Нашрияи Омӯзгор

Ассалом, эй аслу эй бунёди ман!

Сана: 2020-10-08        Дида шуд: 6        Шарҳ: 0

 

Хуш он шеъре,

Ки вақти хонданаш

Бо қомати болои дил,

Бо ҳиммати волои дил,

Бо фахри беҳамтои дил

Аз ҷой бархезад тамоми халқ!

Ин шеърро дар 70-солагияш муаллифи Суруди миллӣ, устод Гулназар Келдӣ гуфта буд, ки барҳақ, худ сазовори ин гуфтаҳост. Устод Гулназар шоирест ҷовидон, чун хурду бузург Суруди миллиро аз ёд медонанду ба эҳтиромаш аз ҷой бармехезанд.Чӣ шоири тавонову хушбахте буд, ки ҳар рӯз дар мактабу боғчаву маҳфилу ҷаласаҳо Суруди миллии эҷодкардааш садо медод. Мо - устодони мактабҳо низ дарсро бо сурудани Суруди миллӣ ҳамроҳи шогирдон оғоз мекунем.

Ашъори устод Гулназар дар ҳама маҳфилҳои мактабӣ аз ҷониби шогирдони мо садо медиҳад, зеро ӯ чун шоири воқеӣ ва ватандӯст ҳамеша дар ғаму шодии ҳамватанонаш ҳамроҳ буду шеъри дарду шодӣ эҷод мекард.

Аз Тоҷикистони хеш меболид, мефахрид, ки чунин зебоватан дорад;

Ман фахр кунам, ки Тоҷикистон дорам,

Имон дорам, ба ҷойи ҷон ҷон дорам.

Соҳибватанам, ба ҳар канори олам

Олам - олам ёри бапаймон дорам.

Устод Гулназар ҳар шеъре, ки мегуфт, пур аз самимият ва садоқат буд, ҳар шеъраш ба хонанда таъсири хуб мегузошт ва ӯро ба андеша водор менамуд. Ӯ дар шеърҳояш насли наврасро ба ҳушмандиву заковату фитрат ҳидоят мекард. Ватанро баробари ҷонаш дӯст медошт ва вассофи ҳамешагиаш буд:

Ассалом, эй аслу эй бунёди ман,

Ассалом, эй хонаи аҷдоди ман.

Гар замоне дур афтодам зи ту,

Дур н-афтодӣ даме аз ёди ман.

Шукри номат, эй Ватан, сад шукри ту,

Маънии ҳастии ман, сад шукри ту.

Парвози шеъри устод Гулназар бештар ба самти ватандориву меҳру муҳаббат ва Истиқлолу Ваҳдат мебошад.Ӯ шоири огоҳ аз таъриху фарҳанги халқи куҳанбунёди хеш буд ва кӯшиш мекард, ки ҷавҳари андеша ва ақидаву афкори мардумашро дар шеър таҷассум намояд ва ҳамеша такя бар арзишҳои бузурги ниёкони хештан дошт:

Бар кишвари ман шони ҷаҳонӣ зебад,

Иқболи баланди ҷовидонӣ зебад.

Бар қомати ӯ, гарчи куҳанбунёд аст,

Пироҳани сабзи навҷавонӣ зебад.

Устод Гулназар бо осори гаронбаҳояш дар шеъру адаби тоҷик ҷойи муносиберо ишғол намудааст ва дар ҳама шаклҳои шеърӣ шеъру тарона сурудааст. Бахусус, ғазалҳояш хеле зебову хонданианд, зеро ғазали ӯ аз андеша ва ишқу муҳаббат иморат шудааст:

Худамро не, шуморо дӯст медорам,

Тиҳиҷонам қаборо дӯст медорам.

Дилам дил баст охир бар сиёҳӣ, бас,

Ки ман чашми сиёро дӯст медорам.

Оре, устод Гулназар барои мо, устодони мактаб ва шогирдонамон, ҳамеша маҳбуб буд ва чунин хоҳад монд.

 

Зулола ЗИЁДУЛЛОЕВА,

муовини директори мактаби №3-и

ноҳияи Фирдавсӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш