Нашрияи Омӯзгор

Арзёбии сифати дониш ва меъёрҳои он

Сана: 2020-10-15        Дида шуд: 166        Шарҳ: 0

 

Ҳафтаи гузашта дар толори филиали  ДҶТИБКСМ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи Консепсияи миллии арзёбӣ дар соҳаи маориф баргузор гардид. Ҷаласаро муовини вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Латофат Назирӣ ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки омилҳои муайянкунандаи сифати таҳсилот, ҷорӣ намудаани мониторинги сифати китобҳои дарсӣ ва гузаштан ба меъёрҳои арзёбӣ, ки бояд ин меъёрҳоро муайян кунем) ба шумор меравад.

-Дар ин самт Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ бештар бо ду ниҳод- Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии назорат дар соҳаи маорифи назди Президенти  кишвар эътимод меварзад,-афзуд Л.Назирӣ. Моро зарур аст, ки бо ҷалби мутахассисони варзида ин масъаларо баррасӣ ва дар амал татбиқ намоем. Муовини директори Маркази миллии тестии назди Президенти ҷумҳурӣ Сабзалӣ Ҷаъфаров роҷеъ ба фаъолияти мутахассисони марказ, ки шурӯъ аз соли 2010 бо дастгири созмони байналмилалии СОРОС курсҳои омӯзиширо оид ба таҳлилии арзёбии сифати таҳсилот гузаштаанд, маълумот дод. Мавсуф зикр намуд, ки дар самти таҳияи тестҳо доир ба фанҳои таълимӣ аз арзёбии дохилӣ ва байналмилалӣ истифода карда мешавад. Намояндаи Институти ҷомеаи кушод дар Тоҷикистон Назархудо Дастамбуев изҳор дошт, ки Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ пешниҳоди созмонҳои байналмилалиро дар масъалаи татбиқи арзёбии сифати таҳсилот ба инобат гирифта, дар ҳайати мутахассисони муассисаҳои тобеи вазорат гурӯҳи корӣ таъсис додааст. Вазифаи гурӯҳи корӣ аз он иборат аст, ки дар заминаи лоиҳаи Консепсияи арзёбӣ шакли такмилёфта ва қабулшудаи маводро ба Вазорати маориф ва илм ва Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод менамоянд. Мушовири  лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Норман Эмерсон гуфт, ҳадафи мо кумак расонидан ба соҳаи маориф ва ҳалли муваффақонаи масоили матраҳшаванда, яъне арзёбии сифати таҳсилот ва дар умум, стратегияи арзёбии миллӣ дар Тоҷикистон мебошад.

-Мо,-изҳор дошт Норман, - дар рӯзҳои наздик дар ҳамкорӣ бо ММТ аз фанҳои забон ва адабиёти тоҷик ва математика, тайи соли оянда бошад, доир ба фанҳои боқимонда арзёбии сифати таҳсилотро гузарониданӣ ҳастем. Ба иттилои Н.Дастамбуев, лоиҳаи Консепсияи арзёбӣ дар навбати аввал дар ҳаҷми 96 саҳифа таҳия гардида буд. Тарҳи пешниҳоди суфташудаи он, ки феълан дар ҳаҷми 16 саҳифа омода гардидааст, то андозае ба муҳтавою ғояи ҳуҷҷати мазкур, ки дар кишварҳои пешрафта қабул гардидаву амал мекунад, мувофиқат менамояд. Мутаассифона, то ҳол донишу саводи хонандагонро дар ҷумҳурӣ аз рӯйи меъёри 5-балла арзёбӣ мекунанд. Намояндаи созмони ЮНИСЕФ дар ҷумҳурӣ Шаҳноза Валиҷонбекова дар суханронии худ изҳор дошт, ки то моҳи декабри соли равон лоиҳаи Консепсияи арзёбӣ бояд аз ҷониби Вазорати маориф ва илми кишвар ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод карда шавад. Консепсияи арзёбӣ дар асоси се ҳуҷҷат; консепсияи таҳиянамудаи созмони Сорос, Стратегияи арзёбии миллӣ ва арзёбии ташаккулдиҳанда тарҳрезӣ ва омода гардидааст. Ба ҳайати корӣ зарур аст, ки ин аснодро омӯхта, як шакли такмилёфта ва аз ҳар ҷиҳат қобили қабулро ба Ҳукумати ҷумҳурӣ манзур намоем.

Бояд хотирнишон намуд, ки аз ҷониби Академияи таҳсилоти Тоҷикистон дар масъалаи таҳияи лоиҳаи Консепсияи миллӣ корҳои зиёде анҷом дода шудааст.  Зикр кардан ба маврид аст, ки Стратегияи миллии рушди маориф то соли 2020 масъалаи арзёбиро ҳамчун яке аз бахшҳои дорои мушкили системаи маориф муайян мекунад. Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии рушди маориф то соли 2020 ҷорӣ намудани таълими салоҳиятнок дар зинаи таҳсилоти ибтидоии Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ карда шуд.

 

Сайфиддин Камолзода,

корманди АТТ,

Шодӣ Раҷабзод,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш