Нашрияи Омӯзгор

«Дафтари ишқ» бо забони олмонӣ

Сана: 2020-10-15        Дида шуд: 25        Шарҳ: 0

 

Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ бо ҳамкории Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ ба муносибати 700-солагии Шайх Камоли Хуҷандӣ китоби наверо бо унвони «Дафтари ишқ» аз тарафи нашриёти «Ношир» ба нашр расонид.

Дар китоб бори аввал тарҷумаи 50 шеъри шоир ба забони олмонӣ манзур гардидааст, ки идомаи мантиқии китоби «Ишқи минуӣ» мебошад. Мутарҷими нозуктабъ Александр Ҳайзер кӯшиш кардааст, ки ашъори шоирро ҳаддалимкон ба матни асл наздиктар тарҷума намуда, дар ғазалҳо қолаби бадеии аввалияро ҳифз намояд. Азбаски баргардони низоми арӯзии ғазалиёти Камол ба забони олмонӣ амалан имконпазир нест, ӯ саъй намудааст, то маонии матлубро дар қолабҳо ва авзони дигари шеърӣ ҷой диҳад ва бад-ин васила, хонандаи олмонизабонро бо яке аз бузургтарин шоирони Шарқ ошно намояд. Китоб ба ғайр аз худи тарҷумаҳо шомили пешгуфтори директори Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ Олимӣ Рауф Латифзода ва директори Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ Баҳром Раҳматов ва муқаддимаҳои профессор Матлубаи Мирзоюнус ва худи мутарҷим Александр Ҳайзер буда, ғазалҳоро ҳам ба забони тоҷикӣ ва ҳам ба хати форсӣ низ дарбар гирифтааст.

Нуъмон РАҶАБЗОДА,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш