Нашрияи Омӯзгор

Ҳадяи фасли дай

Сана: 2020-10-08        Дида шуд: 7        Шарҳ: 0

 

 

Ҷасорат-ними муваффақият 

Муаллима тамоми шаб мижа таҳ накард, барои синфи 9-ум нақшаи тавзеҳии дарси забон ва адабиёти тоҷикро навишт, васоити аёнии таълимӣ тартиб дод, дафтари иншои хонандагони синфи 10-умро тафтиш намуд. Ҳангоми тафтиши дафтарҳо гоҳо мешукуфту гоҳи дигар мушаввашхотир ба дарёи андеша ғарқ мешуд. Аммо боз ҳам табассум бар лабонаш медамад, ба ҳар ҳол, байни шогирдонаш хонандагони эҷодкор афзун гардидаанд. Иншоҳояшон аз иншоҳои пешин куллан фарқ мекунад. Пас, эродҳои муаллима баъди баҳогузорӣ ба иншои нахустинашон беасар намондааст. Охир, ӯ ба хотири мафҳуми тозае гуфтан ба онон пайваста ҳарфи нав меомӯзонад. Кӯшиш мекунад, то ҳар як соати дарсияш аз якдигар фарқ кунад ва дар хотири шогирдонаш нақш бандад.

Шеди субҳ оҳиста-оҳиста даричаи худ боз менамуд. Аҳли хонавода дар хоби ноз буданд. Муаллима лавозими таълимӣ ба ҷузвдон гузошта, ба берун баромад. Аз ҳавои серуни субҳгоҳӣ чуқур нафас гирифту чашм ба осмон дӯхт. Имрӯз ният дорад, то чанде аз шогирдонашро ба маркази ноҳия, барои иштирок дар озмуни «Фарзонахонӣ» роҳбаладӣ намояд. Ин субҳ низ чун одат атрофашро толибилмонаш иҳота намуданд. Ба онҳо таъкид кард, ки ҳангоми қироати ғазал гуфтаҳои ӯро аз ёд набаранд, боҷасорату қавидил ба саҳна бароянд. Зеро ҷасорат ними муваффақият аст.

Орзу дошт…  

Ҳар фасли сол махсусиятҳои худро дорад. Баробари гулу гиёҳи баҳорӣ, меваҳои шаҳдбори фасли тамузу поиз дар фасли дай ҷӯёи барфи нуқратобем. Дар фасли дайи соли 1968 қаҳрамони қиссаи мо Гулнора Мадалиева ба дунё омад. Тавлиди ӯ барои наздикону пайвандон баҳорро мемонд дар фасли сармо. Духтаре аз дили фасли сард, пас аз бузург шудану пешаи омӯзгориро пеш гирифтанаш ба қалби садҳо шогирдаш тавассути илму маърифат нуру сафо ва гармию зиё мебахшид. Ҳамчунин, Гулнора орзу дошт, ки баъди хатми донишгоҳ дар магистратура таҳсил намояд. Вале орзуҳои духтарони деҳот на ҳама вақт амалӣ мешуданд. Ба мактаби рақами 7-и деҳаи Бободархони ноҳияи Ашт ба ҳайси омӯзгор ба кор пардохт ва то зинаи сарварӣ расид. Ба хотири амалишавии орзуяш пайваста заҳмат мекашид. Чун дарк намуда буд, ки заҳмати содиқона метавонад боиси амалишавии орзуи ҳар як инсон гардад.  

Хӯшае аз хирвор

Он рӯз шогирдаш Шамсия Мадалиева дар даври ноҳиявии озмуни «Фарзонахонӣ» ғолиб омад. Байни 74 муассисаи таълимии ноҳия ғолибияти ин духтараки кӯҳистонӣ кори саҳл набуд. Муаллима аз он меболид, ки заҳматҳояш зоеъ нарафтанд. Рӯзҳое буданд, ки худ рӯйи бистари беморӣ мехобид, вале шогирдро наздаш мехонд ва аз ғазалҳои устод Фарзона мепурсид. Сари ҳар мисраи он изҳори назар менамуд. Таъкид мекард, ки шеърро на танҳо қироат кард, балки бо шеър гап бояд зад. 

Ба хотири он ки насли наврас ҳамеша пешгому собитқадам бошад, муаллима борҳо бо гурӯҳи толибилмони фаъолаш барои иштирок дар озмунҳо ба ҳар гӯшаи Ватан қадам ниҳодааст. Ӯ дӯст медорад онеро, ки берун аз дарс ба мутолиаи китобҳои бадеӣ машғул мешавад.

Тӯли даҳ соли охир даҳ маротиба дар озмуни «Иншои беҳтарин» дар сатҳи ноҳияву вилоят ғолиб омадани шогирдонаш ӯ Моҳрӯ Қурбонзода, Фарангис Мадалиева, Фарзона Эркабоева, Рафоат Асророва, Моҳрӯза Тошпӯлотова, Дилноза Пӯлотова далели ранҷҳои афзуни ӯст. Чанде аз онҳо дар озмуни Академияи хурди илмҳо иштирок намуда, соҳиби ҷойи аввал ва узви ҳақиқии Академияи хурди илмҳо гардидаанд. Солиёне чанд вакилии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Аштро аз ҳавзаи интихоботии №8-и деҳаи Бободархон бар уҳда дошт. Гулнора Мадалиева барои хидматҳои мондагораш бо  нишони «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» қадрдонӣ гардидааст.

Шоҳҷоиза-насиби Моҳрӯ

Дӯзандагӣ, бофандагӣ, пазандагӣ, гулдӯзӣ аз қабили он ҳунарҳое ҳастанд, ки Гулнора Мадалиева фориғ аз кори таълиму тарбия ба он машғул мешавад. Дар хона беш аз 20 навъи гулро парвариш менамояд. Барои кӯдакон, баҳри набераякони ширинаш шеъру афсона мегӯяд. Духтаронаш Гулрӯву Моҳрӯ ва арӯсаш Гулафрӯзро талқин ба омӯзиши ҳунар менамояд. Ҳамсараш соҳибкори босахои деҳа Қурбон Ҳоҷиевро писарашон Носирҷон ёвару мададгор аст.

Воқеан, Моҳрӯяш соли сипаришуда ғолиби даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» гардид. Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ ба ғолиб Шоҳҷоизаи озмун, Сипоснома ва мукофотпулиро дар ҳаҷми 15 ҳазор сомонӣ  тақдим намуд.  Он лаҳза доктори илмҳои филологӣ Матлубаи Мирзоюнус чунин гуфта буд: «Шоҳҷоизаро ба модарон бояд дод. Бахусус, ба модари омӯзгор дар мисоли Гулнора Мадалиева, ки баробари фарзанд ба озмун омода шуда буд».

Орзуи модарро фарзанд ҷомаи амал пӯшонид. Баъди ба магистратураи ДДХ ба номи академик Б.Fафуров дохил шудани Моҳрӯ ашки шодии муаллима беист мерехт.

Ӯ ҳамоно аз таълиму тарбияи насли наврас дар канор намондааст. Субҳи содиқ нахуст як-як симои шогирдонашро пеши назар меоварад. Мекӯшад, то ҳамеша сӯйи мактаб бишитобад. Вориди синфхона гардаду  шогирдонашро модарона як-як ба оғӯш бигирад. Сипас, байни мизу курсиҳо қадамзанон аз осори суханварон ифоданок ғазал қироат кунад ва чашм ба дидаҳои шарарбори шогирдонаш дӯзад.

 

Фарангис МАМАДҶОНОВА,

ноҳияи Ашт


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш