Нашрияи Омӯзгор

Мунодии сулҳу дӯстӣ дар ақсои олам

Сана: 2020-10-15        Дида шуд: 37        Шарҳ: 0

 

Қаҳрамони сарзамини Ҳиндустон Маҳатма Гандӣ тавонист бо донишу заковат, маҳорату кордонӣ ва хайру саховат дар ҷаҳони пур аз ҷангу ҷидол ва бехирадиву ноадолатӣ  тавассути қазияи «Мубориза бидуни зӯроварӣ»  бо ҳадафҳои олии худ пирӯзӣ ба даст оварад ва кишвареро  идора ва роҳбарӣ кунад, ки арзишманд аст.

Бо ҳамаи ин маҳорату матонат чун арзиши инсонӣ пазируфта шуда, писанди бештари мардуми сайёра гашт, ки онро Созмони Милали Муттаҳид чун модели намунавӣ барои мубориза ва коҳиши муноқишаҳо  истифода менамояд. Ин буд, ки назарияи фалсафаи «Мубориза бидуни зӯроварӣ»  баҳри инсоният чун “Рӯзи ҷаҳонии бидуни хушунат” ҳамчун шиор пазируфта шуд, ки ҳамасола санаи 2-юми октябр таҷлил мегардад.

Маҳатма Гандӣ 2 октябри соли 1869 дар маҳаллаи Порбандари шаҳраки соҳилии Ҳиндустон  ба дунё омад. Бо хонум Кастурбай Маханҷӣ (дар даврони  мактабхониаш)  оиладор мешавад ва дар синни 16-солагӣ соҳиби  фарзанд мегардад ва ҳамон сол падараш вафот мекунад. Соли 1887 мактабро хатм намуда, бо машварати хонавода барои таҳсил ба Лондон сафар мекунад. Дар он ҷо илми ҳуқуқро омӯхта, моҳи июни соли 1891 ба Ҳиндустон бармегардад ва дертар тавассути як тоҷир чун ҳуқуқшинос ба Африқои Ҷанубӣ даъват мешавад ва дар он ҷо 21 сол кору фаъолият мекунад. Аз соли 1893 то соли 1914 Маҳатма Гандӣ чун муборизи роҳи озодӣ ва ободӣ дар ҷазираҳои гармтарини  Африқо барои истиқлолияти ватанаш мубориза мебарад ва муваффақона соли 1915  фалсафаи «Мубориза бидуни зӯроварӣ» тавассути ин марди таърихсозу накуном оғоз мегардад.

Маҳатма Гандӣ   солҳои 1920 - 1930 роҳбарии  Конгресси миллии Ҳиндустонро ба дӯш гирифта, барои озодихоҳии сарзамини худ мубориза мебарад ва дар натиҷа 15-уми августи соли 1947 кишвари Ҳиндустон чун сарзамини озоду мустақил эътироф шуда, истиқлолияти худро   эълом менамояд.

Бо амри тақдир моҳи феврали соли 1944 ҳамсари Гандӣ  вафот мекунад ва худи ӯ муддате зиндонӣ шуда, аз бемории сил  ранҷ мебарад. Дар сарчашмаҳо зикр шудааст, ки моҳи январи соли 1948 ин халлоқи фалсафаи «Мубориза бидуни зӯроварӣ» ва қаҳрамони сулҳу покӣ ва абармарди таърих аз ҷониби афроди нохалаф мавриди ҳамла қарор гирифта, ба қатл мерасад.

Мавриди   зикр аст, ки муносибат-ҳои Тоҷикистон бо Ҳиндустон аз 28 августи соли 1992  барқарор шуда, соли 1993 аввалин сафири он кишвар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  таъйин гардид. Дертар, соли 1994, бинои сафорати Ҷумҳурии Ҳиндустон дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ ёфт. Аввалин маротиба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафорати худро дар Деҳлӣ соли 2003 ифтитоҳ намуд.

Муносибатҳои Тоҷикистону Ҳиндустонро зиёда аз 50 ҳуҷҷати дуҷонибаи байнидавлатӣ ба танзим овардааст. Тибқи созишномаҳои тарафайн мутахассисони тоҷик аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон  барои баланд бардоштани савияи дониш ба курсҳои ихтисосӣ дар чаҳорчӯбаи барномаи омӯзишии ҳамкориҳои иқтисодӣ (ITEC) ва Шӯрои муносибатҳои фарҳангии Ҳиндустон (ICCR) даъват мегарданд, ки заминаи хубест барои тавсеа ва ҳамкории судманд баҳри  ҳар ду кишвари дӯст ва шарик. Ҳиндустон аз ҷумлаи давлатҳои бузурги ҷаҳон ба шумор меравад, ки баҳри рушди маънавӣ, ғанӣ гардидани ганҷинаи тамаддуни башарият хизмати шоёну арзанда кардааст.

Маҳатма Гандӣ  чун як шахсияти машҳур ва бузурги ҷаҳон дар тӯли ҳаёташ ва ҳам пас аз маргаш ба туфайли асарҳои навиштааш ба сиёсатмадорони муосир таъсири мусбат расонд, ки асар ва натиҷаи ҳамаи он дар эҷоди фалсафаи “Мубориза бидуни зӯроварӣ» чун раванди дипломатӣ байни башар боқӣ монд ва метавон онро барои коҳиши муноқишаҳо истифода кард ва хушунату кинаро аз миёни инсонҳо  раҳо сохт, то ҳама зери сояи озодӣ, ободӣ ва оромӣ умр ба сар баранд.

 

Мирсаид РАҲМОНОВ,

ходими илмии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш