Нашрияи Омӯзгор

Муҳити худро бояд омӯхт

Сана: 2020-10-08        Дида шуд: 13        Шарҳ: 0

 

Тавассути воситаҳои ахбори омма ва ҳангоми иштирок дар курсҳои такмили ихтисос аксар омӯзгорони география иддао мекунанд, ки китобу дастур, роҳнамо ва дигар воситаҳои таълимӣ вобаста ба ин фан хеле  кам аст. Шояд ҳамин тавр ҳам бошад, вале ин ба тарбияи дурусти шогирдон  набояд монеа гардад. Фикр мекунам, ҳамааш ба худи омӯзгор вобастагии  калон дорад. Агар омӯзгор хоҳад, бо истифода аз  таҷриба, имконият ва пеш аз ҳама, бо  завқу шавқ ва дилбастагии зиёд донистани ин фанро  ба шогирдон талқин менамояд.

Дар баробари он ки ба бачаҳо тибқи барномаи муқарраргардида мавзӯъҳои  тавсияшударо меомӯзонем, бояд кӯшиш намоем, ки ҳар як дарси мо дар хотири онҳо муддати мадид нақш гузорад. Ба ин хотир аз ҳар як хонанда тақозо кардан даркор, ки ҳатман дафтари ин фанро ташкил намуда, дар ҳар машғулият оид ба мавзӯъҳо баъзе истилоҳу мафҳумҳои географиро қайд намоянд. Барои иҷрои супориши вазифаи хонагӣ хонандагон дар баробари пайдо кардани ҷавоби саволҳои пешниҳодгардида аз тарафи омӯзгор  аз китобу луғатҳои соҳавӣ (аз интернет) низ метавонанд истифода баранд. Зеро ин амал  ҳам вақтро сарфа менамояд ва дар баробари ин, зимни истифода ба чанд мафҳуми дигар низ вобаста ба мавзӯъ ҷавоб ёфтан мумкин аст.

Омӯзгори географияро лозим аст, ки пеш аз ҳама, оид ба 68 шаҳру ноҳияи ҷумҳуриамон маълумоти кофӣ дошта бошад, релефи он, мутааллиқ будани кадом дарёву ҷангалзорҳоро ба ин ё он шаҳру ноҳияҳо донад, маконҳои сайру саёҳати ин минтақаҳоро муайян намуда, ба бачаҳо аз рӯйи харитаи географӣ фаҳмонад. Яъне, коре кардан даркор, ки завқи бачаро ба фанни география бедор намуда, онҳоро барои дӯст доштани табиати кишвар раҳнамун гардонад.

Роҳи дигари ҷалби хонандагон ба фанни география ташкил  кардани сайру саёҳат ба атрофи  маҳал, ҷойҳои таърихӣ ва монанди инҳо мебошад. Бешубҳа, ҳамаи ин ба завқу шавқ, хоҳиш ва ташаббускории омӯзгор вобастагии зич дорад.

Маълум, ки география  бо   фанни экология робитаи доимӣ  дорад. Аз ин рӯ, таълими проблемаҳои экология дар алоқамандӣ бо география, яъне ба мавзеъҳои муҳити зист, омӯзиши кишваршиносӣ ва алоқамандии мавзӯи дарс ба муҳити маҳал бояд сурат гирад. Ман дар машғулиятҳо ҳамин ҳолатро ҳамеша ба назар мегирам. Ба хонандагон ҳангоми таълими география дар бораи география, экология маълумот дода ҳаракат мекунам, ки зиёд шудани меҳру муҳаббати онҳоро бо табиат ва муҳити зист, шавқу ҳаваси онҳоро ба маҳалли зисти худ мушоҳида намоям. Ҳоло барои муҳофизати олами атроф, ки ба география ва экология сахт марбут аст, тадбирҳои зиёде андешида мешаванд. Зиёд кардани бешазорҳо, шинондани дарахтони мевадиҳанда, афзудани мамнуъгоҳҳо аз ҷумлаи ҳамин тадбирҳоянд. Ба хонандагон  таъкид менамоям, ки бояд ба шинондани дарахтони ҳархела  машғул шаванд, ҳамеша дар ҳифзи муҳити зист ҳиссагузор бошанд.              

Роҳила  ҚАНДАҲОРОВА,

омӯзгори географияи коллеҷи тиббии  шаҳри Бохтар


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш