Нашрияи Омӯзгор

Меҳнатқарин буд устод

Сана: 2020-10-08        Дида шуд: 8        Шарҳ: 0

 

Соли 2012 устоди зиндаёд Маҳмудхон Убайдов навиштаи худро дар хусуси методикаи таълими фанни география ва норасоию камбудиҳои барномаю китобҳои дарсӣ ба дастам дода, хоҳиш кард, ки онро хонаму таҳрир кунам, сипас, дар нашрияи «Омӯзгор» ба чоп расонам. Гуфтам, ки шумо устод ҳастед, шурӯъ аз синфи панҷ то ҳашт маро аз география сабақ омӯзондаед, чӣ тавр мешавад, ки навиштаатонро қалам занам?

-Ҳеҷ ҷойи тааҷҷуб надорад ин кор,-бо лабханди ҳамешагии худ изҳор дошт устод ва афзуд, ки шояд дар истифодаи ину он калимаю таркиб ва умуман, қоидаҳои забон саҳву ғалатҳо роҳ ёфта бошад дар мақола.

Хиҷолатзада мақоларо бо худ гирифтам. Дар хона бафурҷа хондам, илло ду-се ғалати ҷузъӣ камбудии дигари забонӣ наёфтам. Мақола дар нашрияи «Омӯзгор» чоп шуду чеҳраи устод аз фурӯғи саодат афрӯхта гардида. Медонистам, ки устод донишу фаҳмиши баланд ва ҷаҳонбинии фарох ва перомуни масоилу мавзӯъҳои география андешаҳои хоси худро дорад. Боре мулоҳизаю пешниҳодҳояшро оид ба беҳтар гардидани таълими фанни география ва сифати китобҳои дарсии ин фан иброз намуда, гуфт, ки бисёр мехоҳад барномаҳои таълимӣ бо китобҳои дарсӣ мувофиқат кунад. Аз устод хостам, то перомуни ҳамин масъала  мақолае нависам ва дар зимн, фаъолияти омӯзгорияшро дар солҳои гуногун рақамзанӣ намоям. Дар оғоз  таклифамро рад кард ва чун пофишорӣ кардам, чорае ҷуз розӣ шудан наёфт. Ин мақола пурмуҳтаво, муфассалу доманадор ва фарогири андешаҳои омӯзгоре буд, ки аз нозукию ҷузъиёти таълими фанни география, мушкилоти тадриси мавзӯъҳои дарсӣ амиқан огаҳӣ дошта, барои беҳбудии сифати таълими фанни мазкур дилсӯзона талош меварзид.  Ингуна мақолаҳои муаллими соҳиблаёқат ва ҷӯяндаю заҳматкаш, устод Мамудхон Убайдов дар саҳифаҳои ҳафтаномаи «Омӯзгор» мунтазам чоп мешуданд. 

Талошманду кӯшо ва меҳнатқарин буд устод. Ҳамин талошу такопӯҳо водораш карданд, ки тавъам бо фаъолияти омӯзгорӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №51-и  ноҳияи Рӯдакӣ, кори илмиро дар Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ идома бидиҳад. Чанде дар пажӯҳишгоҳ фаъолият карда, пасон пурра барои ба роҳ мондани таҳқиқоти илмӣ ҳаёти худро ба ин муассисаи илмӣ пайваст. Устод ҳамеша дар талаби илм мекӯшиду дар боби истифодаи саволномаҳои тестӣ аз география, роҳандозии муносибати босалоҳият дар таълими фанҳои география ва биология, роҳҳои беҳтар кардани сифати таълими фанҳои мазкур ва амсоли инҳо дастуру китобҳо таълиф мекард ва ин таълифот аз ҷониби омӯзгорони шаҳру навоҳӣ хеле хуб пазируфта мешуд. Чанде қабл аз беморияш, ҳамроҳ ба шаҳр, ба кор меомадем. Вай бо лабханди ҳамешагӣ пайғом дод, ки рисолаи номзадияш омода гардидаасту дар арафаи ҳимоя қарор дорад. Табрикаш намудам ва гуфтам, ки саъйю талош ва ранҷҳоятон самараи нек дода. Ростӣ, ман низ чун шогирди дерини устод фирӯзу шодмон будам. Аммо дареғу ҳайҳот, ки фалак гашти дигар карду дили моро маҳзуну шикаста сохт. Марги ногаҳонӣ дарахти сабзи орзуҳои устодро бераҳмона решакан кард. Ин олами зеборо дар 67-солагӣ  падруд гуфт. Афсӯс! Хотираи неку дурахшони устод ба таври абадӣ  дар дили дӯстону ҳамкорон зинда  хоҳад монд.

Ш.Раҷабзод,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш