Нашрияи Омӯзгор

Дар дуроҳа

Сана: 2020-10-15        Дида шуд: 113        Шарҳ: 0

 

Аз иншо баҳои аъло гирифтам. Мавзӯъ “Ман чӣ гуна дарс тайёр мекунам?” буд. Модарам маслиҳат дод, ки гапи хонаро ба бозор набарорам, айб мешавад, яъне “сари кафида-зери тоқӣ”. Вагарна ба ҳоламон механданд. Хонаи мо дорои се ҳуҷра аст: ҳуҷраи хоб, ҳуҷрачаи хӯрокхӯрӣ ва хоначаи хурдакак барои падарам, ки аз китобу дафтарҳо пур мебошад, ҳатто миз намегунҷад. (Падарам дар фарш мешинаду китобҳоро болои ҳам гузошта, гӯё миз месозад ва дар рӯйи он мисолу масъалаҳо ҳал мекунад). Ӯ дар мактаб аз риёзӣ дарс медиҳад. Мо ҳам дар хоначаи хӯрокхӯрӣ нишаста ё дароз кашида, супоришҳои омӯзгоронро тайёр мекунем. Агар меҳмон ояд, хонаи хобамон ҳамчун меҳмонхона хизмат мекунад. Воқеан, модарам тангаҳои ҷамъовардаашро ба ман дода мефармояд, ки ним кило гӯшт биёрам ё худ ба хонаи ҳамсояю шинос медавонад, зудтар як пораяк гӯштро қарз пурсам, то ки меҳмон нахандад. Мухтасари иншоямро меорам: “Дар ошёнаи якуми иморати ҳавлиямон ошхона, меҳмонхона ва анҷомхона ҷой гирифтааст. Пас аз тановули хӯроки нисфирӯзӣ, яъне хӯрдани хомшӯрбои гӯшташ ҳил-ҳил пухтагӣ ва палави якбаяк ба ошёнаи дуюми хонаамон мебароям. Аз панҷ ҳуҷраи ин ҷо сетоаш аз они ман аст. Дар якеаш нармкурсиву мизи зебо гузошта шудааст. Дар ин ҷо ба дарси оянда омодагӣ мегирам. Рафи пуропури китоби ҷевони ялаққосӣ ҳам аз они мананд. Дар ҳуҷраи дигар компютер ва планшет гузошта шудааст, ки маро аз хабарҳои ҷаҳон огоҳ месозанд ва амали барномасозиямро такмил медиҳанд. Ҳуҷраи сеюм аз мизи саққобозӣ ва аз ҳар гуна асбоби варзишӣ пур аст. Вақте аз ҳама корҳо фориғ ё худ дилгир шудам, ба назди ҳавзи шишагии пуроб меояму шиноварии моҳичаҳои гуногунро тамошо мекунам ва хеле болидарӯҳ мешавам”.

Бовар кунед, ман ин ҳамаро набофтаам. Дар асл ҳамин хел буд. Фарқ дар он ҷост, ки ман хонаи Хушнудиноро тасвир кардам, яъне дар образи Хушнуд даромада, даме бошад ҳам, модарамро хушнуд кардам.    

Ман бо Хушнуд ҳамсинф, аммо ӯ дар синфи 8-уми мактаби бачагони болаёқати маркази ноҳия таҳсил мекунад, фақат рӯзҳои якшанбе ба хонааш меояд. Ду сол мешавад, ки ба хонаи якдигар равуо надорем. Солҳои пеш ҳавлиҳоямон на девор дошт ва на дарвоза, фақат гирди замини ҳавлӣ симтӯр кашида шуда буд. Акнун давродаври ҳавливу хонаҳои Хушнудино бо хиштдевори баланди бетонӣ иҳота гирифта шудааст. Дарвозаи оҳанини воҳиманокашон ҳамавақт маҳкам аст. Рӯзи якшанбе ӯ маро ба хонаашон таклиф кард. Бо дидани рӯйи ҳавлияшон ҳангу манг шудам: аз даҳони муҷассамаҳои ҳархелаи моҳӣ об бо ҳафтранги аҷоиб фаввора зада касро мафтун мекунад. Кино барин. Вориди бинои муҳташами сеошёна шудем. Баъд аз сарфи таоми 1-уму 2-юму 3-юм ва нӯшидани шарбати мевагии сурху сабзу зарду бунафш, ман дар нармкурсии ҳамсинфам нишаста, мисолу масъалаҳои ӯро бе душворӣ ҳал карда додам. Шикам аз хӯроки серғизо сер бошад, калла нағз кор мекардааст!

Падари Хушнуд низ муаллим буду бо падарам дар мактаби деҳаамон кор мекард, чор сол мешавад, ки ба кори дигар гузаштааст. Ӯро ҳозир “коммерсант” мегӯянд, ки ман ба маънии он сарфаҳм намеравам. Падарам маро риёзидон, яъне математик карданист. Худам ҳам математикаро бисёр дӯст медорам. Чун аз уҳдаи ҳалли ягон муодила бароям, ба мисли падарам бонг зада сурудхонӣ мекунам. Аммо модарам, ки ҳамеша аз даҳонаш калимаи “шукр” канда нест, маслиҳатомез мегӯяд: “Бачаҷон, дар баробари қиматҳои “икс”-у “игрек”-и китоб “икс”-у “игрек”-и зиндагиро ҳам ёфтан даркор. Шукр, муаллим будани падарат кофист. Домани андешаро фарох гир. Иншоятро ба хотир биёр, онро ба ҳақиқат табдил додан ҳам ҳунар аст. Агар муаммоҳои зиндагиро ҳал кунем, хонаву дарамон ба мисли манзили дигарон зебо мешавад”.

Ман ҳозир дар дуроҳа қарор дорам. Аз як тараф, ададу қимату муодилаву ифодаҳои гуногун маро ба ҷонибашон даъват мекунанд, аз тарафи дигар, муаммоҳои печдарпечи зиндагӣ. Чӣ кор кунам? Шумо чӣ маслиҳат медиҳед?

 

Ҳакималӣ Назаралӣ, шаҳри Ҳисор   


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш