми арзишманд дорад, номгузорӣ шудаанд.


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш