Нашрияи Омӯзгор

Адабистони нур

Сана: 2020-10-08        Дида шуд: 8        Шарҳ: 0

 

Шумораи навбатии нашрияи ташкилоти ҷамъиятии «Маркази омӯзиш, таҳқиқ, тарҷума ва нашри адабиёти ҷаҳон» - маҷаллаи «Адаб» дар соли ҷорӣ (№3(55), 2020) бо фарогирии маводи пурарзиши хонданӣ ва ороиши ҷолиб ба нашр расид. Зери рубрикаи нахустини маҷалла «Аз Рӯдакӣ то имрӯз» ба муносибати Рӯзи Рӯдакӣ мақолаҳои муҳаққиқон Муҳаммадҷони Шодӣ «Ҳикмат аз Рӯдакӣ бояд омӯхт» ва Гулпарӣ Шарифова «Тамсил дар ашъори устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ» мунташир шудаанд. Дар бахши «Машриқу Мағриб» нигоштаҳои профессори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Ҳасан Муродиён «Тавсифи Олҷас Сулаймонов ва аспи қазоқӣ дар ашъори Муъмин Қаноат ва Гулназар Келдӣ» ва донишманди маъруф Маҳдӣ Муҳаққиқ «Китобе дар одоби устодӣ ва донишҷӯӣ» пешкаши ихлосмандони бахши робитаҳои адабӣ ва пайванди тамаддунҳо гардидаанд.

Бахши аъзами маводи ин шумораро муколамаи нависанда ва рӯзноманигори шинохта, барандаи Ҷоизаи ба номи Айнӣ Мирзо Шукурзода бо Нависандаи халқии Тоҷикистон Сорбон пури Ҳамроҳ ташкил медиҳад. Ин муколамаи пурмуҳтаво «Аз душмани дӯстнамо ва дӯсти душманқабо парҳез бояд кард» унвон дошта, ба бисёр паҳлуҳои шахсият, зиндагинома, осор ва афкори адиби маъруфи тоҷик, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Сорбон пури Ҳамроҳ рӯшанӣ меандозад.

Маҷаллаи «Адаб» тасмим гирифтааст, ки дар ҳар шумора роҷеъ ба тарҷумонҳои ҳамзамони мо ба хонандагон маълумот диҳад. Мақолаи адабиётшинос Шодӣ Шокирзода «Шуҷоат ва садоқат ва ё чаҳор китоби як мутарҷим» талошҳои пурвусъати мутарҷими хушзавқ Абдуғаффор Қурбоновро дар ҷодаи тарҷумаи осори адибони кишвари тулӯи офтоб – Ҷопон ба забони тоҷикӣ мавриди арзишдоварӣ қарор додааст.

Дар бахши «Аз ганҷинаи адабиёти ҷаҳон» ҳикояҳои адиби ҷопонӣ Тэтсуо Миура «Туфангча» ва нависандаи амрикоӣ Шервуд Андерсон «Мехоҳам бидонам чаро?» ва нақде бар ҳикояи охир, ки ба қалами донишмандони амрикоӣ Роберт Пенн Уоррен, Клинт Брукс мутааллиқ аст, чоп шудаанд. Зери рубрикаи «Ҷаҳони андеша» порае аз ҳикматномаи адиби Амрикои лотинӣ Антонио Поркя «Хуршед ҳама ҷо медурахшад» ва дар бахши ниҳоии маҷалла «Роҳнамои хирад» манзумаи шоири куҳансоли ваҳдатсарои тоҷик Усмон Олим «Акоша» ба нашр расидаанд. Бовар дорем, ки ин шумораи «Адаб» низ чун шумораҳои пешин аз ҷониби ихлосмандон ба хубӣ истиқбол мешавад.

О. Насруддин,

«Омӯзгор» 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш