Нашрияи Омӯзгор

Маҳбубияти як асар

Сана: 2020-10-15        Дида шуд: 103        Шарҳ: 0

 

Соли 1958 дар рафҳои мағозаҳои китобфурӯшӣ асаре бо номи «Дар ҷустуҷӯи Карим Девона» (муаллиф Ҳабибулло Назаров) пайдо гардид, ки он дар муддати кӯтоҳе ба фурӯш рафт.

Ин китоб натиҷаи ҷустуҷӯ ва заҳматҳои чандинсолаи Ҳабибулло Назаров дар бораи шоири мардумӣ Карим Девона ба шумор мерафт. Чаро асар «Дар ҷустуҷӯи Карим Девона» номида шудааст? Аз мутолиаи китоби мазкур хонанда ба хулосае меояд, ки шоир девона нест, балки аз рӯйи зарурат, муҳтоҷию бенавоӣ ва ба мақсади аз азобу ҷабри амалдорон осуда будан ин тахаллусро ба худ гирифтааст. Карим Девона дар яке аз шеърҳояш мегӯяд:

…Номамро Абдукарим бигзоштаанд

Лек аз дасти замона мекунам девонагӣ…

Ё дар шеъри дигари худ таъкид мекунад:

Номам Карим Девона шуд,

Бахти бадам ҳамхона шуд.

Ҷову макон монанди ҷуғз,

Дар ҳар ҷару вайрона шуд.

Нависанда Ҳабибулло Назиров, ки солиёни зиёде вазири адлия ва раиси Суди Олии Тоҷикистон буд, бо иҷрои супорише ба шаҳри Қӯрғонтеппа меояд ва бо фурӯшандаи мағозаи деҳаи Хумдон, амаки Ғуломқодир ҳамсуҳбат мегардад.

Дар он суҳбат, ки одамони зиёде иштирок доштанд, аз Ғуломқодир-амак илтимос менамояд, ки суруд хонад ва ӯ ҳам ин илтимосро рад накарда, дар радифи шеърҳои шоирони маълуму машҳур, шеърҳоеро низ қироат мекунад, ки ба меҳмонон ва махсусан, Ҳабибулло Назаров писанд меояд.

Ин шеърҳо ба шоири халқ Карим Девона тааллуқ доштанд. Ҳ.Назаров солҳои зиёде аз пайи дарёфт ва ба мардум расондани шеърҳои Карим Девона мешавад. Вай мефаҳмад, ки дар водии Ҳисору ноҳияи Даҳанакиик (ҳозира Хуросон) ва дар дигар манотиқи ҷумҳурӣ аз шоири мардумӣ ва шеърҳои ӯ огаҳӣ доранд. Ҳабибулло Назаров барои дарёфти шеърҳои шоири халқ пиёдаву савора қисме   аз деҳу шаҳрҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро тай намуда, маводи зиёде ҷамъ меоварад. Вай аз рӯйи маводи ҷамъовардааш асари тадқиқотӣ - илмии «Дар ҷустуҷӯи Карим Девона»-ро навишт, ки онро соли 1958 нашриёти давлатии Тоҷикистон чоп менамояд, ки он зуд ба фурӯш меравад. Ин асар дар як муддати кӯтоҳ ба забонҳои русӣ, ӯзбекӣ ва ғайра ба чоп мерасад.

Бояд зикр кард, ки баёни содаву ҷаззоби нависанда Ҳабибулло Назаров диққати хонандаро зуд ба худ ҷалб мекунад. Хонанда талош менамояд, ки ин асарро то охир мутолиа кунад. Ҳабибулло Назаров ба шоирӣ ҳам машғул буда, маҷмӯаи ашъораш низ нашр шуда буд. Акнун вайро дар ҷумҳурӣ на танҳо чун корманди давлатӣ (вазири адлия, раиси Суди Олии Тоҷикистон), балки ба ҳайси шоиру нависандаю олим мешинохтанд. Барои асари илмию тадқиқотии «Дар ҷустуҷӯи Карим Девона» Шӯрои илмии Институти халқҳои Осиёи Академияи фанҳои ИҶШС ба Ҳабибулло Назаров унвони номзади илмҳои филологиро лоиқ медонад.

Шарифи Мирзоҳотам,

собиқадори маориф, ноҳияи Хуросон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш